ВидеоҶомеа

ВАЗОРАТИ МУДОФИА: НАҚШАИ ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ АЛАКАЙ 62 ФОИЗ ИҶРО ШУДААСТ

Маркази матбуоти вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар 20 рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ, нақшаи даъват алакай 62 фоиз иҷро шудааст.   Барои муқоиса, дар 20 рӯзи аввали даъвати баҳорӣ нақшаи даъват ҳамагӣ 50 фоиз иҷро шуда буд.

“Дар давоми 20 рӯзи ҷараёни ин маъракаи муҳими сиёсӣ комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бошад, иҷрои нақшаро ба 70 фоиз баробар намудаанд. Бо ҳамин тартиб даъвату гусели сарбозони ояндаи Ватан дар шаҳри Душанбе 67 фоиз,  дар вилояти Хатлон 63 ва дар вилояти Суғд бошад он 50 фоизро ташкил медиҳад. Умуман, аз санаи 1 то 20-уми октябри соли 2022 дар маҷмӯъ зиёда аз 20 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аллакай нақшаи даъвати ҷавонписаронро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 фоиз иҷро намудаанд”, гуфта мешавад дар иттилоияи вазорати мудофиа.

Вазорат шаҳру ноҳияҳоеро, ки нақшаи даъватро иҷро кардаанд, ин дафъа ном ба ном зикр накардааст. Қаблан гузориш шуда буд, ки шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва 5 ноҳияи водии Рашт алакай дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ: 1 октябри соли 2022 аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд. Баъди даҳаи аввал дар бораи иҷрои нақша дар шаҳри Ҳисор ва  ноҳияҳои Данғараву Вахш аз вилояти Хатлон хабар омада буд.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот бар ин боваранд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button