ВидеоҶомеа

НАҚШАИ ДАЪВАТ БА АРТИШ ДАР 10 РӮЗИ АВВАЛ АЛАКАЙ 50% ИҶРО ШУДААСТ

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар 10 рӯзи аввали мавсими тирамоҳии даъват ба хидмати ҳарбӣ (аз 1 то 10 октябри соли 2022) нақшаи даъват дар саросари ҷумҳурӣ алакай 50,2% иҷро шудааст. Барои муқоиса, дар 10 рӯзи аввали мавсими баҳорӣ нақшаи даъват 40 фоиз иҷро шуда буд.

Полковник  Фаридун Маҳмадализода, сардори маркази матбуоти вазорати мудофиаи ҶТ хабар дод, ки шаҳру навоҳии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон алакай дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ: 1 октябри соли 2022 аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд. Ҳамин тавр, дар 10 рӯзи аввали мавсими тирамоҳии даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ, ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор аз навоҳии тобеи марказ ва  ноҳияҳои Данғараву Вахш аз вилояти Хатлон алакай аз анҷоми даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ гузориш додаанд.

Фаридун Маҳмадализода гуфт, иҷрои нақшаи даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи ҶТ дар 10 рӯзи аввал дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ (водиҳои Рашту Ҳисор ва шаҳри Норак) 62 фоиз, дар вилояти Хатлон 54 фоиз, дар шаҳри Душанбе 48 фоиз ва дар вилояти Суғд 38 фоиз иҷро шудааст.

Даъват ба саффи Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба: дар баҳор аз 1 апрел то 31 май ва тирамоҳ аз 1 октябр то 30 ноябр давом мекунад.

Ҳар мавсими даъват ба артиш дар Тоҷикистон ҳамроҳ бо шикоятҳо аз “облава” ё “иҳотагирӣ” ҷараён мегирад.  “Облава” як шеваи аслан ғайриқонуниест, ки кормандони комиссариатҳои ҳарбӣ ва мақомоти маҳаллӣ ҷавонони синну соли даъватиро дар кӯчаю бозорҳо дастгир карда, ба хидмат мефиристанд. Дар бисёр маврид хешу табори ҷавонони “облава”-шуда танҳо баъди чанд рӯз хабар меёбанд, ки наздикони гумшудаашонро ба артиш бурдаанд.

Фаъолони ҷомиаи шаҳрвандӣ аз роҳбарони Тоҷикистон чандин бор даъват карда буданд, ки ба ин таҷрибаи “облава”, ки обрӯи давлатро мерезонад, нуқта гузоранд.

Соли 2021 ба қонунгузории Тоҷикистон тағйироте ворид карда шуд, ки ба шаҳрвандон имкон медиҳад, бо пардохти маблағи муодили 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (барои соли 2022 ин маблағ 26 ҳазору 880 сомониро ташкил медиҳад) ҳамагӣ як моҳ хидмат карда, аз хидмати ҳарбии дусола озод шаванд.  Мақомот бар ин боваранд, ки ин дасти фасодро дар арсаи даъват ба артиш хеле кӯтоҳтар карда, имкон медиҳад, ки маблағҳои аз ин ҳисоб бадастомада барои беҳтар кардани шароити хидмати аскарони боқимонда сарф карда шавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button