ВидеоНомаҳо ба президентТоҷикистон

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ШАҲРУ НОҲИЯҲОИ ҶУМҲУРӢ 37 МОШИН ТУҲФА КАРДААСТ

Шаҳрдории пойтахти Тоҷикистон бо нашри як иттилоияи кӯтоҳ хабар дод, ки “тибқи қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Душанбе, бо назардошти расидани фасли сармо ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ, аз ҷумла шаҳрҳои Исфара, Панҷакент, Роғун, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Варзоб, Файзобод, Абдураҳмони Ҷомӣ, Носири Хусрав, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 37 адад воситаҳои нақлиёти мусофирбар, боркашонӣ ва техникаҳои коммуналӣ ҳамчун кумаки раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ расонида шуданд”.

Шаҳрдорӣ дар ин бора ҷузъиёти дигар надодааст. Аммо дар байни шаҳру ноҳияҳое, ки кумаки раиси Душанберо гирифтанд, шаҳри Исфара низ ҳаст, ки деҳаҳову ҷамоатҳои бо Қирғизистон ҳаммарзаш дар ҷараёни муноқишаи хунини моҳи сентябри соли ҷорӣ сахт зарар диданд.

Рустами Эмомалӣ, писари калонии президенти Тоҷикистон, ки 34 сол дорад, аз моҳи январи соли 2017, инак қариб 6 сол боз раиси шаҳри Душанбе, пойтахт ва бузургтарин шаҳри ин ҷумҳурист. Ҳамзамон аз соли 2020 ӯ раиси Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии парлумони Тоҷикистон низ ҳаст ва тибқи Қонуни асосӣ, баъди падараш раҳбари дуюми ҷумҳурӣ дониста мешавад. Рустами Эмомалиро вориси эҳтимолии курсии президентии падараш мешуморанд, вале нақшаи интиқоли қудрат аз падар ба писар дар Тоҷикистон, ки заминаи қонуниаш ҳанӯз соли 2016 бо пойин овардани синни ҳадди ақали номзадӣ ба президентӣ аз 35 ба 30 гузошта шуда буд, инак чанд дафъа боз ба сабабҳои гуногун ба қафо андохта мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button