ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДАНҒАРА, ВАҲДАТ ВА МӮЪМИНОБОД ВА ҚАЛЛОБИИ ЗАНИ 54-СОЛА

Шоми 12 октябр ва рӯзи 13 октябр дар се садамаи нақлиётӣ дар ҳудуди деҳаи Розиёни ноҳияи Данғара, деҳаи Пистамазор дар канори шаҳри Ваҳдат ва деҳаи Шаҳринав дар роҳи Кӯлоб – Мӯъминобод  се нафар, аз ҷумла ду марди 47 ва 62-сола ва як кӯдаки 9-сола ҷон бохтаанд.

ххххххххххххххххх

Зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ ба маблағи беш аз 635 ҳазор сомонӣ дастгир  шудааст. ВКД гуфт, ки ӯ моҳи сентябри соли ҷорӣ  бо ваъдаи овардани орду шакар аз як зани сокини пойтахт 307 ҳазор ва аз як зани дигар 328 ҳазор сомонӣ гирифта, ҳардуро то ҳол фиреб дода гаштааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 14 октябри соли 2022

Ба вуқӯъ пайвастани якчанд ҳодисаи нақлиётии марговар

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

13-уми октябри соли 2022, тахминан соати 14:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Шарипов Фирдавс Абдуғаффорович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ховалинг, воқеъ дар ҳудуди роҳи деҳаи Розиёни ноҳияи Данғара, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ баромада ба қисмати пеши автомашинаи боркаши тамғаи “Мерседес-Бенс 544”, таҳти идораи Сафаров Баҳман Сафармуродович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Ҳисор, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Шарипов Ф.А. ва мусофираш Давлатов Саймумин Талбакович, соли таваллудаш 1975, сокини ноҳияи Ховалинг, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
12-уми октябри соли 2022, тахминан соати 20:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел Вектра”, Ҳошимов Ҳамза Додарбекович, соли таваллудаш 1979, сокини шаҳри Ваҳдат, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Душанбе, дар ҳудуди деҳаи Пистамазори шаҳри Ваҳдат, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ Ҳалимов Юсуфҷон Абдусаломович, соли таваллудаш 2013, сокини шаҳри мазкурро пахш намудааст, ки ноболиғ, Ҳалимов Ю.А. ба қатори сеюми роҳ афтида, ба автомашинаи тамғаи “Тойота Филдер”, таҳти идораи Бозоров Бобоҷон Ҷамахонович, соли таваллудаш 1980, сокини шаҳри Кӯлоб, бармехӯрад.
Дар натиҷа, ноболиғ Ҳалимов Ю.А. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
12-уми октябри соли 2022, тахминан соати 19:50-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Абдулҳакими Ҷаъмаи Сулаймонзода, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Муъминобод, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди Кӯлоб-Муъминобод дар назди деҳаи Шаҳринав, ба дучархарон Ҳасанов Мирзоаҳмад Одинашоевич, соли таваллудаш 1960, сокини деҳаи Бӯстони ноҳияи мазкур, ки аз самти муқобил ҳаракат мекард, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, дучархарон Ҳасанов М.О. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, тахминан соати 01:00, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Ошкор шудани қаллобиҳои зани 54-сола

04

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 54-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд.
Номбурда, 14-уми сентябри соли 2022 бо роҳи фиреб ба боварии зани 31-солаи сокини пойтахт даромада, аз ӯ 307 ҳазору 100 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш 825 халта орд ва 460 халта шакар оварда медиҳам, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Ҳамин тариқ, номурда бо ҳамин роҳ 15-уми сентябри соли 2022, ба боварии зани 32-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 328 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати кӯтоҳ ба ивази маблағҳои додааш ба ӯ орд ва шакар оварда медиҳад, аммо то ҳол ӯро фиреб дода гаштааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button