ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ПУТИН ДАР БОРАИ НАТИҶАҲОИ МУЗОКИРОТАШ БО ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА СОДИР ҶАББОРОВ: ДАР 3 МАСЪАЛА ТАВОФУҚ БА ДАСТ ОМАД (ВИДЕО)

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 14 октябри соли 2022 дар як нишасти хабарӣ барои журналистони рус сафараш ба Остона, пойтахти Қазоқистонро натиҷагирӣ кард.

Дар ин нишасти хабарӣ хабарнигори Интерфакс аз Путин дар бораи натиҷаҳои мулоқоти сегонаи ӯ бо раҳбарони Тоҷикистону Қирғизистон Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов пиромуни мушкилоти марзии он ду кишвар ва натиҷаҳои дар ин дидор бадастомада суол кард.

Путин ин мулоқотро, ки бо ташаббуси ӯ сурат гирифт, муфид ва созанда номид. Ӯ гуфт:

 “Созанда гузашт. Албатта, вақте ки муносибатҳо дар марҳалаи доғ қарор доранд, ёфтани нуқоти умумӣ хеле сахт аст. Вале, ба назари ман, мо тавонист ба ин ноил шавем. Ҳадди ақал, мо ба тавофуқ расидем, ки барои дубора сар назадани даргириҳо тамоми чораҳо андешида шаванд. Дувуман, ки хеле муҳим аст: Тарафҳо барои баргардондани гурезаҳо тамоми чораҳои заруриро рӯи даст мегиранд. Ва солисан, ки низ як банди муҳиму ҳалкунанда аст, мабнӣ бар ин аст, ки ҳарчанд мо бо вуҷуди дархостҳои суратгирифта, талабгори кадом нақши миёнарав нестем, вале мо тавофуқ кардем, ки тарафҳо санадҳои дар дасти онҳо мавҷударо бо дидгоҳҳои худ пиромуни роҳҳои ҳалли масоили марзӣ ба мо ироа мекунанд ва мо натанҳо кӯшиш мекунем, ки ин пешниҳодҳоро арзёбӣ кунем, балки барои ёфтани рооҳои ҳал санадҳои дар ихтиёри мо мавҷудбударо, ки метавонанд ҳамчун замина барои тавофуқоти имконпазир хидмат кунанд, истифода мебарем. Манзури ман ин аст, ки дар бораи марзҳои байни ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ назар ба худи ин ҷумҳуриҳо дида, гоҳо дар Маскав иттилооти хеле бештаре вуҷуд дорад. Мо ин санадҳоро мебардорем, ин харитаҳоро мебардорем, мебинем ва сипас бо ҳамкоронамон роҳҳои ҳалро ҷустуҷӯ мекунем”.

Рӯзи 13 октябри соли 2022 дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон, мулоқоти сеҷонибаи президентҳои Русия, Тоҷикистон ва Қирғизистон Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов доир шуд. Дар видеои кӯтоҳе, ки хабаргузории РИА Новости нашр кард, дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон  ва Содир Ҷабборов бар хилофи протокол, пеш аз шурӯи мулоқот бо якдигар бо даст салом накарданд. Дар сабт дида мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон намоишкорона аз назди президенти Қирғизистон гузашта, ба мизи музокирот наздик мешавад ва танҳо бо Путин салом карда, паси курсии худ менишинад.

Ба ҳам салом накардани ду президентро низ ҳама баёнгари то чӣ ҳад боло рафтани сатҳи таниш дар равобити Душанбе ва Бишкек маънидод карданд.

Мулоқоти сеҷониба дар Остона бо ташаббуси Путин дар пайи муноқишаи хунини рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифт. Даргириҳои моҳи сентябр бо беш аз 130 куштаю наздики 450 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад.

Ҳарду тараф дар оғози муноқишаи моҳи сентябр якдигарро айбдор мекунанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022  дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар наздики 200 нафар  кушта шуда, беш аз 700 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button