ВидеоҲуқуқи инсон

НАХУСТИН МУРОФИАИ САИДАМИНӢ ДОИР ШУД. ДАР СИЗО ВА БЕ ҲУЗУРИ НАЗДИКОНАШ


Аввалин мурофиаи додгоҳии Завқибек Саидаминӣ, рӯзноманигори боздоштшуда баъд аз зӯҳри рӯзи 11-уми октябри соли 2022 пушти дарҳои баста баргузор шуд. Пайвандонаш гуфтанд, қарор буд, мурофиа дар додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт гузарад, аммо ба сабаби барои онҳо номаълум дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе (СИЗО №1) баргузор шуд ва ба онҳо иҷозаи вуруд надоданд. Ба сабаби баста будани мурофиа, ҷузъиёти он дастрас нест. Маълум нест, ин рӯзноманигор иттиҳомро пазируфтааст ё не?

Яке аз пайвандони Завқибек Саидаминӣ гуфт, “ному насаби Завқибек дар руйхати парвандаҳое, ки баррасӣ мешаванд дар Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ навишта шуда буд, аммо ба мо гуфтанд, ки дар СИЗО мегузарад, на дар суд. Ҳеҷ нафаре аз наздиконро иҷозаи даромадан надоданд”.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтае пеш Ҳабиса Ятимова, модари Саидаминӣ ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки се моҳ боз ӯро надидаанд ва намедонанд дар чӣ шароит бар сар мебарад.

Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, дар мурофиаи нахустин танҳо вакили дифои рӯзноманигор ширкат карда, тарафҳо бо парванда шинос шудаанд. “Дар мурофиаҳои баъдӣ чаҳор шоҳид даъват мешаванд, ки яке аз онҳо дӯсти Завқибек Саидаминӣ аст, ки ҳамроҳ ба бозпурсӣ даъват ва боздошт шуда буд. Се нафари дигар кормандони як идораи давлатӣ ҳастанд”,-гуфт ҳамсӯҳбати мо, ки нахост номаш гуфта шавад.

Додрас Ҷӯрабек Ширинзода барои расонаҳо дастрас нест ва вакили мудофеъ ҳам ҷузъиёт намедиҳад. Ҳамзамон сабаби пушти дарҳои баста баргузор шудани мурофиаро на додрас ва на вакили мудофеъ шарҳ надоданд. Додрас мурофиаро ба ҳафтаи дигар мондааст, аммо санаи дақиқаш маълум нест.

Ин хабарнигори тоҷик ба ҳамкорӣ бо созмонҳои дар кишвар мамнӯи Ҳизби наҳзати исломӣ ва “Гурӯҳи 24” гумонбар шудааст. Худаш борҳо гуфтааст, ки ба ҳеҷ созмону гурӯҳе марбут нест ва ҳамкорӣ низ надорад. Ҳарду созмон низ ҳама гуна ҳамкории худро бо ӯ рад кардаанд.

Завқибек Саидаминӣ рӯзи 8-уми июли соли 2022 аз тарафи пулиси шаҳри Ваҳдат дастгир ва баъдан ба Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бурда шуд. Тибқи иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, мақомот таҳқиқи парвандаи Завқибек Саидаминии 38-соларо бар асоси қисми 2-и моддаи 307 (нишонаи 3) ҷамъбаст карда, миёнаҳои моҳи сентябр ба додгоҳ фиристодаанд. Ин айбнома аз панҷ то ҳашт сол зиндонро пешбинӣ мекунад.

Хабарнигори пешини “Телевизиони Тоҷикистон” бо сӯҳбатҳояш дар шабакаҳои иҷтимоӣ машҳур гашта, аз зумраҳои онҳое дониста мешуд, ки талош доранд, ҳақиқатҳо гуфта шаванд. Дар яке аз маъракаҳои интихоботӣ Завқибек Саидаминӣ талош кард, ба таври худпешбарӣ номзад шавад, аммо номзадии ӯро сабт накарданд ва ин ҳам яке аз ангезаҳои интиқодии журналист шуд.

Завқибек Саидаминӣ борҳо ба минтақаи низоъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон рафта, аз онҷо гузориш медод. Солҳои охир ба соҳибкорӣ ва барномаҳои хайрия машғул буд ва ахиран дар як сохтмон дар Душанбе кор мекард.

Дар ним соли охир дар Тоҷикистон дастикам 7 рӯзноманигору блогер дастгир ва алакай ду нафари онҳо – Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба 7,5 соли зиндон ва Муҳаммади Султон ба 7 соли зиндон – маҳкум шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button