ВидеоРӯйдодҳои Бадахшон

АМРИДДИН АЛОВАТШОЕВРО БАРОИ ЧӢ АЗ МАҲБАСИ ВАҲДАТ БА СИЗОИ ДУШАНБЕ ОВАРДАНД?

Амриддин Аловатшоев, яке аз лидерҳои ғайрирасмии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва аз раҳбарҳои бонуфузи ҷамъияти зодагони Бадахшон дар Русияро, ки ба 18 соли зиндон маҳкум шуда, дар маҳбаси воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат адои ҳукм мекард, аз ин маҳбас дигарбора ба боздоштгоҳи №1 шаҳри Душанбе овардаанд.

Журналист Aнора Саркорова, ки асосан рӯйдодҳои Бадахшонро пайгирӣ мекунад,  рӯзи 22 сентябри соли 2022 бо такя ба манобеи худ хабар дод, ки  3 сол аз ҳукми Аловатшоевро гӯё ба маҳбаси пӯшида иваз кардаанд ва сабаби ба боздоштгоҳ  баргардонданаш ҳамин аст.

Пайвандони Аловатшоев низ ба боздоштгоҳи Душанбе овардани ӯро тасдиқ карданд, вале дар мавриди сабаби чунин тасмими мақомот изҳори бехабарӣ кардаанд.

Вале Радиои Озодӣ бо такя ба як ҳамсуҳбаташ аз боздоштгоҳи Душанбе гуфт, Аловатшоевро барои шоҳидӣ додан дар мурофиаи  генерал Холбаш Холбашев аз маҳбас ба инҷо оварданд. Додгоҳи олии Тоҷикистон рӯзи 22 сентябр дар як ҷаласаи пушти дарҳои баста дар дохили боздоштгоҳ ин  генерали қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистонро ба ҳабси абад маҳкум кард.

Амриддин Аловатшоев 21-уми декабри соли 1977 дар ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  ба дунё омада, ду фарзанд дорад.  Исми ӯ бори аввал дар октябри соли 2018 вақте дар сархатти хабарҳо афтод, ки мақомот дар қатори 7 лидери ғайрирасмии Бадахшон бо Аловатшоев низ як протоколи алоҳида имзо карданд. Бар асоси он санад, Аловатшоев уҳдадор мешуд, ки аз ташкили гуруҳҳои ҷиноӣ даст кашида, ҷавононро ба зидди ҳукумат нашӯронад.

Аловатшоев соли 2019 ба Русия рафт ва ба зудӣ яке аз лидерҳои бонуфузи диаспораи зодагони Бадахшон дар ин кишвар шуд.  Гуфта мешавад, ки Аловатшоев дар ҳалли мушкилоте, ки ба сари муҳоҷирони бадахшонӣ дар Русия меомад, кумак мекард ва барои ҷавонони ин минтақа дар Маскав ва дигар шаҳрҳои Русия толорҳои варзишӣ ташкил мекард.

Амриддин Аловатшоевро яке аз ташкилкунандагони митинги шоми 25 ноябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав мешуморанд. Ӯ аз ҷумлаи онҳое буд, ки он шом бо сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшо Гулмаҳмадзода мулоқот карданд ва талабҳои эътирозгаронро ба вай расонданд.

Аловатшоев рӯзи 11 январ дар вилояти Белгороди Русия дастгир шуд ва алакай рӯзе баъд аз тариқи Маскав ба Душанбе оварда шуд.  Додгоҳ рӯзи 29 апрел дар дохили СИЗО №1 баъди ҳамагӣ 5 соати шурӯи мурофиа Аловатшоевро ба 18 соли зиндон маҳкум кард. Тафсилоти парвандаи ӯ то ҳол расман нашр нашудааст.

Ба гуфтаи як манбаи огоҳ, Аловатшоевро аз ҷумла ба он гунаҳкор кардаанд, ки гӯё «соли 2018 ба ҳуҷраи кории Шодихон Ҷамшед, раиси вақти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ворид шуда, ӯро гаравгон гирифтаву утоқашро хароб кардаанд.» Толиб Айёмбеков, яке аз лидерони ғайрирасмӣ дар ВМКБ, он вақт гуфта буд, ки баъзе афродро дар зиндон шиканҷа карданд ва онҳо ба назди раиси вилоят рафтанд, то масъаларо таҳқиқ кунад.

Маҳз баъди он воқеа, раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тамоми роҳбарони вилоятро аз кор ронда,  ба Хоруғ нирӯҳои иловагӣ фиристод ва барои барқарор кардани тартибот дар Бадахшон як ситоди байниидоравӣ таъсис дод.

Дар поёни моҳи марти соли 2022, ҳанӯз то эълони ҳукми Аловатшоев, мақомот хонаи нимасохтаи ӯро дар маркази ноҳияи Роштқалъа дар вилояти Бадахшон  вайрон карданд.

Баъди судури ҳукмаш, Амриддин Аловатшоев эълон кард, ки аз ҳукмаш шикоят намебарад, чунки ба адолати додгоҳӣ дар Тоҷикистон бовар надорад.

Дар аввали моҳи август хабар омад, ки Аловатшоевро барои адои ҳукмаш ба маҳбаси воқеъ дар канори шаҳри Ваҳдат интиқол додаанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button