ВидеоҶомеа

ФОҶИАИ ТАЛХИ ОИША: ЗАНИ 43-СОЛА АЗ ТАРСИ ТАЛОҚ КӮДАКИ НАВЗОДРО ДУЗДИДААСТ (ВИДЕО)

Маркази матбуоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар  нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” бархе тафсилоти дуздидани кӯдаки навзод аз таваллудхонаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомиро нашр кард. Дар робита ба ин ҳолати дуздии кӯдак нисбат ба сокини ҳамин ноҳия Шарипова Оиша, соли таваллудаш 1979, бар асоси моддаи 130 Кодекси ҷиноятии  Тоҷикистон бо иттиҳоми одамрабоӣ парвандаи ҷиноятӣ кушодаанд.

Подполковник Офоқи Қодириён, сухангӯи милитсияи вилояти Хатлон дар гузоришаш гуфт, Оиша Шарипова шаби 23 сентябри соли 2022 тавассути тиреза вориди ҳуҷраи тифлони навзоди таваллудхонаи ноҳияи А.Ҷомӣ шуда, тифлеро, ки як сокини ҳамин ноҳия рӯзи 21 сентябр ба дунё оварда буд, рабудааст.

Дар вақти тафтиш маълум шудааст, ки Оиша Шарипова ҳамагӣ як фарзанд дошта, дигар фарзанддор нашудааст ва ба ин далел, шавҳараш аз ӯ мехостааст ҷудо шавад.  Ин зани 43-сола ба ҳамин далел, худро чанд моҳ ҳомила вонамуд карда, баъди дуздидани тифл аз таваллудхона ба ҳама хешу табор ва ҳамин тавр, ба шавҳараш, ки дар Русия дар муҳоҷирати корӣ қарор дошт, хушхабар расондааст, ки гӯё ин кӯдакро худаш таваллуд кардааст.

Худи Оиша Шарипова дар ин гузориш дар шарҳи сабаби даст ба ин кор заданаш гуфт: “Моҳи январ буд. Мардакам ба Русия мерафт. Гуфт, агар фарзанддор нашавӣ, ман бо ту дигар зиндагӣ намекунам. Баъди рафтани вай, ман гуфтам, ки ҳомилаам. Дар шикамам ҳарчӣ баста мегаштам. Ҳамон рӯз омадам, ки дар беморхона он қадар одам нест…”

Ба  ин зан акнун бар асоси қисми дуюми моддаи 130 барои дуздии кӯдак ҳамчун ҷазо аз 8 то 12 соли зиндон таҳдид мекунад.

Тавре қаблан хабар додем, тифли шоми 23 сентябр  аз таваллудхонаи ноҳияи Ҷомӣ дуздидашударо  баъди як ҳафтаи ҷустуҷӯ, билохира, рӯзи ҷумъа, 30 сентябр пайдо карданд.

Волидони кӯдак сокинони деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия буда, ин нахустин тифли онҳост. Падари кӯдак дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт, модари кӯдак, ки зоймони сахтеро пушти сар карда буд, дар шуъбаи реаниматсия қарор дошт ва ҳодиса ҳам замоне рух додааст, ки модари кӯдакро баъд аз ҷарроҳӣ ба шуъбаи эҳёи таваллудхона интиқол додаанд.

Дуздидани тифли навзод дар Тоҷикистон ҳодисаи хеле камназир аст. Моддаи 130 КҶ ҶТ ҳамчун ҷазо барои одамрабоӣ аз 8 то 12 соли зиндонро пешбинӣ мекунад.

Дар поёни соли 2021 мақомоти Тоҷикистон аз паиҳам ошкор шудани якбора ду ҳолати кӯдакдуздӣ хабар дода буданд.

Аз ҷумла рӯзи 1 декабри соли 2021 як зани 29-соларо бо иттиҳоми дуздидани кӯдаки ширмак аз Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе дастгир карданд. Бино ба иттилои дарёфтии сомонаи “Бомдод”, Ахмедова Нигора Рустамҷоновна, санаи таваллудаш 03.07.1992, зодаи деҳаи Кампирқалъаи ҷамоати Чортеппаи ноҳияи Рӯдакӣ, ки дар Ҳисор шавҳар карда буд, ба сабаби дер боз кӯдакдор нашуданаш ба хотири аз таънаи атрофиён раҳидан даст ба ин кор задааст. Бино ба иттилои дарёфтӣ, Нигора Ахмедова чанд моҳ боз худро ҳомила вонамуд мекардааст ва барои ин гӯё ба шикамаш болишт мечаспондааст, ки ба ҳомила буданаш бовар кунанд.

