ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

ДАР ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗ БО ҚИРҒИЗИСТОН ЯК МАРЗБОНИ ТОҶИК КУШТА ВА ДУ ТАНИ ДИГАР ЗАХМӢ ШУДААНД

Мақомоти Тоҷикистон то кунун ин хабарро расман шарҳ надодаанд, вале манобеи гуногун аз Исфара ба пойгоҳи хабарии “Бомдод” хабар доданд, ки дар тирпарронии субҳи 14 сентябри соли 2022 байни марзбонони тоҷику қирғиз дар марзи  Тоҷикистону Қирғизистон  як марзбони тоҷик кушта шуда, ду нафари дигар захмӣ шудаанд.  Ин хабарро дар бемористони шаҳри Исфара низ тасдиқ карданд ва гуфтанд, “захмиёнро дар шуъбаи реаниматсия бистарӣ кардаанд”.

Ба “Бомдод” ҳанӯз муяссар нашуддааст, ки исми сарбози кушташуда ва ду захмиро муайян кунад.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, аз тарафи марзбонони қирғиз дар тирпарронии субҳи 14 сентябр ду нафар захмӣ шудаанд.

“Дар натиҷаи таркидани минаи миномёт як марзбон ҷароҳати сабук бардоштааст (пораи тир ба баданаш расида, гузашта рафтааст), сарбози дуюм бошад дучори контузия шудааст” – гуфта мешавад дар иттилоияи марзбонони қирғиз.

Бино ба иттилои ҳарду ҷониб, субҳи 14 сентябр, тақрибан соати 07:15 дар марзи ҷамоати Ворухи Исфара бо ноҳияи Бодканд, дар мавзеи байни посгоҳи сарҳадии Булакбошии Қирғизистонва Кехи Тоҷикистон байни марзбонони ду кишвар тирпарронӣ сурат гирифта, тарафҳо аз миномёт, автомату пулемёт ва дигар навъҳои силоҳҳои оташфишон истифода бурдаанд. Ҳарду тараф якдигарро дар шурӯи тирпарронӣ айбдор мекунанд.

Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон ва шаҳрдории Исфара ҷониби Қирғизистонро ба “иқдоми моҷароҷӯёна” айбдор карданд ва гуфтанд, субҳи 14 сентябр, соати 07:15 “аз ҷониби сарҳадбонони пости сарҳадии «Булакбошӣ»-и отряди сарҳадии Бодканди Ҷумҳурии Қирғизистон ба тарафи дидбонгоҳи сарҳадии «Кех»-и отряди сарҳадии Исфараи Ҷумҳурии Тоҷикистон, бе ягон сабаб, аз миномёт 4 гулӯла парронда шуд ва мавқеи сарҳадбонони тоҷик бо истифода аз силоҳҳои ПК, АК ва дигар аслиҳаи оташфишон мавриди ҳамла қарор гирифт. Ғайр аз ин, аз ҷониби Ҷумҳурии Қирғизистон қувва ва воситаҳои иловагии ҳарбӣ ба минтақаи мазкур интиқол дода шуданд.”

Аммо бино ба фарзияи Хадамоти марзбонии Қирғизистон, субҳи 14 сентябр марзбонони қирғиз дар мавзеи Булакбошӣ гуруҳи марзбонҳои тоҷикро дидаанд, ки “бар хилофи тавофуқоти қаблан бадастомада дар як қитъаи ташхисношудаи марз мавқеи ҷангӣ гирифтаанд”. Марзбонҳои қирғиз талаб кардаанд, ки марзбонҳои тоҷик ин мавзеъро тарк кунанд ва гӯё баъди ин марзбонҳои тоҷик ба сӯи онҳо тир кушода, аз миномётҳо низ истифода бурдаанд. Бино ба фарзияи ҷониби Қирғизистон, баъди ин марзбонҳои қирғиз низ оташи ҷавобӣ кушодаанд ва тирпарронӣ шурӯъ шуда, камокон тақрибан то соати 10 давом кардааст.

Дар пайи ин тирпарронӣ сардори раёсати нирӯҳои марзбонии вилояти Бодканд полковник Хиёлбек Толонбоев (Кыялбек Толонбаев) ва сардори раёсати марзбонии вилояти Суғд генерал-майор Х. Пиракзода телефонӣ музокирот анҷом додаанд ва ба дунбол, раисони вилоятҳои Бодканду Суғд Абдукарим Олимбоев ва Раҷаббой Аҳмадзода вориди музокирот шудаанд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button