ВидеоМарзи Тоҷикистону Қирғизистон

ОРДЕНИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН САБАБИ ҶАНҶОЛИ ДИПЛОМАТӢ ШУД

Тавре хабар дода будем, президенти Русия Владимир Путин ахиран ба муносибати 70-солагиаш президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро бо ордени “Барои хидматҳо барои Ватан” дараҷаи III  (орден “За заслуги перед Отечеством” III степени) қадрдонӣ кард. Дар фармони Путин гуфта мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон “барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ” бо ин мукофоти давлатии Русия сарфароз гардонда мешавад.

Ин орден ҷанҷоли нави дипломатиро байни Қирғизистону Тоҷикистон барангехтааст.

Сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Қирғизистон Чингиз Кустабаев саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмину суботу амният дар минтақа ба чолиш кашида,  дар як матлаб бо номи “Мукофот гунаҳкорро ёфт”, ҳамагӣ баъди чанд рӯзи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тақдим шудани чунин орден ба як тарафи муноқишаро суолбарангез номид.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ дар як изҳорот ин баёнияи ҳамтои қирғизашро маҳкум кард ва гуфт, чунин  баёнияҳо ғайри қобили қабул буда, ҷавобгӯи меъёрҳои одоби дипломатӣ нест”.

Рӯзи 7 октябр, вазорати хориҷаи  Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаевро ба вазорат эҳзор карда, ба ӯ дар робита ба ин изҳороти Кустабаев нотаи эътирозӣ супурд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, “ҷониби Тоҷикистон чунин изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ арзёбӣ менамояд”.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон ба дунбол сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ҳузур хонда, эътирози Душанберо дар робита ба баёнияи сухангӯяш “ноҷо” номид. Ба сафири тоҷик дар Бишкек изҳор доштаанд, ки “Қирғизистон кишвари демократист  ва бар асоси Қонуни асосиаш ҳар шаҳрванд ҳаққи баёни ақидаи худро дорад”.

Рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунине сар зад, ки бо беш аз 120 куштаю беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button