ВарзишВидео

САМАНДАР МУРОДОВ РАҚИБАШ АЗ БРАЗИЛИЯРО ШИКАСТ ДОД ВА СОҲИБИ РОҲХАТ БА UFC ШУД (ВИДЕО)

Размандаи ҷавону ояндадори тоҷик Самандар Муродов рӯзи 23-юми октябри соли 2022 дар шаҳри Абу-Забии Имороти Муттаҳидаи Араб дар чорчӯби мусобиқоти “Road to UFC” (“Роҳ ба сӯи UFC”)  рақибаш Ҷиан Сикуэйра аз Бразилияро пеш аз муҳлат, алакай дар анҷоми даври аввали набардашон бо роҳи буғикунӣ мағлуб сохт ва сазовори роҳхат ба лигаи UFC, лигаи аз ҳама муътабар дар варзиши ММА гардид.  Самандар рақибашро дар кунҷи майдон чунон танг карду буғӣ кард, ки ӯ илоҷе ба ҷуз аз тан додан ба шикаст наёфт ва довар низ муҳорибаро пеш аз муҳлат қатъ карду  пирӯзиро ба варзишгари тоҷик дод.

Самандар инак сеюмин тоҷик ва дуюмин намояндаи Тоҷикистон аст, ки ба UFC роҳ меёбад. Аввалин шуда бо UFC тоҷики зодаи Самарқанд Заррух Адашев қарордод имзо карда буд. Нурулло Алиев, ки ӯро ба сабаби шабоҳати зиёдаш бо варзишгари машҳури доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов “дугоники Ҳабиб” низ ном мебаранд, моҳи сентябри соли ҷорӣ нахустин нафар аз Тоҷикистон  ва дуюмин тоҷике шуд, ки бо UFC қарордод баст.

Рӯзи 14 октябри соли 2022 Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби “Муин-Тоҷик”, боз як варзишгари дигар аз Тоҷикистон тавонист камарбанди чемпиони лигаи «Legacy Fighting Alliance» (LFA) дар вазни аз ҳама сабукро ба даст биорад.  Ин камарбанд роҳи Муинро низ ба сӯи UFC боз кард, чунки ҳамаи чемпионҳои LFA метавонанд ба UFC гузаранд.

Бо пирӯзӣ бар Ҷиан Сикуэйра Самандар Муродов шумораи пирӯзиҳояшро ба 8 расонд. Дар 5 набард Самандар пеш аз муҳлат ғалаба кардааст ва то ҳол ягон бор шикаст нахӯрдааст.

Самандар Муродов 28 августи соли 1999 дар ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба дунё омада, дар Твери Русия ба воя расидаву ҳамонҷо машқ мекунад.

Самандар Муродов ва Нурулло Алиев рӯзи 17 сентябри соли 2021 дар мусобиқоти EFC (Eagle Fighting Championship), ки ба ёди Абдуманоф Нурмуҳаммадов, падар ва мураббии фақиди размандаи шуҳратёри доғистонӣ Ҳабиб Нурмуҳаммадов бахшида шуда буд, соҳиби ҷои аввал ва унвони қаҳрамони ин мусобиқот шуданд. Дар он мусобиқа дар рақобати ниҳоӣ бо Максим Шветс дар даври сеюми набард китфи рости Самандар баромад ва  аз китфаш овезон шуда буд, вале паҳлавони тоҷик бо вуҷуди чунин сахт лат хӯрданаш бо як даст набардро идома дод ва дар даври чорум ҳатто рақибашро ба нокаути фаннӣ фиристод ва пирӯзиро ба даст овард.

Барои дарёфти медали қаҳрамонӣ Нурулло Алиев футболка бо акси падари Ҳабиб ба саҳна баромад, вале Самандар Муродов футболка бо акси Аҳмадшоҳи Масъуд ва писараш Аҳмади Масъудро пӯшида, мухлисонашро боз ҳам бештар ба ваҷд овард.

Баъди бозгашташон ба Тоҷикистон, соҳибкори шинохтаи тоҷик Раҳим Бобоҷонов, маъруф ба Раҳими Ғармӣ ба Самандар Муродов  ва Нурулло Алиев барои пирӯзиашон дар он мусобиқа мошинҳои тамғаи “Мерседес” туҳфа карда буд.  Дар видео дида мешавад, ки чӣ гуна Самандар пушти фармони ин мошини рангаш сиёҳ мешинад ва онро ба ҳаракат медарорад. Дар пасманзар садои як наврас ба гӯш мерасад, ки мегӯяд, “Самандар права дошта бошад?”

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button