ВидеоХабарҳои кӯтоҳҲодиса

ВИДЕО +18 АЗ ҶОИ САДАМА: ҲАЛОКАТИ ДУ РОНАНДА ДАР ЯК САДАМАИ САХТ ДАР ШАҲРИСТОН

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар дод, ки шаби 13-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 01:40, ронандаи мошини тамғаи «ДАФ», Абдураҳимов Абдуғанӣ Абдуразоқович, соли таваллудаш 1986, сокини шаҳри Бохтар, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи «Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ», дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Шаҳристон, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба мошини тамғаи «МАН», таҳти идораи Ёқубҷони Абдумаҷид, соли таваллудаш 1997, сокини шаҳри Панҷакент бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ҳарду ронанда ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофири мошини «ДАФ», Қурбонов Анушервон Илҳомович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Хуҷанд, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Канали “Парвиз ТВ” як сабти видеоии кӯтоҳро аз маҳалли ин садама нашр кардааст.  Дар ин видео, ки аз кадом мошини раҳгузар сабт кардаанд, дида мешавад, ки ду мошини боркаш бара сари ба ҳам бархӯрдан осеби сахт дидаанд ва борҳои онҳо ҳар тараф парешон шудаанд. Дар сабт дида мешавад, ки ба ҷои ҳодиса коргаронро сафарбар кардаанд, то борҳои ин мошинҳоро ҷамъугир кунанд.

ТАВАҶҶУҲ! ОНҲОЕ, КИ ДИЛ Ё АСАБИ СУСТ ДОРАНД, ИН ВИДЕОРО ТАМОШО НАКУНАНД!

Ҳамчунин шаби 12-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 21:10, ронандаи мошини тамғаи “Мерседес-Бенс”, Норов Фозилҷон Давлатович, соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Ёвон, ҳангоми ҳаракат дар ноҳияи Рӯдакӣ, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тошпӯлотов Ӯроқ Саидович, соли таваллудаш 1966, сокини ноҳияи мазкурро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Тошпӯлотов У.С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Танҳо тайи ду рӯзи охири 12 ва 13 сентябр дар се садама дар роҳҳои Тоҷикистон алакай 5 нафар ҷон бохтаанд.

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон  қаблан хабар дода буд, ки субҳи 12-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 06:50, ронандаи мошини тамғаи «Опел-Астра», Рисбоев Баҳодур Саркабоевич, соли таваллудаш 1974, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба тарафи рости роҳ баромада, чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Рисбоев Б.С. ва духтари ноболиғаш Рисбоева Гулсевара Баҳодуровна, соли таваллудаш 2006, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Дигар мусофирони дохили мошини мазкур, ҳамсараш Рисбоева Зуҳро Абдумаҷидовна, соли таваллудаш 1978 ва писари ӯ Рисбоев Асадбек Олимбекович, соли таваллудаш 2003, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button