Марзи Тоҷикистону Қирғизистон

ТОҶИКИСТОН АЗ КУШТА ШУДАНИ 59 ШАҲРВАНДАШ ДАР МУНОҚИШАИ АХИР ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН ХАБАР ДОД

Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ рӯзи 7 октябри соли 2022 дар шаҳри Ереван дар машваратҳои муовинони вазирони корҳои хориҷии давлатҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (ОДКБ) ба аҳли нишаст дар бораи талафоти ҷониби Тоҷикистон дар ҷараёни муноқишаи хунини мусаллаҳонаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи ин кишвар бо Қирғизистон маълумот додааст.  Ба гуфтаи Содиқ Имомӣ, аз тарафи Тоҷикистон дар ҷараёни ин муноқиша 59 нафар кушта шуда, 234 нафар захмӣ шуданд ва 296 биною иншоот, аз ҷумла 3 мактаб, 3 масҷид ва 3 муассисаи тиббӣ вайрон карда шудаанд.

Ҷониби Қирғизистон қаблан дар бораи ҳалокати 63 нафар ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 тан аз он тараф хабар дода буд.

Мақомоти Тоҷикистон қаблан ҳалокати беш аз 40 нафар танҳо аз ҳисоби шаҳрвандони мулкӣ ва ҷароҳат бардоштани беш аз 200 касро тасдиқ карда буданд, вале дар матбуот рӯйхатти дастикам 75 қурбонии муноқишаи ахир дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон нашр шуд.

Омори нав дар бораи омори тарафи Тоҷикистон дар муноқишаи ахир дар марз бо Қирғизистонро вазорати хориҷа дар иттилоияи расмиаш дар бораи нишасти Ереван нашр кард, вале баъди муддати кӯтоҳе ин рақамҳоро аз иттилоияро барчид.

Дар иттилоияи вазорати хориҷаи Тоҷикистон баъди ҳазфи омори талафот танҳо ин ҷумлаҳо боқӣ мондаанд ки: “С. Имомӣ ба давлатҳои узви СААД дар бораи пайомадҳои таҷовузи низомии қаблан тарҳрезишудаи Қирғизистон алайҳи Тоҷикистон маълумоти муфассал дод. Қайд шуд, ки амалҳои таҷовузкоронаи давлати ҳамсоя хилофи алгоритми фаъолияти СААД ва муқаррароти санадҳои оинномавии Созмон аст. Таъкид гардид, дар ҳоле, ки Тоҷикистон дар муқобили таҳдидҳои ҷиддӣ ба тамоми минтақаи СААД маҷбур аст барои ҳифзи марзҳои ҷанубии минтақаи амнияти дастаҷамъии Осиёи Марказӣ нерӯҳо ва васоити зиёде эъзом кунад, иғвогариҳо дар минтақаи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон қобили қабул нест.

Қаблан намояндагони Қирғизистон низ ба ОДКБ шикоят карда буданд, ки Тоҷикистон ба қамлрави кишвари онҳо ҳамла оварда, бо ин рафтораш обрӯи ин созмонро дар минтақа мерезонад.

Муноқишаи рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 бо беш аз 120 куштаю беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд.

Дар ду соли охири 2021 ва 2022 муноқишаҳои мусаллаҳона дар марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон наздики 200 кушта ва беш аз 750 захмӣ ба ҷо гузоштаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button