ВидеоТоҷикистон

“САЙРУГАШТ”-И ШАБОНАИ ХИРС ДАР МАРКАЗИ ТОҶИКОБОД НОҲИЯИ ТОҶИКОБОД (ВИДЕО)

Маҳмадсафо Нозилов, журналисти зодаи ноҳияи Тоҷикобод рӯзи 11 октябри соли 2022 видеои шабона дар яке аз кӯчаҳои маркази ин ноҳия “сайругашт” кардани хирси танҳоеро нашр кардааст.  Аз шитобону ҳаросон роҳ гаштани хирс бармеояд, ки ин ҷонвари ваҳшӣ зоҳиран раҳгум зада, вориди кӯчаҳои асфалтпӯши маркази ноҳияи Тоҷикобод дар шарқи Тоҷикистон шудааст. Дар видеои кӯтоҳи нашршуда дида мешавад, ки вақте хирс одамонро мебинад, боз ҳам бештар ҳаросон шуда, бо шитоб аз онҷо фирор мекунад ва дар дили шаб нопадид мешавад.

Деҳаи Тоҷикобод, маркази маъмурии ноҳияи ҳамном, дар тақрибан 230-километри шимолу шарқи шаҳри Душанбе, пойтахти Тоҷикистон, дар водии Рашт ҷойгир шудааст.

Ноҳияи Тоҷикобод бори аввали соли 1949, дар пайи заминларзаи пурқурбонии Ҳоит  аз тариқи муттаҳид кардани ду ноҳияи Ҳоит ва Қалъаи Лаби Об таъсис ёфт. Ҳамон вақт Қалъаи Лаби Об ба Тоҷикобод табдили ном кард ва маркази ин ноҳияи навбунёд интихоб шуд. Соли 1963 ноҳияи Тоҷикободро аз байн бурданд ва ҳудудашро ба ҳайъати ноҳияи Ғарм шомил карданд. Соли 1991 ноҳияи Тоҷикобод дубора барқарор карда шуд ва соли 2019 як қисмат аз заминҳри ноҳияи Нурободро низ ба он ҳамроҳ карданд. Бино ба омори расмӣ, то 1 январи соли 2022 дар ноҳияи Тоҷикобод тақрибан 50 ҳазор аҳолӣ зиндагӣ мекард.

Дар кӯҳҳои Тоҷикистон хирси тираранги Тиён-Шон (тянь-шанский бурый медведь) ба сар мебарад. Ин ҷонвари ваҳшӣ ба Китоби сурх шомил гардида, шикораш манъ карда шудааст. Вале бо вуҷуди манъи шикораш ҳар сол чандин сар хирс тӯъмаи шикорчиёни баднафс мешавад. Бино ба иттилои Аsia Рlus, пӯсти хирс дар бозори сиёҳи Тоҷикистон то 500 сомонӣ, як кило гӯшту равғанаш то 50 сомонӣ ва 10 грамм ҷигараш то 20 сомонӣ нарх дошта, нохуну дандонҳои хирсро низ мефурӯшанд. Гӯшти хирс хушмазза нест, вале гӯшту равғани ин ҳайвони нодирро барои хосиятҳои шифобахшиаш харидорӣ ва истеъмол мекунанд.

  Дар кӯҳҳои Тоҷикистон, бар асоси омори соли 2020, ҳамагӣ 840 сар хирс боқӣ мондааст. Ин ҷонвар асосан дар қаторкӯҳҳои Ҳисору Зарафшону Рашту Помир, шамчунин дар кӯҳистони вилояти Хатлон ва дар шимол дар кӯҳҳои Қурама ва Туркистон ба сар мебарад.

Хирс бузургтарин ва қавитарин ҷонвар дар табиати Тоҷикистон ба шумор меравад. Қади ӯ аз ё метру 30 сантиметро то 2 метру 55 сантиметр ва вазнаш аз 200 то 600 кило мешавад.

Хирсҳо асосан дар ҷангалҳои арчазор ва чарогоҳҳои кӯҳӣ ба сар мебаранд, вале дар фасли тирамох, ҳангоми пухтани меваҳое, чун себу ноку олу, чормағзу бодом ва хӯчу мармиҷон аз кӯҳҳо хеле по       йинтар мефароянд. Гоҳо хирсҳое, ки ба истеъмоли гӯшт одат мекунанд, дар ҷустуҷӯи чорво барои хӯрок ба маҳаллаҳои аҳолинишин низ медароянд. Дар чунин сурат, мақомот паррондани хирсро иҷозат медиҳанд, вале танҳо ба нафарони мутахассис.

Хирсҳо бесабаб ба одамон ҳамла намекунанд, вале агар нисбат ба худ аз тарафи инсон эҳсоси хатар кунанд, ҳоли он “манбаи таҳдид”-ро метавонанд хеле табоҳ кунанд. Тақрибан ҳар сол дар бораи ҳамлаи хирсҳо ба чӯпонҳову шикорчиён ё сокинони Тоҷикистон хабарҳо ба даст мерасанд.

Аз ҷумла як сол пеш як омӯзгори мактаб дар ноҳияи Ванҷ барои наҷоти ҷони ду наврас  бо хирс вориди набард шуд ва бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ карда шуд.

Соли 2014 дар Файзобод хирс як оиларо аз байн бурд. Зайдулло Зокиров, ҳамсари ӯ Шамъигул ва писари панҷсолаи онҳо замоне ҳадафи ҳамлаи ин ҷонвар қарор гирифтанд, ки пои пиёда ба зиёрати як мазор ба кӯҳ мерафтанд.

 Ҳамон сол дар ноҳияи Рашт хирс ба Абдуҷаббор Ҷамолови 15-сола ҳангоми чормағзчиниаш дар кӯҳ замла овард. Хирс аввал саги Абдуҷабборро кушт ва сипас ба худаш дарафтод, вале ин наврас тавонист фирор кунад ва ҷони солим ба дар барад.

Дар дараи Ромит як чӯпон тасодуфан ба лонаи хирс дучор шудааст. Дар он лона ду хирсбача будаанд ва модари онҳо бо гумони ин ки чӯпон метавонад ба фарзандони ӯ зараре бирасонад,  ба чӯпон ҳамла кардааст. Чӯпон дар даруни пирях пинҳон шудааст, вале нақл мекунад, ки хирс аз боло ба тарафи ӯ чанд санги калонро ҳаво додааст. Хушбахтона, ягон санг ба чӯпон нарасидааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button