ВарзишВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

ЧОРШАНБЕ ЧОРШАНБИЕВРО АЗ МАҲБАСИ ХУҶАНД БОЗ БА ДУШАНБЕ ОВАРДААНД

Варзишгари шинохтаи варзиши ММА аз Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев, ки дар поёни моҳи декабри соли 2021 аз Русия ба Душанбе истирдод шуда, моҳи майи соли 2022 бо иттиҳоми даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум шуд ва дар маҳбаси низомаш сангини шаҳри Хуҷанд адои ҳукм мекард, боз ба Душанбе оварда шудааст ва феълан дар боздоштгоҳи №1 нигоҳ дошта мешавад.

Журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад, хабар дод, ки Чоршанбе Чоршанбиевро  барои идомаи адои ҳукмаш ба “зиндони пӯшида” (“крытая тюрьма”) гузарондаанд. Вале як манбаи пойгоҳи хабарии “Бомдод”  рӯзи 12 октябри соли 2022 гуфтанд, ки Чоршанбиевро барои бозпурсӣ ҳамчун шоҳид дар парвандаҳои зодагони дигари Бадахшон, аз ҷумла роҳбарони диаспораи бадахшониҳои Русия Ораз ва Рамзӣ Вазирбековҳо аз Хуҷанд ба Душанбе овардаанд.

Шояд то анҷоми мурофиаи додгоҳии зодагони дигари Бадахшон дар СИЗО бимонад. Баъдан барои идомаи адои ҳукм боз ба маҳбаси низомаш сангин баргардонда мешавад”, гуфт ҳамсуҳбати “Бомдод”, ки ба далели ҳассосияти мавзӯъ аз бурдани номаш худдорӣ мекунад.

Анора Саркорова хабар додааст, ки Чоршанбе Чоршанбиев дар маҳбаси Хуҷанд аз ҷониби маъмурони он зиндон мавриди бадрафторӣ қарор гирифта буд ва ӯро пайваста таҳрик медодаанд, то ки ягон вокуниш кунад ва инро дастак карда, ҷазояшро сахттар кунанд. Бино ба иттилои Саркорова, аммо варзишгар ба ин таҳрикҳо дода нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, Сабза Танибекова, модари Чоршанбе Чоршанбиев, рӯзи 12-уми октябр  бо тасдиқи хабари ба Душанбе интиқол додани писараш ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ки ӯро ҳанӯз натавонистааст дар инҷо бубинад. “Дар картсер (ҳуҷраи  ҷаримавии зиндон) имкони вохӯрӣ ва бурдани хӯрок нест”, гуфтааст модари варзишгари бадахшонӣ. Ӯ шарҳ надодааст, ки чаро Чоршанберо дар картсер (ҳуҷраи ҷаримавии зиндону боздоштгоҳ) ҷой кардаанд?

Сабза Танибекова нақл кардааст ки: “Ду ҳафта пеш ба зиндони шаҳри Хуҷанд рафта, ӯро дида будам. Пурсидам, шиканҷа мекунанду азият медиҳанд? Гуфт, не, аммо бисёр лоғар шудааст”.

Чоршанбе Чоршанбиев 27 сол дошта,  зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва  яке аз ситораҳои варзиши поп-ММА, як навъи ҷангҳои бидуни қоида аст. Ӯ солҳои охир дар Русия зиндагӣ ва ҳунарнамоӣ мекард. Рӯзи 3 декабри соли 2021, ҳамагӣ чанд рӯз баъди изҳори назараш дар бораи эътирозҳои Бадахшон, Чоршанбе Чоршанбиев  дар Маскав аз ҷониби кормандони ГИБДД (собиқ ГАИ) бо иттиҳоми дар тобистони соли гузашта бидуни ҳуҷҷати ронандагӣ ва бе суғуртаи ОСАГО бо суръати баланд рондани мошин боздошт шуд.  Додгоҳи ноҳияи Останкино билофосила ҳукми ихроҷи ӯро баровард ва Чоршанбиевро алакай рӯзи 30 декабри соли 2021 аз Маскав ба Душанбе фиристоданд.  Чоршанбиев баробари расиданаш ба Тоҷикистон дар фурудгоҳи Душанбе ба ҳабс гирифта шуд.

Додгоҳи ноҳияи И.Сомонӣ рӯзи 13 май Чоршанбиевро бо ҷурми “даъват ба сарнагун кардани сохти конститутсионӣ” ба 8 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Чоршанбие аз ин ҳукм норозигӣ карда, ба додгоҳи Душанбе шикоят овард. Вале додгоҳи Душанбе рӯзи 29 июни соли 2022 шикояти варзишгари шинохтаи зодаи Бадахшон Чоршанбе Чоршанбиев ва вакилони ӯро рад карда, ҳукми ӯро батағйир боқӣ гузошт.

Парвандаи Чоршанбиев асосан бар пояи як видео буд, ки ӯ дар он дар вокуниш ба ҳалокати Гулбиддин Зиёбеков ва чанд сокини дигари Бадахшон дар ҳодисаҳои моҳи ноябри соли 2021 мегӯяд, “бояд бар зидди беадолатӣ эътироз карда, ҳамаи афроде, ки дар марги мардуми бегуноҳ даст доранд, ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.”

Мақомот бар асоси ин навор варзишгарро ба даъват ба тағйири сохти давлатдорӣ айбдор карданд. Вале ӯ ин иттиҳомро рад карда, гуфта буд: “Ман ягон мақсади даъват ба ғасби базӯрии ҳукумат надоштам. Ман  танҳо ба ҷавобгарӣ кашондани гунаҳкоронро талаб карда будам.”

Тарафдоронаш истирдоди ӯ аз Русия ва ҳабсаш дар Душанберо интиқом барои изҳори назарҳояш дар бораи рӯйдодҳои Бадахшон мешуморанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button