ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

SOS!!! ИЛТИМОСИ БОЗНАШР!!! БАРОИ ЁФТАНИ ОДИЛҶОНИ ШАШСОЛА КУМАК КУНЕД!!!

Юлдошев Одилҷон Худойбердиевич, ки ҳамагӣ 6 сол дорад, тавре сабти видеокамераҳои назоратӣ нишон медиҳанд,  субҳи шанбе, 15 октябри соли 2022, соати 09:40, барои велосипедсаворӣ аз хонаашон дар маҳаллаи Сомон (Гипрозем) дар ҷануби шаҳри Душанбе  берун баромадааст ва бо ҳамин беномунишон шудааст.

Волидони Одилҷон алакай ба милитсияи ноҳияи Фирдавсӣ хабар додаанд ва ҷустуҷӯи ӯ аз тарафи мақомот низ идома дорад.

Аз ҳамаи онҳое, ки дар бораи дар куҷо будани Одилҷон маълумоте доранд ваё ӯро тасодуфан дидаанд, хоҳиш карда мешавад, ки бо ин рақамҳо дар тамос шаванд:

+992 919 99 00 91

+992 919 63 51 87

+992 907 42 40 01     

+992 904 54 24 24

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button