ВидеоМуҳоҷиронҶанг дар Украина

АЗ МАҲБАСИ №17 АЗ ҶУМҲУРИИ МОРДОВИЯИ РУСИЯ ДАҲҲО МАҲБУСИ ТОҶИКУ ӮЗБЕКРО БА ҶАНГИ ЗИДДИ УКРАИНА БУРДААНД

Нашрияи “Новая газета.Европа”  исми маҳбусонеро, ки дар поёни моҳи сентябр аз зиндони низомаш сангини №17 дар ҷумҳурии Мордовия ба саффи ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” ҷалб гардида ва ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд, муайян кардааст. Ширкати “Вагнер” ба Евгений Пригожин, як нафари наздик ба президенти Русия Владимир Путин тааллуқ дорад. Бино ба иттилои нашрия, танҳо аз маҳбаси №17 беш аз 100 нафарро ба ҷанги Украина бурдаанд ва нисфи онҳоро шаҳрвандони Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Молдова, Украина ташкил дода, дар байнашон ҳатто шаҳрвандони Мисру Сербистон ҳам будаанд.

“Новая газета.Европа” аз ҷумла номи шаҳрванди Тоҷикистон Шокирбек Саторовро зикр кардааст, ки дар  сомонаи Ҷунбиши муҳоҷирони тоҷики Русия ҳамчун узви ин ҷунбиш нишон дода мешуд. Шокирбек Саторов баъдан бо ҳукми додгоҳи ноҳияи Ногинои вилояти Маскав бо ҷурми қочоқи миқдори бузурги ҳероин ба 8 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси №17 дар Мордовия адои ҳукм мекард. Дар ин бора ки ӯ чӣ гуна ба саффи ширкати ҳарбии “Вагнер” пайваст ва ба ҷанги Украина рафт?, маълумоти аз ин бештар дар даст нест.

“Новая газета.Европа” менависад, қариб ҳамаи маҳбусони хориҷии аз ин маҳбаси Мордовия ба ҷанги Украина ҷалбшуда барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир ба муҳлати аз 7 то 16 сол маҳкум шуда,  дар маҳбаси №17 адои ҳукм мекарданд. Аз ҷумла Бахтиёр Қувандиқов аз Тошканд ва Қуралбек Қӯчқоров аз Қароқалпоқистон барои гузоштани ҳероин дар махфигоҳҳо дар шаҳру вилояти Маскав дастгир шуда, Қӯчқоров, барои мисол, тоза 15 марти соли 2022 маҳкум шуда буд ва дар маҳбаси Мордовия ҳамагӣ ним сол қарор дошт. Зодаи дигари Ӯзбекистон Исломбек Собиров низ моҳи марти соли ҷорӣ маҳкум шуда, ҳамагӣ баъди чанд моҳи адои ҳукмаш ба саффи ширкати “Вагнер” ҷалб шуд ва ба ҷанги Украина рафт.

Азамат Зулунов ва Сардор Зокиров аз Ӯзбекистон соли 2021 низ барои маводи мухаддир дар ин маҳбас будаанд. Ҳамин тавр, зодаи дигари Ӯзбекистон Насимхон Мавлонов барои фурӯши ҳероин  ба 6 соли зиндон ва ҳамватанаш Сарварҷон Мамазиёзод бо ҳукми додгоҳи шаҳри Егоревски вилояти Маскав ба 7 соли зиндон маҳкум шуда буданд.

“Новая газета.Европа” менависад, дар байни маҳбусони ба ҷанги Украина ҷалбшуда одамкушҳо низ ҳастанд. Ному насаби яке аз ҷалбшудагон бо шаҳрванди Русия Юнус Салимов, ки барои куштани одам адои ҳукм мекард, яксон аст. Бино ба маводи парвандааш, Юнус Салимов ва шарикаш худро корманди мақомот муаррифӣ карда,  бо таҳдид бо силоҳи травматикӣ калиди хонаи ҷабрдидаро кашида гирифта, худашро ба ҷангал бурдаанд ва сарашро бо скотч печонда,  зинда ба зинда гӯраш кардаанд.

Ҳамин тавр, бино ба иттилои нашрия, аз маҳбаси №17 нафаре бо номи Юрий Свиридовро ба ҷанги Украина фиристодаанд. Маълумоти ӯ ҳамсони яке аз фармондеҳони милитсияи ба ном “Ҷумҳурии халқии Луҳанск” бо лақаби “Мачете” аст. Свиридов соли 2019 бо ҷурми одамкушӣ ва таҷовуз ба номуси зани ҳомила дар шаҳраки Головкаи Украина ба 13 соли зиндон маҳкум шуда буд. Дар ҳукми додгоҳи Ростов гуфта мешуд, ки Свиридов аз соли 2014 ба ҳайси муовини фрамондеҳи баталйон дар шарқи Украина меҷангид ва як занеи ҳамхидмати худро аз пушти сараш парронда, ҷо ба ҷо куштааст.

“Новаягазета. Европа” дар умум номҳои беш аз 40 хориҷиро, ки ба саффи ширкати ҳарбии “Вагнер” ҷалб ва ба ҷанги зидди Украина фиристода шудаанд, муайян кардааст.

Манобеи нашрия гуфтаанд, маҳбусонро барои рафтан ба ҷанг маҷбур накардаанд, вале “бисёрии онҳо дуруст намедонанд, ки дар Украина чӣ гап аст?”

Қаблан гуфта мешуд, ки ширкати хусусии ҳарбии “Вагнер” бо ваъдаи озодии пеш аз муҳлат аз маҳбасҳои Русия маҳбусонро ба саффи худ ҷалб карда, ба ҷанги Украина фиристода истодааст.

Мақомоти Ӯзбекистону Тоҷикистон қаблан шаҳрвандони худро аз иштирок дар ҷангҳои хориҷӣ ҳушдор дода буданд. Дар қонунгузории  Тоҷикистон барои чунин амал ҳамчун ҷазо то 20 соли зиндон пешбинӣ шудааст.

Шакли пурраи ин матлабро инҷо ба забони русӣ бихонед:

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button