ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДАР ПОЙТАХТ ШАБОНА БО ТАҲДИДИ КОРД ТЕЛЕФОНИ ЯК РАҲГУЗАРРО АЗ ДАСТАШ КАШИДА ГИРИФТААНД

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон рӯзи 27 октябри соли 2022 аз ошкор шудани як ҳодисаи ғоратгарӣ, ки шабона дар пойтахт сурат гирифтааст, хабар дод.

Бино ба ин манбаъ, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ як ҷавони 18-солаи сокини пойтахт, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дуздӣ суд шудааст, ин дафъа бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд.
Худи дастгиршуда барои шарҳи қазия дастрас нест, вале бино ба фарзияи тафтишот, ин ҷавон шаби 22-юми октябри соли 2022, тахминан соати 22:30, дар кӯчаи Мушфиқӣ бо роҳи зӯроварӣ ва бо таҳдиди корд аз дасти як ҷавони 17-солаи сокини шаҳри Душанбе телефони мобилии тамғаи «Редмӣ-9»-ашро, ки арзишаш 1 ҳазору 800 сомониро ташкил медиҳад, гирифта аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Тафсилоти дигари ҳодиса дастрас нест. ВКД гуфт, нисбат ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

Акнун ба ин ҷавон бар асоси қисми дуюми моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои ғоратгарӣ, яъне ошкоро тасарруф кардани молу мулки ғайр бо истифода аз зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи чунин зӯроварӣ ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад.

Кӯчаи Мушфиқӣ ба номи шоири машҳури классик Абдураҳмони Мушфиқӣ гузошта шуда, дар  байни маҳаллаҳои 33-юм ва Яккачинори пойтахт, дар наздикии бинои комиссариати ҳарбии ноҳияи Сино, беморхонаи бемориҳои пӯст ва тарабхонаи “Яккачинор” ҷойгир шудааст.

Вақтҳои охир аз Тоҷикистон дар бораи ҷиноятҳои ғоратгарӣ хабарҳои зиёд ба даст мерасанд. Бино ба омори ВКД, дар нимаи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 65 мавриди ғоратгарӣ сабт шудааст. Соли 2021 дар ҷумҳурӣ 138 ҳодисаи ғоратгарӣ сабт шуда буд.

Дар аксар мавридҳо, ғоратгарон дар кӯча аз дасти раҳгузарон ба сурати ошкоро ва гоҳо бо таҳдиди зӯроварӣ сумкаву ҳамён ваё телефонҳои дасташонро кашида мегиранд. Мавридҳое низ ҳаст, ки ғоратгарон аз даст ё гӯшу гардани занону духтарони раҳгузар ангуштарину дастбанд ё гӯшвору гарданбандҳои тиллоии онҳоро канда гирифта, ба яғмо мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button