ВидеоФарҳанг

АБДУРОЗИҚ БАЪДИ ЯК СОЛИ ТАНАФФУС НАХУСТИН КЛИПАШРО НАШР КАРД. ТАРОНАИ НАВИ Ӯ БА ҲИНДИСТ (ВИДЕО)

Абдурозиқ, овозхон ва шоумени ҷавони тоҷик, ки 19 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 18 кило вазн дорад, нахустин клипаш баъди “кандан” аз продюсери аввалаш Барон ва рафтанаш аз Тоҷикистонро нашр кард. Абдурозиқ, ки вақтҳои охир дар Дубай ва Ҳиндустон кору зиндагӣ мекунад, таронаи нахустинаш баъди як соли танаффусро ба забони ҳиндӣ иҷро кардааст.

Тарона “Chota Bhaijaan” унвон дорад, ки аз ҳиндӣ ҳамчун “Додарҷон” тарҷума мешавад.

Абдурозиқ ин таронаро дар ҳавои оҳангҳои хоси филмҳои ишқии ҳиндӣ, ки як замон дар Тоҷикистон ва Иттиҳоди Шӯравӣ низ хеле шуҳрат доштанд, сароидааст ва дар ҷараёни клип  ҷомаю либоси қаҳрамонҳои машҳури филмҳои ҳиндиро ба бар мекунад.

Ин тарона рӯзи 8 октябри соли 2022 дар канали Абдурозиқ дар Ютуб нашр шуда, дар байни 3 рӯз зери 300 ҳазор тамошобин ҷамъ овардаанд. Вале аз шарҳҳои зери клип дида мешавад, ки аксари тамошобинони таронаи нави Абдурозиқ аҳли Ҳинданд, ки таронаи ин овозхони тоҷикро дар умум хеле хуш пазируфтаанд. Аммо дар майдони шарҳҳои зери клипи тарона “Додарҷон”  шарҳҳо ба забони тоҷикӣ ваё аз тамошобинони тоҷик қариб дида намешаванд.

Абдурозиқ, як овозхони ҷавони зодаи Панҷакент аст, ки 19 сол ва ҳамагӣ  1 метр қаду 18 кило вазн дорад. Ӯ бо сурудхониаш дар бозори Панҷакент ном баровард ва соли 2019 Барон Абдурозиқро ба Душанбе оварда, таронаҳояшро тавассути студия ва канали “Авлод Медиа” сабт ва нашр кард. Онтаронаҳои Абдурозиқ дар Ютуб ҳар кадом  то чанд миллион тамошобин ҷамъ оварданд.

Шуҳрати ин овозхони навраси тоҷик як сол пеш дар пайи эълони ҷангаш бо блогери низ хурдҷусса аз Доғистон Хасбулло (Хасбик) ба берун аз Тоҷикистон роҳ ёфт. Он ҷанг дар ниҳоят доир нашуд, вале овозаи Абдурозик чунон оламшумул шуд, ки ӯро акнун ба ҷашну тантанаҳои байналмилалӣ даъват мекардандд ва ҳатто ошпази машҳури турк Бурак бо Абдурозиқ якҷо гамбургери бузурге пухт, ки аз Абдурозиқ ҳам калонтар буд. Моҳи августи соли 2021 мақомоти Имороти Муттаҳидаи Араб ба Абдурозиқ визаи тиллоӣ тақдим карданд. Ӯ бо ин виза метавонад 10 сол дар ҳудуди Иморот, аз ҷумла дар Дубай ва Абу Забӣ бидуни виза кору иқомат кунад.

Моҳи ноябри соли 2021 Абдурозиқ аз продюсери аввалинаш Барон, ба қавле “канда” кард ва корро бо продюсерҳои дигар дар Дубай оғоз кард. Барон аввал Абдурозиқро ба “хиёнат ба бародарони тоҷикаш” айбдор кард, Абдурозиқ дар ҷавоб Баронро айбдор кард, ки пули ӯро пурра намедод. 

Ҷудоии байни Барону Абдурозиқ дар он шабу рӯз ба яке аз мавзӯъҳои аввали вирди забони мардум ва матбуот табдил ёфта буд. Бархе аз Абдурозиқ интиқод мекарданд, ки набояд ба устодаш, ки ӯро ба саҳна овард, хиёнат мекард. Гуруҳи дигар аз Барон хостанд, ки Абдурозиқро раҳо кунад ва имкон бидиҳад, ки худро дар арсаи байналмилалӣ бисанҷад.

Вақте ки ин ҷанҷол тоза авҷ мегирифт, Барон аз ҳама хост, ки ба ин қазия нуқтаи таммат гузоранд ва шогирди собиқи ӯро дигар мазаммат накунанд.

Дар ин як соле ки гузашт, ки Абдурозиқ дар як клипи Моргенштерн нақш иҷро кард ва бино ба хабарҳо, дар як филми  нави ҳиндӣ бо номи шартии “Бародар” бояд ҳамроҳ бо ситораи машҳури Болливуд Салмон Хон нақш иҷро кунад. Ҳамин тавр, Абдурозиқ дар ин як соли охир  аксҳои зиёди муштарак бо шахсиятҳои машҳур, аз ҷумла бо шаҳрдори Лондон Содиқ Хон, ситораи футбол Роналду, ошпази турк Бурак ва чандин ситораи дигарро нашр кард ва инак нахустин клипашро баъди “кандан” аз Барону рафтан аз Тоҷикистонро нашр кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button