ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

МАРҲИЛАИ ДУЮМИ АМАЛИЁТИ “НЕЛЕГАЛ-2022” ВА ДУЗДИИ 50 ҲАЗОР СОМОНӢ ДАР МАСТЧОҲ

Аз 10 то 17 октябр дар Тоҷикистон ва дигар кишварҳои узви ОДКБ марҳалаи дуюми амалиёти “Нелегал-2022” таҳти унвони “Нелегал-Кордон” баргузор карда мешавад.

хххххххххххххххххх

Як навраси 17-сола дар ноҳияи Мастчоҳ ба он гумонбар мешавад, ки моҳи сентябр аз хонаи як сокини ин ноҳия 50 ҳазор сомониро дуздидааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 12 октябри соли 2022

Марҳилаи 2-юми амалиёти «Нелегал-2022» дар вилояти Хатлон

image


Бо мақсади ба танзим даровардани раванди муҳоҷират, ҳамасола дар давлатҳои аъзои Шӯрои ҳамоҳангсозии мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (ОДКБ) дар чанд марҳила амалиётҳои муштараки «Нелегал» гузаронида мешаванд.
Мутобиқи нақшаи гузаронидани амалиёти минтақавии СААД оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии «Нелегал-2022» ва иҷрои фармони якҷояи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 5 апрели соли 2018 дар ду марҳила, аз 27 июн то 4 июли соли 2022, амалиёт бо номи «Нелегал-Трафик» аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон баҳри ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар қонуншиканиҳо гузаронида шуд ва марҳилаи дуюми амалиёти «Нелегал-2022» бо номи «Нелегал-Кордон» аз санаи 10 то 17 октябри соли 2022 ба роҳ монда шудааст.
Амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҳудуди вилоят, ҳамзамон ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани онҳо дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида мешавад.
Рафти амалиёт аз тарафи кормандони Хадамоти шиносномавию бақайдгирии Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва бахшҳои он дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, намояндагони Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, намояндагони Хадамоти муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон тибқи нақшаи тартибдодашуда дар ҳудуди вилоят амалӣ гардида истодааст.
Офоқ Қодириён, подполковники милитсия

Ифшо шудани дуздии маблағ

021.jpg

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 17-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда моҳи сентябри соли 2022 бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 37-солаи сокини ноҳияи мазкур шуда, аз он ҷо 50 ҳазор сомониро дуздида аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button