ВидеоМуҳоҷирон

ЯК ТОҶИКРО ДАР РУСИЯ БАРОИ ТАБЛИҒИ АҚИДАҲОИ ОЛАМИ ҶИНОӢ ЗИНДОНӢ КАРДАНД

Зодаи Тоҷикистон Ҳамидов Д.Д., ки дар шаҳри Воркута дар шимоли Русия барои даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир дастгир шуда буд, дар ниҳоят ба 13 соли зиндон маҳкум шуд, вале аз ин 13 сол танҳо 7 солаш барои маводи мухаддир буда, 6 соли дигарашро Ҳамидов барои пуштибонӣ ва таблиғи ақидаҳои олами ҷиноист. Ба гуфтаи мақомоти ФСБ ҷумҳурии Коми, Ҳамидов Д.Д. узви фаъоли ҳаракати ҷиноии дар Русия мамнӯи “Арестантский уклад един” (АУЕ), ё “Арестансткое уркаганное единство” буда, дар боздоштгоҳ маҳбусони дигарро ба зӯроварӣ ва ҳатто  куштани корманди пулису мақомоти дигари ҳифзи ҳуқуқ ташвиқ мекардааст. Ин ҳаракати тарафдорони ақидаҳои олами ҷиноӣ дар Русия дар солҳои охир бавижа дар байни ҷавонон “мӯд” шуд ва 17 августи соли 2022 Додгоҳи олии Русия онро созмони ифротӣ эътироф карда, фаъолияташро дар ин кишвар манъ кард.

Нашрияи маҳаллии КомиИнформ хабар дод, ки додгоҳи шаҳри Воркута баррасии парвандаи ҷиноятиро нисбат ба зодаи Тоҷикистон Ҳамидов Д.Д. бар асоси 3 банди Кодекси ҷиноятии Русия: қисми якуми моддаи 280 (даъватҳои оммавӣ ба амалӣ сохтани фаъолиятҳои террористӣ), қисми 1.1. моддаи 282.2 (ҷаоби афроди дигар ба созмони ифротӣ) ва қисми дуюми моддаи 282.2 (иштирок дар фаъолияти созмони ифротӣ) ба поён овард. Тафтиши ин парвандаро раёсати ФСБ ҷумҳурии Коми анҷом дода буд.

Худи Ҳамидов ваё адвокат ё наздиконаш барои шарҳи парвандааш дастрас нестанд, вале бино ба фарзияи ФСБ, дар натиҷаи гузарондани чорабиниҳои фаврӣ ва амалҳои тафтишотӣ муайян карда шуд, ки Ҳамидов Д.Д., ки дар боздоштгоҳи Коми барои ҷиноятҳои марбут ба қочоқи маводи мухаддир нигоҳ дошта мешуд, маҳбусони дигарро ба истифодаи хушунат ва шатто ба кушори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва маъмурияти зиндонҳо, ҳамчунин ба бетартибиҳои оммавӣ даъват мекард.

Ба ғайр аз ин, мегӯянд дар ФСБ, Ҳамидов Д.Д.  ҳамчун узви фаъоли ҳаракати “Арестантский уклад един”, ки дар Русия созмони ифротӣ шинохта шудааст, кӯшиш мекард, то дар боздоштгоҳи Комми шуъбаи ин ҳаракати ҷиноиро ташкил кунад.

Бо ҳукми додгоҳи шаҳри Воркута Ҳамидов Д.Д.  ба ифротгароӣ айбдор дониста шуда, ба муҳлати 6 сол маҳкум ба зиндон карда шуд. Ӯро ҳамчунин, барои 3 сол аз ҳаққи роҳбарии сомонаҳои интернетӣ ҳам маҳрум кардаанд. Бо иловаи ҳукми қаблиаш, ки бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир содир шуда буд, ин зодаи Тоҷикистон 13 солро пушти панҷара бар сар хоҳад бурд. Бо қарори додгоҳ, Ҳамидов Д.Д. ҳукмашро дар маҳбаси низомаш сангин адо хоҳад кард.

Гуфта мешавад, ки ҳукми ин зодаи Тоҷикистон алакай ба иҷро даромадааст.

Бино ба оморҳо, дар маҳбасҳои Русия беш аз 7 ҳазор нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон адои ҳукм мекунанд. Тақрибан чоряки онҳо бо ҷурми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир зиндонӣ шудаанд. Вале даҳҳо зодаи Тоҷикистон дар Русия бо ҷурмҳои марбут ба терроризму ифротгароӣ зиндонӣ шудаанд. Вале мавридҳои бо ҷурми иртибот бо олами ҷиноӣ зиндони шудани тоҷикҳо дар Русия ангуштшумор аст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button