ВидеоҲуқуқи инсон

КУМИТАИ ДИФОЪ АЗ ЖУРНАЛИСТОН ҲУКМИ ЗИНДОНИ АБДУЛЛОҲ ҒУРБАТИРО МАҲКУМ КАРД

Кумитаи дифоъ аз журналистон (CPJ), як созмони байналмилалии қароргоҳаш дар Амрико, ки аз ҳуқуқи журналистон ва озодии матбуот дар саросари ҷаҳон ҳимоят мекунад, ҳафтуним сол ҳукми зиндони журналист ва таҳиягари филмҳои мустанад аз Тоҷикистон Авазмад Ғурбатов, маъруф бо тахаллуси Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум кард.

Гулноза Саид, ҳамоҳангсози барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ дар  Кумитаи дифоъ аз журналистон  дар як изҳороти вижа гуфт: “Мо ҳукми шадид ва беасоси журналист Абдуллоҳ Ғурбатиро маҳкум мекунем. Зоҳиран чунин ҳукми сахт натиҷаи норозигии мақомоти Тоҷикистон аз афзоиши маҳбубияти сабки ҷасуронаи журналистикаи шаҳрвандист, ки Абдуллоҳ Ғурбатӣ ва ҳамкораш Далери Имомалӣ таҷриба мекарданд. Мақомоти Тоҷикистон бояд ба талоши бознигарии ҳукми Абдуллоҳ Ғурбатӣ мамониат накарда, ӯ, Далери Имомалӣ ва ҳамаи журналистони дигареро, ки дар ҳоли ҳозир барои анҷоми кори худ дар ҳабс қарор доранд, озод кунанд. Мақомоти Тоҷикистон бояд маъракаи тарсондани матбуоти мустақили кишварро, ки аз чор тараф таҳти саркӯб қарор гирифтааст, бас кунанд”.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дод, додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе рӯзи 4 октябри соли 2022  дар як мурофиаи пушти дарҳои баста Абдуллоҳ Ғурбатиро дар таҳқир ва латтукӯби намояндаи ҳокимият ва узвият дар созмони мамнӯъ гунаҳкор шинохт ва ӯро ба 7 солу 6 моҳи маҳбаси низомаш сахт маҳкум кард. Ғурбатӣ худро дар мавриди ҳар се иттиҳоми ба зиддаш эълоншуда бегуноҳ донист ва ҳар навъ иртиботи худ бо ягон гуруҳи ифротиро низ рад карда, аз додгоҳ хост, ки ӯро бегуноҳ барорад ва сафед кунад. Ӯ ҳоло қасд дорад, ки аз ҳукмаш ба додгоҳи болоӣ шикоят барад.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ, ки ба журналисти дигари тоҷик Далери Имомалӣ дар таҳияи гузоришҳои видеоӣ пиромуни масоили доғи Тоҷикистон ҳамкорӣ мекард, рӯзи 15 июни соли ҷорӣ, ҳамагӣ чанд соат баъди Далери Имомалӣ ба ҳабс гирифта шуд. Далери Имомалӣ то ҳол дар боздошт мунтазири шурӯи парвандааш мебошад. Мақомот ӯро ба чандин ҷинояти вазнин, аз ҷумла юба узвият дар созмони мамнӯъ айбдор мекунанд.

Видеорепортажҳои Далери Имомалӣ ва Абдуллоҳ Ғурбатӣ ба далели сабки ҷасуронаи масъагузориашон тамошобини зиёд пайдо карда буданд ва қабл аз ҳабси онҳо шумораи обуначиёни канали Далери Имомалӣ дар Ютуб ба 150 ҳазор нафар расида буд.

Абдуллоҳ Ғурбатӣ дар соли 2020 низ ҳангоми таҳияи гузоришҳояш дар Душанбе ва ноҳияи Хуросон ҳадафи ҳамлаву латтукӯб қарор гирифта буд.

Дар моҳҳои охир дар Тоҷикистон дастикам 6 журналистро бо иттиҳомоти сангине, чун ифротгарӣ ба ҳабс гирифтаанд. Ҳамин тавр, дар Тоҷикистон чанд блогер низ дастгир шудаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button