ВидеоДин ва боварҳоСиёсат

РУСИЯ РАСМАН ҲИЗБИ НАҲЗАТРО “СОЗМОНИ ТЕРРОРИСТӢ” ЭЪЛОН КАРД

Додгоҳи олии Русия рӯзи 14 сентябри соли 2022 бар асоси дархости Додситонии кулли ин кишвар Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон (ҲНИТ), бузургтарин ташаккули оппозитсияи тоҷикро “созмони террористӣ” эълон кард ва фаъолияти ин ҳизбро дар қаламрави Русия расман манъ кард. Дар хадамоти матбуоти Додгоҳи олии Русия гуфтанд, ки мурофиаи ин масъала ба шакли баста сурат гирифт ва додгоҳ “дархости Додситонии кулро қонеъ сохт”.

Ба ин тартиб, Русия нахустин кишвари хориҷие шуд, ки бо тақозои Душанбе ҳизби наҳзатро расман “созмони террористӣ” эътироф кард.

Қаблан Додситонии кулли Русия аз Додгоҳи олӣ хоста буд, ки ин ташаккули умдаи оппозитсияи тоҷикро “созмони террористӣ” эътироф кунад. Дар худи Тоҷикистон фаъолияти ҳизби наҳзат ҳанӯз соли 2015 манъ гардида, ҲНИТ ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои ифротӣ ва террористӣ шомил карда шудааст. Вале  то кунун талошҳои Душанбе барои “террористӣ” эътироф шудани ин ҳизб аз сӯи давлатҳои дигар ва созмонҳои минтақавӣ бенатиҷа буданд.

Ҳафтаи гузашта, дар арафаи баррасии масъалаи ҳизбаш дар Додгоҳи олии Русия, раҳбари ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ бо як номаи саркушода ба президенти Русия Владимир Путин муроҷиат кард. Кабирӣ дар ин нома қасди “террористӣ” унвон кардани ҳизбаш дар Русияро “шикасти геополитикӣ” ва “иштибоҳи бузург” унвон карда, навишта буд, ки ин иқдоми Маскав боиси аз даст додани дастовардҳои геополитикии беш аз як асри охираш дар Тоҷикистон ва минтақа хоҳад шуд.

Кабирӣ аз ҷумла навишт:  “Мояи таассуф он аст, ки дар сурати қабули чунин қарори ноандешида даҳҳо ва садҳо ҳазор аз тарафдорон ва аъзои собиқи ҳизб ва шаҳрвандони одии Тоҷикистон зам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Русия бори дигар қурбони саркӯб, фишору таъқиботи равонӣ ва сиёсӣ хоҳанд шуд. Дар моҳҳои охир сиёсати Русия дар мавриди пуштибонӣ аз таъқиботи оммавие, ки (президенти Тоҷикистон Эмомалӣ ) Раҳмон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба роҳ андохт, алакай ҳазорон зодаи ин вилояти таърихан ва суннатан ҳаводори Русия дар Тоҷикистонро аз худаш дур кард.  Ончӣ, ки шумо дар Тоҷикистон карда истодаед, шикасти геополитикӣ аст, Владимир Владимирович», – навиштааст Кабирӣ.

Роҳбари оппозитсияи тоҷик дар номааш ҳукумати кунунии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмонро ба такрор як ҳукумати олуда ба фасод номида, навиштааст, Раҳмон бо ин гумон, ки ҷанги Украина мавқеи Русияро заиф сохтааст, аз ин фурсат ба сӯди худ истифода бурда истодааст. Ба ақидаи Кабирӣ, “агар Русия дар ниҳояти амр ин талаби оппортунистӣ, ё худ фурсатҷӯёнаи Раҳмонро бипазирад, пас бо ин кораш ҳақ будани Раҳмон дар мавриди арзёбии вазъи кунунии Русияро эътироф мекунад”.  Раиси ҲНИТ бар ин аст, ки чунин бархӯрдҳои дугуна ба масъалаи мубориза бо терроризм ба он хоҳад овард, ки ҳар нафар вобаста ба мулоҳизоти идеологӣ ва хусусии худ аз пеши худаш ину онро “террорист” эълон кардан мегирад.

