ВидеоНомаҳо ба президент

ПУТИН ЭМОМАЛӢ РАҲМОНРО БА МУНОСИБАТИ 70-СОЛАГИАШ БО ОРДЕНИ “БАРОИ ХИДМАТҲО БАРОИ ВАТАН” ДАРАҶАИ III ҚАДРДОНӢ КАРД

Президенти Русия Владимир Путин рӯзи 4 октябри соли 2022, дар арафаи ҷашни 70-солагии президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамтои тоҷикашро бо ордени “Барои хидматҳо барои Ватан” дараҷаи III  (орден “За заслуги перед Отечеством” III степени) қадрдонӣ кард. Дар фармони Путин гуфта мешавад, ки Эмомалӣ Раҳмон “барои саҳми бузурги шахсиаш дар таҳкими равобити шарикӣ ва иттифоқии стратегӣ байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин таъмини суботу амнияти минтақавӣ” бо ин мукофоти давлатии муътабари Русия сарфароз гардонда мешавад.

 О́рдени “За заслу́ги пе́ред Оте́чеством” соли 1994 таъсис ёфта, то таъсиси ордени Андрей Первозванний дар соли 1998 баландтарин ордени давлатии Русия ба шумор мерафт. Ин орден барои хидматҳои фавқулодда бузург дар таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодии Русия, фаъолиятҳои илмию таҳқиқотӣ, рушди фарҳангу ҳунар, дастовардҳои бузурги варзишӣ, таҳкими сулу дӯстӣ ва ҳамкории байни кишварҳо ва ҳамчунин барои саҳми арзанда дар таҳкими иқтидори мудофиавии Русия эъто карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон,  охирин президенти дарозумри Осиёи Марказӣ, рӯзи 5 октябр ба синни 70 расид. Ӯ аз соли 1992, инак 30 сол боз бар Тоҷикистон роҳбарӣ мекунад.

Путин ба Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 70-солагиаш барқияи шодбошӣ низ фиристода, дар он президенти Тоҷикистонро “дӯсти ҳақиқии Русия” ва  “арбоби давлатии хирадманд ва соҳибтаҷриба”-е номидааст, ки “дар роҳи рушди кишвари худ ва ҳимояи манфиатҳои он корҳои зиёдеро анҷом медиҳад” ва “миёни мардум аз эҳтироми шоиста бархӯрдор гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ эътибори баланд касб намудааст”. Путин таъкид кардааст, ки “робитаҳои нек ва дӯстонааш” бо Эмомалӣ Раҳмонро баланд қадр мекунад.

Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин  ба ин нукта таъкид кардааст, ки таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон “Тоҷикистон бо дарназардошти шароити миллии худ роҳи рушдро пеш гирифт ва дар ҷодаи бунёди давлатдорӣ ба комёбиҳои бузург ноил гардид. Ба сифати ҳамсояи дӯст ва шарики ҳамаҷонибаи стратегӣ Чин аз ин сидқан хушҳол аст”.

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Эмомалӣ Раҳмонро дар паёми шодбошиаш “бародари азиз” ном бурда навиштааст, ки дар Ӯзбекистон ӯро “ҳамчун арбоби барҷастаи давлатии Тоҷикистони муосир, фарзанди барҷастаи халқи худ ва пешвои ҳақиқӣ мешиносанд, ки ба хотири сулҳу шукуфоии кишвараш бо матонати бузург фаъолият дорад”.

Президенти Беларус Александр Лукашенко дар паёми шодбошиаш навиштааст: “Маҳорати баланди кордонӣ, салоҳиятнокӣ, қувваю хиради барҷастаю фавқулода Шуморо намунаи равшани роҳбари сиёсие мегардонанд, ки масъалаҳои мураккаби давлатиро муваффақона ҳал менамояд… Итминон дорам, ки вохӯрии дарпешистодаи мо дар Душанбеи офтобӣ ва меҳмоннавоз ба ҳамкории гуногунҷанбаи стратегии ду кишвар ба манфиати халқҳои бародар такони иловагӣ мебахшад”.

Ҳамин тавр, президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов дар табрикоташ Эмомалӣ Раҳмонро “роҳбари хирадманд” унвон карда,  раисиҷумҳури  Туркия Раҷаб Эрдуғон ӯро аз номи миллати турк ва шахсан аз номи худаш табрик гуфтааст. Раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Райисӣ бо изҳори умедворӣ ба идомаи ҳамкориҳои ду кишвар навиштааст: Аз Худованди мутаъол саломативу муваффақияти он Ҷаноб ва беҳрӯзиву сарафрозии мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистонро орзу дорам”.

Президентҳои Озарбойҷону Қазоқистон Илҳом Алиев ва Қосим -Жомарт Тоқаев, ҳамчунин президенти собиқи Қазоқистон Нурсултон Назарбоев субҳи 5 октябр ба Эмомалӣ Раҳмон занг зада, ӯро ба ҷашни 70-солагиаш табрик гуфтаанд. Бино ба гузориши хадамоти матбуоти Эмомалӣ Раҳмон, Назарбоев дар табрикоташ аз ҷумла  ба саҳми босазои президенти Тоҷикистон дар барқарорӣ ва таҳкими давлатдории Тоҷикистон, таъмини рушди пойдор ва боло бардоштани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ” таъкид кардааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button