ВидеоМинтақа ва ҷаҳонСиёсат

ПОСУХИ ПУТИН БА ИЗҲОРОТИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН: ЭМОМАЛӢ ШАРИПОВИЧ ҲАҚ АСТ… (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин  ба изҳороти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон посух дод. Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона дар нахустин нишасти сарони кишварҳои минтақа дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ – Русия” аз Путин хост,  ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ё СССР муносибат накунанд. Президенти Тоҷикистон дар суханронии пур аз ҳаяҷон ва эҳсосаш ҳамчунин ба он ишора кард, ки дар вақташ маҳз беаҳамиятӣ ба ҷумҳуриҳо ва халқҳои хурд дар ниҳоят боиси фурӯпошии СССР шуда буд.

Путин дар посухаш таъкид кард, ки дар даврони Шӯравӣ ба рушди фарҳанг ва иқтисоди халқҳои сокини ҷумҳуриҳои он аҳамияти зиёд медоданд.

“Ман мехостам аз он чӣ, ки Эмомалӣ Шарипович гуфт, шурӯъ кунам. Бале, дар ҳақиқат, ман фикр мекунам, ки ӯ ба сурати умум ҳақ аст. Албатта, дар Иттиҳоди Шӯравӣ ба забонҳои миллӣ китобҳо ҳам нашр мешуд, театрҳо таъсис дода мешуд, фарҳангу иқтисоди ин халқҳоро пеш мебурданд “, –  нақли қавл кардааст аз Путин  хабаргузории расмии Русия ТАСС.

“Вале имрӯз, албатта, мо бояд тамоми чорчӯбҳоро бо муҳтавои ҷадид пур кунем “, – афзуд Путин. Ӯ гуфт, манзур аз баргузории саммити “Осиёи Марказӣ – Русия”  фақат нишастану гуфтану бархостан нест, балки баррасии тарҳҳо ва заруратҳо дар сатҳи минтақа, мувофиқ кардани онҳо бо имконоти мавҷуда ва пешбурди онҳо нафақат дар чорчӯбҳои дуҷониба, балки дар миқёси тамоми минтақа мебошад. Он гоҳ, гуфт Путин, бисёре аз масъалаҳо босамартар ҳаллу фасл хоҳанд шуд.

Тавре қаблан хабар додем, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона дар нахустин нишасти сарони кишварҳои минтақа дар чорчӯби “Осиёи Марказӣ – Русия”  ногаҳон шахсан ба президенти Русия Владимир Путин ва аз ӯ хост, ки як маротиба гӯшаш кунад. Сипас Эмомалӣ Раҳмон як суханронии пурэҳсосе кард ва дар ин суханрониаш аз Путин хост, ки ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ё СССР муносибат накунанд.

“Мову шумо шоҳиди фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ будем. Мисли имрӯз, он вақт ҳам мо шоҳиди он будем, ки ба ҷумҳуриҳои хурду миллатҳои хурд аҳамият намедоданд. Анъанаву одатҳои онҳоро ба назар намегирифтанд. Барои рушдашон мусоидат намекарданд. Шумо дина дар бораи ду миллион (муҳоҷир аз Тоҷикистон дар Русия) ҳарф задед. Ман мехостам ба шумо бигӯям, ки беш аз ду миллион шаҳрвандони мо ба Русия фақат барои кор намераванд, онҳо ба онҷо барои таҳсилу табобат ҳам мераванд. Онҳое ҳам, ки барои кор мераванд, ба осонӣ пул ба даст намеоранд, балки кор мекунанд”, –  гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи президенти Тоҷикистон, Русия дар пайи рушди тиҷораташ ҳаст, вале дар иваз муносибати баробар нишон намедиҳад.

“Аз чӣ сабаб бошад, ки вақте ман илтиҷо кардам, ба вазорати хориҷа супориш додам, ки барои иштирок дар ҳамоиши Душанбе ақалан вазирон биоянд. Не, дар сатҳи муовини вазир иштирок карданд. Магар Тоҷикистон, шарики стратегӣ сазовори ҳамин буд? Мо магар чунин рафтор мекунем? Мо 100 ё 200 миллион нестем. Вале мо мехоҳем, ки ба мо эҳтиром гузоранд. Мо магар ягон қоидаро вайрон кардем? Дар ягон ҷо дигар хел салому алек кардем? О ҳамеша манфиатҳои шарики стратегии худро эҳтимро мекардем. Ва мо мехоҳем, ки моро ҳам эҳтиром кунанд. Мо магар бегонаем? Мо аз кишварҳои Африқо чӣ камӣ дорем, ки ба онҳо (аз тарафи Русия) миллиардҳо доллар сармоягузорӣ мешавад? Ба мо пули зиёд даркор нест. Владимир Владимирович, як хоҳиш  дорам аз шумо, ки набояд сиёсат нисбат ба кишварҳои Осиёи Марказӣ мисли собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ бошад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон хитоб ба Путин.

Ӯ афзуд: “Ҳар кишвар мушкилоти худро дорад, саволҳои худро дорад, анъанаву одатҳои худро дорад. Бояд як миёнаи тиллоиро пайдо карду бо ҳар кишвар алоҳида кор кард”, – таъкид кард президенти Тоҷикистон. Ӯ гуфт, Осиёи Марказӣ ва Русия ҳамсояанд ва “аз ин ҷои гурез нест”.

Рӯзи 13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов доир шуд.  Ин мулоқот бо ташаббуси Путин доир шуд ва ӯ барои ҳалли мушкилоти марзии Тоҷикистону Қирғизистон Русияро ҳамчун миёнарав пешниҳод кард.

Аммо дар видеои кӯтоҳе, ки хабаргузории РИА Новости нашр кард, дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон  ва Содир Ҷабборов бар хилофи протокол, пеш аз шурӯи мулоқот бо якдигар бо даст салом накарданд. Дар сабт дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон намоишкорона аз назди президенти Қирғизистон гузашта, ба мизи музокирот наздик мешавад ва танҳо бо Путин салом карда, паси курсии худ менишинад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button