Рӯзи 30 ноябр ӯ гӯё бояд “таваллуд” мекард ва тибқи нақшаи дар сар кашидааш, ба Дармонгоҳи тиббии шаҳрии № 13 (собиқ Поликлиникаи №1) шаҳри Душанбе рафта, тақрибан соати 15 дар қабати дуюми шифохона аз як зане, ки кӯдаки думоҳаашро барои ваксиназанӣ оварда буд, хоҳиш мекунад, ки барояш аз дорухонаи қабати якуми бино дастпӯшак харида биорад. “Духтур бе дастпӯшак қабул намекунад, вале ман таваллудкуниам қариб омадааст, болою пойин баромадаву фаромада наметавонам. Ман кӯдакатро нигоҳ мекунам, хоҳиш мекунам, барои ман аз дорухона дастпӯшак харида биор”, хоҳиш кардааст Нигора аз он зан. Он модари ҷавон бовар карда, кӯдакашро ба дасти Нигора дода, худаш барои харидани дастпӯшак пойин фаромадааст, вале вақте баргаштааст, дидааст, ки на кӯдакаш онҷосту на он зани гӯё “ҳомила”.

Нигора Ахмедоваро, бино ба иттилои дарёфтӣ, бар асоси сабти видеокамераҳои назоратӣ ва бо кумаки ронандаи таксие, ки ӯро ба ин шифохона оварду боз аз ин ҷо бурд, пайдо кардаанд. Ронандаи такси гуфтааст, ки ӯ ҳам он рӯз ба ҳайрат афтод, чунки як зани ҳомилаи шикамаш дамро ба шифохона овард, вале баъди чанде аз онҷо ин зан бидуни ягон аломати ҳомилагӣ, вале як кӯдак дар даст берун омад ва боз ба таксии ӯ нишаст.

Нигора Ахмедова он кӯдакро худам нав таваллуд кардам гуфта, ба хонааш ба Ҳисор бурдааст ва ба шавҳараш, ки дар Русия дар мардикорӣ қарор дорад, низ занг зада, хушхабар расондааст, ки “бубин, чӣ кӯдаки зебое бароят ба дунё овардам!”

Мардум аз асли воқеа танҳо вақте хабардор шуд, ки кормандони милиса субҳи 1 декабр омада, ба дастони Нигора Ахмедова завлона зада, ӯро бурданд ва кӯдакро ба модараш супурданд.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур моҳи марти соли 2022 Ахмедова Нигораро бар асоси моддаи 130 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кӯдакдуздӣ гунаҳкор шинохт ва ба 9 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард.

Чанд рӯз баъди ин ҳодиса ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки дар ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон як ҳодисаи кӯдакдуздиро ошкор ва нафари гумонбар дар дуздии як кӯдаки дуюнимсоларо дастгир кардаанд. Гуфта мешуд, ки сокини ҷамоати Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониён  Файзигул Рустамова ба шуъбаи милитсияи ин ноҳия муроҷиат карда, хабар додааст, ки як зан аз Турсунзода, ки худро Муслима муаррифӣ кардааст, писари дуюнимсолаи ӯ Шоҳин Рустамзодаро дуздидааст.

ВКД гуфт, “муайян карда шуд, ки Муслимаи Пӯлод, соли таваллудаш 2000, сокини шаҳри Турсунзода, ки қаблан бо моддаи 244 КҶ ҶТ (дуздӣ) суд шудааст, рӯзи 5 декабр ба хонаи  Файзигул Рустамова омада,  хоҳиш мекунад, ки сарпаноҳ надорад ва ӯро барои шабашро рӯз кардан дар хонааш роҳ диҳад.  Рустамова ба ҳарфҳои Муслима бовар карда, ӯро барои шабгузаронӣ дар хонааш роҳ додааст. Рӯзи дигар Муслимаи Пӯлод аз набудани соҳибхона истифода бурда, тифли хурдсоли ӯро рабуда, ба хонааш ба шаҳри Турсунзода бурдааст.”

Сабабҳои даст ба чунин амал задани ин зан ва он ҳам нисбат ба кӯдаки одаме, ки дилаш сӯхта, ӯро дар хонааш роҳ дода буд, норӯшан боқӣ монд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button