ВидеоИлму фанноварӣНомаҳо ба президент

ҶАМЪ КУ АСБОБТА, БРА АЙ ИҶА! НОЗИРОНИ МИЛИТСЯ ДАР ДУШАНБЕ ТАМОШОИ СИТОРАҲОРО БО ТЕЛЕСКОП ИҶОЗАТ НАДОДААНД

Парвизи Орзуқул, як донишҷӯи тоҷик, ки як телескоп харида ва чанд вақт боз сокинону меҳмонони Душанберо ба  астроэкскурсия, яъне тамошои ситораҳои осмон даъват мекунад, шаби 8 ба 9 октябри соли 2022 дар саҳифааш дар Фейсбук хабар дод, ки ду  корманди  милитсия, ки худро нозири минтақавӣ (“участковий”) муаррифӣ кардаанд, монеи баргузории ин кори ӯ шудаанд.

Ин ду корманди милится ҳангоми ташкили тамошои ситораҳо ба назди Парвизи Орзуқул омада, амраш додаанд, ки:  

Ҷам кун асбобта, мумкин нест бза бра ай иҷа”

—Гуфтам “Тротуарная астрономия” ё “Астроэкскурсия”-ро фаҳмидагиед?

 -Гуфтанд, “Ҳо”

—Пурсидем барои чӣ мумкин нест ва дар кадом қонун оварда шудааст, ки “тарғиби илму фан” ва “Астроэкурсия бо телескоп” манъ аст?

-Мегуянд, “савол надеҳ, мумкин нест гуфтем, тамом, дига наё иҷа”…”

Ин ҳодиса дар ҳоле рух дод, ки президенти Тоҷикистон солҳои 2020 — 2040-ро «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиат­шиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» эълон кардааст. Як бахши ин бистсола маҳз тарғиби илму фанновариҳост.

 Парвизи Орзуқул, ки астроэкскурсияҳояшро ба сурати ройгон доир мекард, аз ин моҷарое, ки кормандони милиса ба сараш оварданд, нороҳат шудааст.

Ӯ менависад: “Мо ки илмро тарғиб ва ҷаҳонбинии ҷавонону ҳамватанонамонро васеъ кардан хостем ва як навоварӣ кардем, аз шумо ягон дастгирӣ ва фоида надидем, ИЛТИМОС, ба кори мо фоидаатон намерасад, зараратон ҳам нарасад, гузоред ба ҳоли худ кору фаъолият кунем. Ин дар ҳолест, ки кору фаъолияти мо хусусияти тиҷоратӣ надорад, аз аввал гуфта будам то ҳол мегӯям: АСТРОЭКСКУРСИЯ РОЙГОН АСТ! То ин вақт аз касе барои тамошо маблағ хоҳиш кардагӣ нестем, касе маблағ дода бошад, бо хоҳиши худ барои пешравии корамон, “чойпулӣ” ё барои донишҷӯ буданамон ҳиммат кардааст”.

Парвизи Орзуқул, ки ба ташкили тамошои ситораҳо (астроэкскурсия) бо шавқи тамом дастбакор шуда буд, баъди ин моҷаро боз ҳам ба ин кори худ идома доданӣ аст. Ӯ ба ин хотир кумаки ҳуқуқӣ хоста ва пурсидааст, ки оё аз куҷо бояд барои тарғиби илм ҳуҷҷат бигирад?

Ӯ менависад: “Аз куҷо ҳуҷҷат гирифта метавонам, ки илмро тарғиб кунам? Барои он ки барои “тарғиби илм” ин дафъа аз ман ҳуҷҷат мепурсанд, то ки ҳуҷҷат надошта бошем,рухсат намедиҳанд, ки “Астроэкскурсия” гузаронем. Кӣ ё кадом кумита ба мо ёрӣ расонида метавонад?”

Парвизи Орзуқул дар риштаи энергетикаи Донишгоҳи фаннии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ таҳсил мекунад. Ӯ дар як мусоҳибааш гуфта буд, аз хурдӣ ба физика ва астрономия шавқу равғбати беандоза дошт, вале азбаски яккаписари оила асту аз ҳисоби физикаву астрономия оилаашро таъмин кардан имкон надошт, ба Донишгоҳи техникӣ ҳуҷҷат супурд.

Парвизи Орзуқул ахиран баъди харидани як телескоп ҳамаро даъват кард, ки шабонаҳо барои тамошои ситораҳо биоянд.

Шаҳноз Комилзода, журналисти тоҷик баъди чанде хабар дод, ки дар пайи дахолати фаврии  Умарҷони Эмомалӣ, раҳбари дастгоҳи вазири корҳои дохилии Тоҷикистон ин мушкили Парвизи Орзуқул ҳал шудааст. Вале ин суол боқӣ мемонад, ки оё дар воқеъ барои тарғиби илму фанноварӣ ҳам дар Тоҷикистон бояд ҳатман аз ягон идора иҷозатнома бигиранд?

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button