ВидеоТоҷикистон

ВИДЕО: ДАР ДУШАНБЕ БА ЛУКАШЕНКО ТАРЗИ ДУРУСТИ ПУХТАНИ ОШИ ПАЛАВРО ЁД ДОДАНД

Президенти Беларус Александр Лукашенко рӯзҳои 11-12 октябри соли 2022 бо сафари расмӣ аз Тоҷикистон боздид кард. Дар ҷараёни ин сафар ва музокироти ӯ бо роҳбарони Тоҷикистон, аз ҷумла бо президент Эмомалӣ Раҳмон, байни ду кишвар чанд санади ҳамкорӣ дар масоиле, чун савдои дутарафа ва ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ, ҳамчунин “Харитаи роҳ” барои рушди равобити дуҷониба дар солҳои 2022-2026  ба имзо расид. Дар рӯзҳои боздиди Лукашенко байни ширкатҳову корхонаҳои Тоҷикистону Беларус, асосан бо корхонаи тракторсозии Минск (МТЗ), ба маблағи дар умум 46 миллион доллар, қарордодҳо низ имзо шуданд.

Лукашенко бо чарбзабонии хоси ӯ худаш ва Эмомалӣ Раҳмонро ду оқсақол аз ҳама пуртаҷриба дар байни роҳбарони СНГ номид. Дар ҳақиқат, Эмомалӣ Раҳмон аз соли 1992, инак 30 сол боз ва Лукашенко аз соли 1994, инак 28 сол боз роҳбарии кишварҳои худро дар даст доранд. Аз онҳо аз нигоҳи собиқаи роҳбарӣ каме “ҷавонтар”  Владимир Путин, ки аз поёни соли 1999, инак беш аз 22 сол боз раҳбари Русия аст. Албатта, бо 4 сол фосила, ки Путин солҳои 2008-2012 сарвазир буду ин 4 сол курсии президентиро барояш Дмитрий Медведев “қаровулӣ” мекард. Аз нигоҳи собиқаи раёсат дар ҷои чорум дар СНГ президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев меистад, ки 19 сол қабл, дар тирамоҳи соли 2003, ба ҷои падараш Ҳайдар Алиев ба раҳбарии ин кишвари саршор аз манобеи нафту гази Қафқози ҷанубӣ расид.

Дар муқоиса бо ин 4 нафар собиқаи раёсати боқӣ роҳбарони СНГ кирои гуфтан намекунад, ки чунки аз ҳама зиёдаш аз президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамагӣ 6 солро дар бар мегирад ва собиқаи раёсати президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов, ки моҳи марти соли ҷорӣ низ мисли Илҳом Алиев ба ҷои падараш ба курсии президентӣ расид, ҳамагӣ 7 моҳро ташкил медиҳад.

Шоми 11 октябр президенти Тоҷикистон ба шарафи меҳмони баландпояаш аз Беларус дар бӯстонсарои ҳукумат зиёфати хосе орост – дар саҳни ҳавлии бӯстонсаро бори дигар аз меваву сабзавоти Тоҷикистон пирамидаҳову фаввораҳову роҳравҳо сохтанд, дар танӯрҳои тасфон нонвойҳои моҳир барои меҳмонон нонҳои тоҷикӣ, аз ҷумла кулча мепухтанду ошпазҳои моҳир дар як дег барои Лукашенко ош мепухтанд.

Лукашенко, ки ба ин зиёфат бо либоси ғайрирасмӣ ва бе галстук омада буд, аввал ҳамроҳи Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаҳои бо меваву сабзавоти тоҷикӣ орододаи бӯстонсаро каме сайругашт кард, сипас ба пеши нонвойҳо омада, аз онҳо як кулчаи тасфон хост ва онро ҳамонҷо чашида, бо ишораи ангушти дасташ ба маҳсули дасти нонвойҳои тоҷик баҳои баланд дод.

Лукашенко сипас ба назди таббохи асосӣ омад, ки дар дег барои ӯ ош меандохт. Лукашенко ҳам кафгирро ба даст гирифту каме ҳунари ошпазии худро намоиш дода, биринҷи ошро дар даруни дег гирдгардон кард ва сипас аз ошпаз сирри чӣ гуна тайёр кардани оши тоҷикиро пурсид.

Дар ҷараёни суҳбат маълум шуд, ки Лукашенко ҳангоми пухтани ош дар як ҷо ба иштибоҳ роҳ медодааст.

“Яъне аввал обу баъд биринҷро бояд андозем? Ман бошам, баракс мекардам: аввал биринҷро меандохтам ва сипас обро”, — гуфт Лукашенко ба ошпази тоҷик. Ба суҳбати Лукашенко ва ошпаз Эмомалӣ Раҳмон низ чанд бор ҳамроҳ шуд ва дар бобати чӣ гуна пухтани оши палав ба Лукашенко чанд  маслиҳати худро дод.

Видеои суҳбати Лукашенко бо ошпази тоҷикро Telegram-канали “Пул Первого” – минбари асосии интишори иттилоот дар бораи фаъолиятҳои президенти Беларус нашр кардааст.

Сафари Лукашенко ба Тоҷикистон нимаи дуюми рӯзи 12 октябр анҷом ёфт ва ӯ аз Душанбе роҳии Остона шуд. Лукашенко дар пойтахти Қазоқистон  то 14 октябр мемонад ва дар як нишасти сарони кишварҳо, ки ҳукумати Қазоқистон доир мекунад, иштирок хоҳад кард.

Аммо сафари ӯ ба Тоҷикистон асосан бо ҳамин суҳбаташ бо ошпазир тоҷик дар ёд мемонад.

Шоми дӯстӣ ба ифтихори Президенти Ҷумҳурии Беларус   11.10.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button