ВидеоИқтисодКоррупсия

БОЗДОШТИ ЯК СОКИНИ ИСТАРАВШАН БО 83 ҲАЗОРУ 600 СОМОНӢ ПУЛҲОИ ҚАЛБАКИИ 50-СОМОНӢ (ВИДЕО)

Як сокини вилояти Суғд бо иттиҳоми ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии сомонӣ ба маблағи даҳҳо ҳазор сомонӣ дастгир шудааст. ВКД Тоҷикистон гуфт, боздошти ӯ аз ҷониби кормандони шуъбаи мубориза бо қочоқи маводи мухаддири РВКД вилояти Суғд бар асоси муроҷиати ду ҷабрдида: Алишер Нурматзода, сокини ноҳияи Спитамен ва Мирзохоҷа Хоҷаев, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов муяссар гардид.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузорише, ки дар нашри навбатии барномаи “Ахбори ВКД” нашр шуд, хабар дод, ки шаҳрванд Маҳмадқулов Диловар Ҳайдарқулович, соли таваллудаш 1992, сокини шаҳри Истаравшан, ба яке аз ҷабрдидаҳо ҳангоми фурӯхтани мошинаш ва ба дуюмӣ ҳангоми фурӯхтани гов бо пулҳои қалбакӣ “ҳисобу китоб” кардааст.

Акбар Шарифӣ гуфт,  Маҳмадқулов пулҳои қалбакии арзишашон 50 сомониро ба муомилот бароварда, аз ҷумла дар ивази 74 сомонӣ аз Алишер Нурматзода мошинии тамғаи “Киа Оптима”ро харидорӣ карда, ба ӯ танҳо 400 сомонӣ пули мошинро бо пули ҳақиқӣ ва 73 ҳазору 600 сомонии боқимондаро бо 50сомониҳои қалбакӣ пардохт кардааст.

Маҳмадқулов ҳамин тавр, аз чорвобозори ҷамоати Ғӯлакандози ноҳияи Расулов аз Мирзохоҷа Хоҷаев як сар чорвои калонро бо нархи 10 ҳазор сомонӣ харида, ба ӯ ҳам бо пулҳои қалбакӣ ҳисобу китоб кардааст.

Алишер Нурматзода дар ин гузориш мегӯяд, мошинашро дар сомонаи Сомон.Тҷ ба фурӯш гузошта буд, вале ҳеҷ  гумон надошт, ки ба ӯ дар ивази мошин пули қалбакӣ медиҳанд.

Мирзохоҷа Хоҷаев гуфт, вақте говашро мефурӯхт, соати чоруними саҳар буд: “Нав говро бо гӯсолааш дар бозор баста будем, ки баъди ягон 10 дақиқа як харидор омад. Дар чашмаш айнак ва дар сар кӯлоҳ дошт. Мане 12 ҳазор гуфтам, вай 9 ҳазор гуфт, ман гуфтам, ки ба 9500 надодам, ба 10 ҳазор медиҳам, вай розӣ шуд. Вақти ҳисобу китоб, ки ҳанӯз торик буд, дуруст аҳамият надодам. Фақат ҳисоб карда гирифтам, ки 200 панҷоҳсомонӣ бароварду дод…”

Ин ду ҷабрдида танҳо ҳангоми барои харидҳои дигар истифода бурдани пулҳои гирифтаашон хабар меёбанд, ки ба онҳо бо пулҳои қалбакӣ ҳисобу китоб кардаанд.

Акбар Шарифӣ гуфт, Диловар Маҳмадқулов барномасоз ва танзимгар буд ва ба эҳтимоли ғолиб, пулҳои қалбакиро худаш тайёр кардааст. 83 ҳазору 600 сомоние, ки ӯ ба муомилот бароварда буд, аз рӯи ранг, ҳаҷм, сурат ва дигар нишондиҳандаҳо ба пулҳои ҳақиқӣ хеле монанд будаанд.

Худи Маҳмадқулов мегӯяд, бо пулҳои қалбакӣ дар ҳарду маврид бо истифода аз торикии шаб (як дафъа, ҳангоми харидани гову гӯсола субҳи барвақт ва дафъаи дигар, ҳангоми харидани мошин бегоҳи рӯз) харид кардааст, то ки ҷабрдидаҳо қалбакӣ будани пулҳоро нафаҳманд.

Акбар Шарифӣ гуфт, дар таҷрибаи милитсияи Суғд ин нахустин мавриди кӯшиши ба муомилот баровардани пулҳои қалбакии сомонӣ аст, ки пешгирӣ шуд. Ба Диловар Маҳмадқулов бар асоси қисми дуюми моддаи 281 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои тайёр кардан ва ба муомилот баровардани пулҳои қалбакӣ ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button