ВарзишВидео

МУИН-ТОҶИК РАҚИБАШРО БО НОКАУТ ШИКАСТ ДОД ВА СОҲИБИ КАМАРБАНДИ ЧЕМПИОНӢ ВА РОҲХАТИ UFC ШУД (ВИДЕО)

Размандаи шинохтаи тоҷик Муин Ғафуров, маъруф бо лақаби “Муин-Тоҷик”, рӯзи 14 октябри соли 2022 дар набарди асосии мусобиқоти лигаи «Legacy Fighting Alliance» (LFA) дар вазни аз ҳама сабук (61,2 кг) дар варзишгоҳи “Sanford Pentagon” дар шаҳри Сиу-Фолс (Sioux Falls) аёлати Дакотаи ҷанубии Амрико рақибашг аз Бразилия Диего Силваро шикаст дод ва соҳиби нафақат камарбанди чемпиони ин лига гардид, балки имкони пайвастан ба UFC, лигаи аз ҳамаи муътабари ҷангҳои бидуни қоидаро ба даст овард.

Муин дар рақобат бо Диего Силва аз аввал хеле  бо боварӣ набард мекард ва дар оғози даври сеюми рақобат, дар дақиқаи 4,40  тавонист бо як зарбаи сахт бо пушти пояш рақиби худро ба нокаут фиристад. Диего Силва дар пайи ин зарба ба рӯи фарши майдон афтид ва ду пояш аз ҳаво, ба қавле, аз ҳаво омад. Ҳамин зарба тақдири бозиро ба нафъи варзишгари тоҷик ҳал кард.

Ба маросими эълони ғолиб Муин –Тоҷик футболка бо акси президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро пӯшида буд. Вақте ки ба миёни ӯ камарбанди чемпиониро мебастанд, Муин аз ғояти ҳаяҷон ба рӯи фарш нишаст ва гирист.

Муин-Тоҷик  гуфт, пирӯзиашро ба 70-солагии Эмомалӣ Раҳмон мебахшад. Президенти Тоҷикистон рӯзи 5 октябри соли ҷорӣ ба синни 70 расид.

Пирӯзӣ дар ин набард ба варзишгари тоҷик нафақат камарбанди чемпионӣ дар LFA  овард, балки роҳашро барои дарёфти роҳхат ба UFC ҳам мекушояд. LFA баъди UFC аз лиҳози эътибор дар ҷаҳони муҳорибаҳои бидуни қоида дар ҷои дуюми меистад ва қаҳрамонҳои LFA  маъмулан бо лигаи UFC ҳам қарордод баста, ба он мегузаранд.  Акнун Муин-Тоҷик метавонад дуюмини разманда аз Тоҷикистон дар лигаи UFC шавад. Моҳи сентябр Нурулло Алиев нахустин намояндаи Тоҷикистон шуд, ки бо Дана Уайт, раҳбари UFC  қарордод баст.

Муин Ғафуров баъди ним соли маҳрум шуданаш аз ҳаққи иштирок дар мусобиқаҳо моҳи июни соли 2022  бо пирӯзӣ ба майдони варзиши ММА баргашт.

10 июни соли 2022 дар набарди асосии мусобиқоти лигаи LFA дар шаҳри Белтони аёлати Техаси Амрико Муин Ғафуров  алакай дар даври дуюми рақобат ҳарифаш аз Бразилия Ҳербет Соузаро бо нокаут шикаст дод.

Муин ба маросими эълони ғолиб ҳамроҳи дӯсташ, варзишгари ҷавони тоҷики муқими Амрико Фаридун Саидов ба майдон баромад. Ба ин суол, ки оё қабл аз набард ӯ интизор дошт, ки бо нокаут пирӯз мешавад?, Муин бо забони омехтаи тоҷикию англисӣ чунин посух дод: “Ман вақте ки инҷо меомадам, гуфта будам, ки аз ман сюрпризро интизор бошед. Ва ман дар инҷо нишон додам, ки Тоҷик рақами як аст!”

Муин Ғафуров 17 майи соли 1996 дар Душанбе ба дунё омада, аз синни ҳафтсолагӣ таҳти роҳбарии амакҳояш ба машқи варзиш сар кардааст. Мураббии аввалини ӯ амакаш Аҳтам Ҳокиров аз варзишгарон ва мураббиёни шинохтаи кишвар ба шумор рафта, раҳбари Лигаи самбои размӣ ва ММА Тоҷикистон мебошад.

Муин  Ғафуров метавонист  бо UFC шартнома баста, дар таърих нахустин варзишгар аз Тоҷикистон дар муътабартарин лигаи ММА шавад. Вале 7 сентябри соли 2021 дар даври ниҳоии  мусобиқоти довталабони Дан Вайт аз Чед Анҳэлигер аз Канада бо бо қарори доварон (29-28, 28-29, 29-28) мағлуб шуд ва орзуяш барои пайвастан ба UFC-ро ин дафъа ҷомаи амал пӯшонда натавонист.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button