ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонСиёсат

ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА 70-СОЛАГИИ ПУТИН ДУ ҒАРАМ ТАРБУЗУ ХАРБУЗА ТУҲФА БУРДААСТ (2 ВИДЕО)

Рӯзи 7 октябри соли 2022, дар рӯзе, ки президенти Русия Владимир Путин ба синни 70 расид, дар қасри Константини шаҳри Санкт Петербург нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви СНГ доир шуд.  Сухангӯи Путин Дмитрий Песков гуфта буд, ки мақсад аз ин нишаст таҷлили 70-солагии президенти Русия нест, вале президентҳои СНГ, ки Путинро дер боз мешиносанду аз зодрӯзаш хабар доранд, ҳатман ӯро бо истифода аз фурсат табрик хоҳанд кард.

Ҳарчанд Кремл мегуфт, ки ин нишаст рабти мустақиме ба ҷашни Путин надорад, вале рӯзномаи аз масоили муҳим ории нишасти Петербург нишон медод, ки ҳадафи асосӣ аз ин нишастану гуфтану бархостан шахсан барои табрики Путин расидани президентҳои зери нуфузи ӯст.

Аз 10 кишвари узви СНГ танҳо 2 президенти Қирғизистону Молдова Содир Ҷабборов ва Майя Санду ба Петербург ба табрики Путин наомаданд.

То ин соат ба Путин чӣ туҳфа кардани ду президент маълум шудааст.

Бино ба хабарҳо, президенти Беларус Александр Лукашенко ба Путин ба муносибати 70-солагиаш трактори тамғаи “Беларус 1523.3” туҳфа кардааст. Вале туҳфаи Эмомалӣ Раҳмон аз тирезаи қасри Константин ба чашм мерасид ва расонаҳо видеои онро ҳам нашр карданд. Маълум шуд, ки Эмомалӣ Раҳмон барои табрики Путин бо худ ба Петербург як ҳавопаймо тарбузу харбуза бурдааст ва аз ин полезиҳои бурдаи Эмомалӣ Раҳмон дар саҳни ҳавлии қасри Константин ду пирамида ё манораи бузурге яке аз тарбуз ва якеи дигар аз харбуза сохтаанд ва аз меваҳои дигар дар канори ин ду манораи тарбузу харбуза қолини мевагӣ “густурдаанд”.

Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар Душанбе низ ба муносибати меҳмонони баландпояаш дуруст кардани чунин пирамидаҳо аз меваву сабзавоти гуногунро хуш дорад ва моҳи июни соли ҷорӣ, вақте Путин аз Тоҷикистон боздид кард, барои ӯ ҳам аз меваву сабзавоти Тоҷикистон чандин чунин манораву фаввора сохта буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ба синн аз Путин ҳамагӣ ду рӯз калонтар буда, рӯзи 5 октябри соли 2022 ба синни 70 расид. Путин, ки соли 2012 дар 60-солагии Эмомалӣ Раҳмон шахсан ба Душанбе омада, ба ӯ як камони снайперӣ туҳфа карда, буд, ин дафъа рӯзи 4 октябри соли 2022, дар арафаи ҷашни 70-солагии президенти Тоҷикистон ӯро бо ордени “Барои хидматҳо барои Ватан” дараҷаи III  (орден “За заслуги перед Отечеством” III степени) қадрдонӣ кард. Дар фармони Путин гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон “барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ” бо ин мукофоти давлатии Русия сарфароз гардонда мешавад.

Ин орден ҷанҷоли нави дипломатиро байни Қирғизистону Тоҷикистон барангехтааст.

Сухангӯи расмии вазорати хориҷаи Қирғизистон Чингиз Кустабаев саҳми Эмомалӣ Раҳмонро дар таъмину суботу амният дар минтақа ба чолиш кашида,  дар як матлаб бо номи “Мукофот гунаҳкорро ёфт”, ҳамагӣ баъди чанд рӯзи муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон тақдим шудани чунин орден ба як тарафи муноқишаро суолбарангез номид.

Вазорати хориҷаи  Тоҷикистон рӯзи 7 октябр сафири Қирғизистон дар Душанбе Эрлан Абдилдаевро ба вазорат эҳзор карда, дар робита ба ин изҳороти Кустабаев нотаи эътирозӣ супурд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон гуфт, “ҷониби Тоҷикистон чунин изҳороти пасти котиби матбуотии Вазорати корҳои хориҷии Қирғизистонро далели аз байн рафтани фарҳанги сиёсӣ ва набудани одоби оддии дипломатӣ арзёбӣ менамояд”.

Сухангӯи вазорати хориҷаи Тоҷикистон Шоҳин Самадӣ низ ба сурати алоҳида баёнияи ҳамтои қирғизашро маҳкум кард.

Вазорати хориҷаи Қирғизистон ба дунбол сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ҳузур хонда, ба ӯ изҳор доштааст, ки “Қирғизистон кишвари демократист  ва бар асоси Қонуни асосиаш ҳар шаҳрванд ҳаққи баёни ақидаи худро дорад”.

Рӯзҳои 14-17 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи хунине сар зад, ки бо беш аз 120 куштаю беш аз 400 захмиаш хунинтарин муноқиша дар таърихи муноқишаҳои марзии тамоми Осиёи Марказӣ баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ дониста мешавад. Ҳарду ҷониб якдигарро дар шурӯи ин муноқиша айбдор мекунанд.

Иштирок дар вохӯрии ғайрирасмии сарони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил   07.10.2022

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button