ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ТОХТУТОЗИ БАРФУ БОРОНУ СЕЛ ДАР ГӮШАҲОИ ГУНОГУНИ ТОҶИКИСТОН (ВИДЕО+11 АКС)

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон хабар дод, ки нимаи дуюми рӯзи 19 октябри соли 2022, соати 17:09 боришоти шадид боиси омадани сел дар километри 322-юми роҳи байналмилалии Душанбе – Дарвоз –Хоруғ шудааст. Сел дар он қитъаи ин роҳ, ки аз ҳудуди деҳаи Шикеви ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мегузарад, рух дода, сабабгори баста шудани роҳ барои равуои нақлиёт шудааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда гуфт, бо кӯшишҳои кормандони вазорати нақлиёт ва ҷалби техника оқибатҳои офати табиӣ зуд рафъ гардида, роҳ алакай соати 19:05 дубора боз карда шуд.

Бино ба хабари дигари ин кумита, шоми 19 котябр, соати 18:58 ба қисми навбатдории он як сокини кӯчаи ба номи Раҳмон Набиеви шаҳри Душанбе занг зада, хабар додааст, ки дар пайи боришоти шадид ҳавлиашро об пур кардааст ва об ҳоло ба таҳхонаи хонааш рехта истодааст. Бар ҷои ҳодиса гуруҳи навбатдорони раёсати ҳолатҳои фавқулоддаи пойтахт сафарбар гардида, бо кумаки мотопомпаҳо обро аз таҳхона ва ҳавлии манзили ин сокини Душанбе берун кашиданд. Гуфта мешавад, касе дар ин ҳодиса осеб надидааст.

Ҳавошиносони тоҷик аз қабл ҳушдор дода буданд, ки обуҳаво дар ҷумҳурӣ аз 18 то 20 октябр якбора бад мешавад ва дар ин рӯзҳо дар водиҳои боронгариҳо ва дар кӯҳҳо ҳатто рехтани барф пешбинӣ карда мешавад.

Рӯзи 18 октябр дар қисматҳои кӯҳистонии роҳи Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, аз ҷумла дар ағбаи Шаҳристон барфи аввал зад.

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон, ки масъулияти нигоҳубин ва пулчинӣ дар ин ягона роҳи пулакии ҷумҳурӣ ва ҳам ягона роҳи заминии байни шимоли Тоҷикистон ва боқӣ қаламрави он, тасдиқ кард, ки барфу борон  равуои нақлиётро дар ин шоҳроҳ дучори мушкил кардааст, вале роҳ барои равуо боз аст. Аммо ширкат аз ронандагон хостааст, ки дар роҳ хеле эҳтиёт кунанд ва ҳушёр бошанд, чунки эҳтимоли сангрезӣ ва фаромадани селҳо ҳанӯз зиёд аст.

https://youtube.com/shorts/rTHQfe6M4VE

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button