ВидеоФарҳангХабарҳои кӯтоҳ

ДАРГУЗАШТИ МУҲАРРИРИ ВАРЗИДАИ РАДИОИ “ОВОЗИ ТОҶИК” ОТАБЕК ҒОИБОВ

Муҳаррири варзидаи бахши ӯзбекии  радиои бурунмарзии “Овози тоҷик” Отабек Ғоибов дар синни 63 аз олам чашм пӯшид. Дар ин бора рӯзи 12 октябри соли 2022 Радиои Фарҳанг дар саҳифааш дар Фейсбук бо нашри як номаи таслият ва изҳори ҳамдардӣ ба пайвандони марҳум хабар дод. Дар бораи иллати марги Отабек Ғоибов чизе гуфта нашудааст

Отабек Ғоибов 24-уми марти соли 1959 ба дунё омада, Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (он вақт Донишкадаи омӯзгории забон ва адабиёти руси Тоҷикистон)-ро хатм кардааст. Отабек Ғоибов аз соли 1987 фаъолияти рӯзноманигориашро оғоз намуда, 35 сол ҳамчун муҳаррири бахши ӯзбекии радиои «Овози тоҷик» фаъолият дошт.

Отабек Ғоибов барои фаъолияти пурсамар дар соҳаи матбуот ва саҳмаш дар пешрафти ҷомеа бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва унвони Корманди шоистаи Тоҷикистон қадрдонӣ шудааст.  Отабек Ғоибов ҳамчунин  барандаи ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Лоҳутӣ ва медали 100–солагии матбуоти тоҷик шуда, барои маҷмӯаи гузоришҳояш дар миёни журналистон аз  50 кишвари ҷаҳон медали тиллои озмуни байналмилалии “Қалами тиллоӣ” (“Oltin qalam”)-ро ба даст овардааст.

“Ҳаёти чунин фарди қаламкаш ва эҷодкори асил, ки як умр бо қалам дӯстӣ дошт, барои рӯзноманигорони ҷавони радио мактаби хуби омӯзишу таҷриба аст. Ёду номаш гиромӣ бод!”, – навиштааст радиои Фарҳанг дар анҷоми сӯгномааш дар марги Отабек Ғоибов.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button