ВидеоМуҳоҷиронРӯйдодҳои Бадахшон

ЛИДЕРИ МУҲОҶИРОНИ ЗОДАИ МАҲАЛЛАИ ГУЛАКЕН ҶОНИБЕК ЧОРШАНБИЕВ БА 10 СОЛИ ЗИНДОН МАҲКУМ ШУД

Aнора Саркорова, журналисти мустақил, ки ҳаводиси марбут ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро пайгирӣ мекунад, рӯзи 15 октябри соли 2022 хабар дод, ки як раҳбари фаъолияти ҷамъияти помириҳои Русия Ҷонибек Чоршанбиев, ки моҳи июни соли ҷорӣ дар Маскав боздошт ва ба Тоҷикистон супурда шуда буд, ба 10 соли зиндон маҳкум гардида, алакай барои адои ҳукмаш ба маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд интиқол дода шудааст.

Ҷонибек Чоршанбиев, ки 37 сол дошт ва дар Маскав дар сохтмон кор мекарду ҳамзамон аз раҳбарони ҷамъияти зодагони маҳаллаи Гулакени шаҳри Хоруғ буд, рӯзи 9 июн бо дархости мақомоти Тоҷикистон дар Маскав дастгир шуд ва 10 рӯзро дар боздоштгоҳи Сахарово ба сар бурда, сипас ба мақомоти Душанбе супурда шуд.

Бино ба иттилои Анора Саркорова, аҳли хонаводаи Ҷонибек Чоршанбиев танҳо баъди ду ҳафта хабар ёфтанд, ки ин фарзанди ягонаи оила ва саробони ягонаашон дар боздоштгоҳи маҳаллаи Гулистони шаҳри Душанбе нигоҳ дошта мешавад.

 “Ин ҳама вақт Ҷонибек Чоршанбиев ба адвокат дастрасӣ надошт. Чорабиниҳои тафтишотӣ ва мурофиаи додгоҳии ӯ пушти дарҳои баста гузашт… Адвокаташро ҳатто дар бораи рӯзи мурофиа хабар надодаанд”, – навиштааст Анора Саркорова, ки мегӯяд, Ҷонибек Чоршанбиев зери шиканҷа эътирофи гуноҳ кардааст.

Мақомот расман то ҳол ягон маротиба ба кадом далел таҳти ҷустуҷӯ қарор гирифтани Ҷонибек Чоршанбиев, боздошти ӯ дар Маскаву истирдодаш ба Душанбе ва ҳукми ӯро шарҳ надодаанд.

Вале Анора Саркорова мегӯяд,  ягона иттиҳоми зидди Ҷонибек Чоршанбиев иштирокаш дар сабти нахустин муроҷиатномаи муҳоҷирони зодаи Бадахшон дар Русия ба мақомоти Тоҷикистон  будааст. Дар он муроҷиатнома зодагони Бадахшон аз ҳукумати Тоҷикистон хоста буданд, ки сиёсати таъқиботро дар ин вилояти мухтор бас карда, нафарони гунаҳкор дар куштори зодагони Помирро ба ҷавобгарӣ бикашонад. Матни  он муроҷиатномаро дар пеши дурбини видеокамера Ҷонибек Чоршанбиев қироат карда буд.

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳоро дар Бадахшон бо истифода аз нирӯҳои вижаи “спетсназ” ва силоҳ саркӯб карданд. Созмони Милал алакай дар рӯзҳои аввали саркӯби эътирозҳо аз кушта шудани тақрибан 40 нафар дар шарқи Тоҷикистон хабар дода буд. Фаъолони бадахшонӣ баъдан дар бораи ҳабси беш аз 200 зодаи ин вилоят дар худи ин минтақа ва берун аз он хабар дода буданд. Гуфта мешуд, ки беш аз 20 зодаи Бадахшон, аз ҷумла чанд роҳбари бонуфузи диаспораи помириҳоро аз Русия дастгир карда, оварданд.

Аммо Додситонии кулли Тоҷикистон ахиран иддаои мухолифин дар бораи кушта шудани наздики 50 мардуми бесилоҳу бегуноҳ дар натиҷаи “куштори оммавӣ алайҳи ақалияти помирӣ” дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро рад кард ва гуфт, дар ҳаводиси ахири Бадахшон як корманди мақомот кушта ва дуи дигар ғарқ шуданд ва  аз  он ҷониб 29 нафар “безарар гардонида шудаанд”.

Додситонӣ ҳамин тавр, хабар дод, ки дар пайи ҳаводиси ахир “нисбати 109 нафар саркардагон ва аъзоёни иттиҳодияҳои ҷиноятӣ бо моддаҳои алоҳидаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз, тафтиш  ва ба суд ирсол  карда шуда, дар натиҷа  ба  77 нафар дар асоси ҳукмҳои судӣ ҷазои сазовор таъин карда шуда, нисбати 32 нафари дигар парвандаи ҷиноятӣ  мавриди  баррасии судӣ қарор доранд”.

Додситонӣ гуфт, ҳамчунин 89  тани дигар аз тазоҳуротчиён барои майдаавбошӣ ва бетартибиҳои оммавӣ ба ҷавобгарии маъмурӣ низ кашида шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button