Тавре “Бомдод” қаблан хабар дода буд, додситони кулли Русия Игор Краснов, ки рӯзҳои 25-26 июли соли ҷорӣ бо як сафари корӣ дар Душанбе қарор дошт, дар мулоқотҳояш бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамтои тоҷикаш Юсуф Раҳмон хабар дод, ки додситонии кулли Русия хостори дар ин кишвар низ “созмони террористӣ” эътироф кардани ҲНИТ шудааст.

Ӯ аз ҷумла рӯзи 25 июл ба президенти Тоҷикистон гуфт: “Мо алакай чунин дархостро дар мавриди Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба додгоҳ фиристодем”.

Рӯзи 26 июл, дар мулоқот бо ҳамтои тоҷикаш, Игор Краснов дар ин бора тафсилоти бештар дод.

“Вазъи муҳоҷирон ва афзоиши фаъолияти гуруҳҳои террористӣ дар марзи Афғонистон ҳамчунон доғ боқӣ мемонанд. Дар ин робита ман мехостам зикр кунам, ки мо фикри шуморо  дар мавриди дар Русия низ террористӣ эътироф кардани бархе созмонҳо ба инобат гирифтем. Аз ҷумла  ҷамъоварӣ ва таҳияи санадҳо нисбат ба Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба анҷом расидааст. Ман дархости марбутаро (дар мавриди ҲНИТ) имзо кардам ва ба додгоҳ фиристодам” – хабар додааст Краснов ба додситони кулли Тоҷикистон Юсуф Раҳмон.

Дар роҳбарияти ҲНИТ бар инанд, ки “созмони террористӣ” эътироф шудани ин ҳизб дар қаламрави Русия ҳеҷ таъсире ба фаъолиятҳояш нахоҳад дошт, чунки ҲНИТ баъди манъи фаъолияташ дар Тоҷикистону боздошти шуморе аз тарафдоронаш дар кишварҳои дигар ҳама гуна фаъолияти худро дар қаламрави Шӯравии собиқ ба хотири таҳти хатар нагузоштани аъзо ва ҳаводоронаш қатъ карда буд. ҲНИТ ҳоло асосан дар ҳудуди Иттиҳоди Аврупо фаъолият дорад.

То баста шуданаш, ҲНИТ бо ҳудуди 44 ҳазор узв дуюмин ҳизби бузурги Тоҷикистон баъд аз ҳизби ҳокими халқии демократӣ ба шумор мерафт.

Фаъолияти ҳизби наҳзат дар Тоҷикистон  моҳи сентябри соли 2015, билофосила баъди саркӯби ошӯби мусаллаҳона ба раҳбарии генерал Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим, қатъ карда шуда, Додгоҳи олии Тоҷикистон ин ҳизби мухолифро ба ҳарду рӯйхатти сиёҳи созмонҳои террористӣ ва ифротӣ шомил кард.  Баҳонаи расмии бастани ҲНИТ аз ҷониби мақомот айбдор шуданаш ба раҳбарии шӯриши Ҳоҷӣ Ҳалим буд. ҲНИТ ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст ва мегӯяд, ин ошӯб танҳо баҳонае барои бастани умдатарин ташаккули мухолифи ҳукумати кунунӣ шуд.

Аз он замон Душанбе талош дошт, то ба манъи расмии фаъолияти ҲНИТ дар қаламрави кишварҳои муттаҳидаш низ ноил шавад, вале ин талошҳояш то кунун натиҷа надода буд.

Русия амалан нахустин кишвар аст, ки ба сурати қонунӣ мехоҳад аз мавзеи Тоҷикистон дар масъалаи ҲНИТ пуштибонӣ кунад. Бисёриҳо бар инанд, ки ба чунин иқдоми Маскав ба сурати ҷиддӣ ва ба муддати тӯлонӣ дармонданаш дар ботлоқи ҷанги Украина сабаб шудааст.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button