ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

ДУ КУШТА ВА ДУ ЗАХМӢ БАР АСАРИ БАРХӮРДИ ДУ “ОПЕЛ” ДАР НОҲИЯИ ҶАББОР РАСУЛОВ

Шаби 4-уми октябр, тахминан соати 01:30, дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бар асари ба ҳам бархӯрдани ду мошини “Опел” ронандаи яке аз ин мошинҳо, сокини 37-солаи шаҳри Хуҷанд ва мусофираш, сокини 33-солаи ноҳияи Б.Ғафуров ва дуюмӣ аз ноҳияи Деваштич ҷароҳат бардоштаанд.

хххххххххххххххх

Сокини 28-солаи Душанбе ба он гумонбар мешавад, ки рӯзи 2 октябр аз як дӯони “Тезтайёр” дар ҳудуди ноҳияи И.Сомонӣ  якчанд таҷҳизоти хӯрокпазӣ ва як телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро дуздида, ба соҳиби ин дӯкон 23 ҳазору 900 сомонӣ зарар расондааст.

Аз навори хабарҳои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон аз рӯзи 05.10.2022

Бархӯрди ду автомашинаи «Опел-Астра» боиси марги ронанда ва мусофир гардид

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

4-уми октябри соли 2022, тахминан соати 01:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаюмов Камол Муҳаммадҷонович, соли таваллудаш 1985, сокини шаҳри Хуҷанд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чанок», воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҷ.Расулов, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, муқобили ҳаракати роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», таҳти идораи Зулфонов Орзуқул Нарзиқулович, соли таваллудаш 1982, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра», Қаюмов К.М. ва мусофираш Ҷумъаев Баҳриддин Тухтабоевич, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Б.Ғафуров, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Ронандаи автомашинаи дигари тамғаи «Опел-Астра», Зулфонов О.Н. ва мусофири дохили автомашина Қузиев Баҳодир Султонович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Деваштич, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ошкор шудани ҳолати дуздӣ дар дукони «Тезтайёр»

021.jpg

Ба ШВКД дар ноҳия И.Сомонӣ бо ариза марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки 2-юми октябри соли 2022, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дӯкони «Тезтайёр», воқеъ дар ноҳияи мазкур, якчанд таҷҳизоти хӯрокпазӣ ва 1-адад телефони мобилии тамғаи «Самсунг»-ро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Зарари расонидашуда 23 ҳазору 900 сомониро ташкил медиҳад.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button