ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ЗАДУХӮРДИ ИНАК СЕЮМ ДАР МАРЗИ ИСФАРА ВА БОДКАНД. ИН ДАФЪА ДАР САМАРҚАНДАК

Аз марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон хабарҳои ташвишовар ба даст мерасанд. Сокинони ҳарду тарафи марзи байни Исфараву Бодканд хабар медиҳанд, ки давоми рӯзи 14 сентябри соли 2022 аз марз ба гӯшашон пайваста садои тирпарронӣ меомад ва дар роҳҳо шоҳиди ба тарафи марз интиқол додани корвонҳои нирӯҳо ва мошинҳои ҳарбӣ шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, аз субҳи 14 сентябр дар бораи инак се даргирии мусаллаҳона дар марзи Исфара бо Бодканд хабар мерасад.

Ҷониби Тоҷикистон ду даргирии ахирро ҳанӯз шарҳ надодааст, вале Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон иддао дорад, ки марзбонҳои тоҷик дафъаи сеюми заставаи сарҳаддии Самарқандакро ҳадафи тирборон қарор додаанд. Ин застава дар наздикии шаҳраки Шӯроби Исфара ҷойгир шудааст.

“Рӯзи 14 сентябри соли 2022, дар мавзеи Пасқӣ-Ариқи ноҳияи Бодканд марзбонони Қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи марзбонони заставаи “Самарқандак”и отряди марзбонии Бодканди Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон тир кушоданд. Марзбонони қирғиз оташи ҷавобӣ кушоданд. Тирпарронии навбатӣ сар шуд”,  – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Вазъ дар марзи Исфара ва Бодканд аз субҳи 14 сентябр рӯ ба вахомат овард.

Субҳи 14 сентябр, тахминан соати 07:15 байни марзбонҳои ду кишвар дар байни посгоҳҳои марзии Кехи ҷамоати Ворух ва Булоқбошии ноҳияи Бодканд тирпарронӣ сурат гирифт, ки қариб се соат давом кард. Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, аз ҷониби Тоҷикистон як марзбон кушта шуда, 5 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон захмӣ шудани ду сарбозашро тасдиқ кард ва хабар дод, ки бар асари таркидани минаи миномёт яке аз онҳо ҷароҳати рӯякӣ бардошта, дуюмӣ контузия гирифтааст.

Ҳарду тараф якдигарро дар тирпарронии субҳи чоршанбе гунаҳкор карданд.

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябри соли 2022 Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон иддао кард, ки марзбонҳои тоҷик соати 14 заставаи сарҳаддии “Достук”ро тирборон кардаанд ва марзбонони қирғиз оташи ҷавоб кушодаанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button