ВидеоҶанг дар Украина

“УКРАИНАРО ТАРК КУНЕД ВА АЗ САФАР БА ИНҶО ХУДДОРӢ КУНЕД!” ТАВСИЯИ САФОРАТИ ТОҶИКИСТОН ДАР КИЕВ БА ШАҲРВАНДОНИ ТОҶИК

Сафорати Тоҷикистон дар Украина ба шаҳрвандоне, ки то ҳол ин кишварро тарк накардаанд, тавсия медиҳад, ки Украинаро тарк кунанд ва онҳое, ки ба ин кишвар сафар карданӣ ҳастанд, аз ин иқдом худдорӣ намоянд. Дар ин бора рӯзи 11 октябри соли 2022  Давлат Назрӣ, сафири Тоҷикистон дар Украина ба “Азия-Плюс” хабар дод.

“Дирӯз корманди мо, дипломате, ки бо масъалаҳои консулгарӣ сарукор дорад, тамоми раҳбарон ва фаъолони ҷамъиятҳои тоҷиконро огоҳ кард, ки дар паноҳгоҳҳо бимонанд ва тавсияҳои мақомоти маҳаллиро риоя кунанд, – гуфт Давлат Назрӣ ба “Азия Плюс”. — Имрӯз мо ният дорем, ки маълумотро дар байни шаҳрвандонамон паҳн кунем. Барои онҳое, ки то ҳол дар қаламрави Украина қарор доранд, тавсия медиҳем, ки ба талаботи ҳолати ҳарбӣ ва дастурҳои мақомоти маҳаллӣ оид ба таъмини амнияти шахсӣ ба таври қатъӣ риоя кунандд ва то ҳадди имкон қаламрави Украинаро тарк кунанд. Ба шаҳрвандоне, ки қасди ба Украина омаданро доранд, тавсия дода мешавад, ки то ба эътидол омадани вазъ аз сафар худдорӣ намоянд”.

Давлат Назрӣ


Ба гуфтаи дипломат, дар ҳоли ҳозир ҳамаи донишҷӯёне, ки дар донишгоҳҳои Украина таҳсил мекарданд, ба Тоҷикистон баргаштаанд.

“Боқимонда (шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, – идора) кор мекунанд, дар байни онҳо соҳибкорон ҳастанд, баъзеашон бо аъзои оила дар ин ҷо ҳастанд, – мегӯяд Давлат Назрӣ. – Ғайр аз ин, дар як моҳи охир мо раванди бозгашти шаҳрвандони худро ба Украина мушоҳида кардем, ки аз замони оғози амалиёти ҷангӣ ин кишварро тарк карда буданд”.

Дар ҳоли ҳозир, ба гуфтаи сафорат, дар Украина ҳудуди 2000 шаҳрванди Тоҷикистон ба сар мебаранд.

“Ҳоло консули мо барои муайян кардани теъдоди дақиқи шаҳрвандони мо кор мекунад”, – шарҳ дод сафир.

Дар сомонаи сафорат эълони дахлдор интишор шудааст:

“… аз ҳамаи шаҳрвандон хоҳиш мекунем, ки маълумоти зеринро ирсол намоянд: ному насаб, сана, моҳ ва соли таваллуд, инчунин рақами тамос ба суроғаи почтаи электронии сафорат:

 tajembkyev@mfa.tj ё тавассути рақами мобилӣ:

+380 93 336 10 40.

Дар мавриди саволу машварати иловагӣ шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд тавассути телефон тамос гиранд.

Тел: + 38 044 390 8998 (аз 09:00 то 18:00)

Моб. +380 93 336 10 40 (шабонарӯз).

Манбаъ: Аsia Рlus

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button