ВидеоМуҳоҷирон

ВИДЕО: ҲАНГОМАЮ ДАҒДАҒА ДАР ГИРДИ ЗАНОЗАНИИ ҶАВОНИ ТОҶИК БО БАРОДАРИ ДУХТАРИ ДӮСТДОШТААШ ДАР ЕКАТЕРИНБУРГ

Ду рӯз боз як мавзӯи аз ҳама пурбаҳс дар матбуоти Русия ва шабакаҳои иҷтимоӣ видеои заноазнии як ҷавони тоҷик бо як ҷавон аз шаҳри Екатеринбурги Русия шудааст. Ин ҷавони рус ҷавони тоҷикро ба изҳори муҳаббат ба хоҳари 15-сола ва ҳанӯз мактабхонаш гунаҳкор мекунад. Бархе дар пушти ин моҷаро танҳо як қиссаи ишқӣ ва кӯшиши ба духтари рус изҳори муҳаббат кардани як ҷавони муҳоҷирро мебинанд, вале гуруҳи дигар ҷавони тоҷикро ба қасди ба доми худ даровардану ба ҳаракатҳои шаҳвонӣ ва ҳатто ба алоқаи ҷинсӣ водор кардани як духтари ноболиғ айбдор мекунанд. Ба ин моҷаро билохира пулис низ таваҷҷуҳ кард.

Дар пулиси шаҳри Екатеринбург рӯзи 20 октябри соли 2022 ба хабаргузории РИА Новости гуфтанд, ки пулис ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

“Қаблан ягон гузориш дар бораи ин муноқиша ба дасти пулис нарасида буд. Хабари нашршуда дар шуъбаи пулиси №4 сабют шуд ва дар робита ба ин ҳодиса чорабиниҳои санҷишӣ гузаронда мешаванд. Қазия таҳти назорати шахсии роҳбарони ин шуъбаи пулис қарор дорад”, – гуфтааст намояндаи пулиси Екатеринбург ба РИА Новости.

Рӯзи 19 октябр Телеграм-канали Mash видеои лаҳзаи занозании ду ҷавон дар Екатеринбург ва ҳамчунин пораҳои мукотибаи ошиқонаи як ҷавони тоҷик бо як духтарро нашр кард ва хабар дод, ки сабаби занозанӣ ба як духтари 15-солаи мактабхон мукотибаи ошиқона оростани як ҷавони 23-сола аз Тоҷикистон шудааст. Дар мукотиба дида мешавад, ки духтар пешниҳодҳои ҷавон барои мулоқот ва “як бӯса” –ро рад карда, мепурсад, ки ин ҷавон рақами ӯро аз куҷо ёфтааст?

Ин мукотиба тасодуфан ба чашми бародари калонии духтари наврас меафтад ва ӯ ҷавони тоҷикро ба кӯшиши аз роҳ задан ва ба алоқаи ҷинсӣ водор кардани хоҳари ноболиғаш айбдор карда, ӯро ба “разбор” даъват кардааст.  Ҷавони тоҷик ҳамроҳи дӯстонаш ба ин мулоқот меояд ва гапи байни ӯву бародари он духтар мегурезад ва “разбор” мунҷар ба занозанӣ мешавад, ки дар натиҷаи он бародари аз пушти хоҳараш бархоста ҷароҳат бардошта, ба бемористон меафтад.

Вале бар хилофи иддаои бархе расонаҳои Русия, ки менависанд, ки гӯё ҷавони тоҷик ҳамроҳи дӯстонаш якҷоя он сокини Екатеринбургро задаанд, дар видео дида мешавад, ки “разбор”–и байни онҳо “мардона”, яъне як ба як ва бидуни дахолати дигарон сурат гирифтааст.

Дар ҳамин ҳол, роҳбари ҷамъияти тоҷикоин вилояти Свердловск Фаррух Мирзоев дар мусоҳиба бо нашрияи маҳаллии УРА.Ру  гуфт, ҷамъияти тоҷикон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои ҳалли ин муноқиша тамоми мусоидатро хоҳад кард ва ҳамзамон, рафтори он ҷавони тоҷикро бар асоси одатҳо ва арзишҳои ахлоқии тоҷикӣ низ муҳокима хоҳанд кард.

“Мо чунин рафторро маҳкум мекунем. Бахусус вақте ки ин ба номуси духтар рабт дорад. Ҷамъияти тоҷикон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тамоми мусоидату кумакро хоҳад кард. Ва агар исбот шавад, ки ӯ гунаҳкор аст, ягон кас из ҷавонро пуштибонӣ нахоҳад кард”, — изҳор доштааст раҳбари ҷамъияти тоҷикони вилояти Свердловск.

Вале ӯ афзудааст, ки барои расидан ба адолат, бояд ҳарду тарафро гӯш кард.

“Мо мехоҳем ҳам бо волидони духтар суҳбат кунем ва назари онҳоро шунавем. Ҳамунин мо тайёрм ҳамватани худро ҳам шунавем. Масъала хеле ҳассос аст ва агар гуноҳи ин ҷавон исбот шавад, вай бояд ба ҷавобгарӣ кашида шавад. Ҳам  тибқи қонун ва ҳам тибқи анъанаҳои миллии мо. Вале агар ҷавонро туҳмат зада бошанд, пас бояд тарафи дигари ин муноқиша ба ҷавобгарӣ кашонда шавад”, — хулоса кардааст Фаррух Мирзоев.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button