ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

БОЗ ЯК ТИРПАРРОНӢ ДАР МАРЗИ ТОҶИКИСТОН БО ҚИРҒИЗИСТОН

Нимаи дуюми рӯзи 14 сентябри соли 2022 дар марзи Тоҷикстон бо Қирғизистон байни марзбонҳои ду кишвар боз як тирпарронӣ сурат гирифтааст. Ҷониби Тоҷикистон ин тирпарронии дуюмро то ҳол шарҳ надодааст, вале Хадамоти ммарзбонии КДАМ Қирғизистон иддао дорад, ки марзбонҳои тоҷик заставаи сарҳаддии “Достук”ро тирборон кардаанд.

“Рӯзи 14 сентябри соли 2022Ю соати 14:00 дар мавқеи Кӯк-Сойи ноҳияи Бодканд марзбонони Қӯшунҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба сӯи марзбонони заставаи “Достук”и отряди марзбонии Бодканди Хадамоти марзбонии КДАМ Қирғизистон тир кушоданд. Марзбонони қирғиз оташи ҷавобӣ кушоданд, Тирпарронӣ идома дорад”, – гуфта мешавад дар иттилоияи расмии Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ин алакай дуюмин тирпарронӣ байни марзбонҳои тоҷику қирғиз дар марзи Исфара бо ноҳияи Бодканд аст. Субҳи 14 сентябр, тахминан соати 07:15 байни марзбонҳои ду кишвар дар байни посгоҳҳои марзии Кехи ҷамоати Ворух ва Булоқбошии ноҳияи Бодканд тирпарронӣ сурат гирифт, ки қариб се соат давом кард. Бино ба хабарҳои расман тасдиқношуда, аз ҷониби Тоҷикистон як марзбон кушта шуда, 5 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Қирғизистон захмӣ шудани ду сарбозашро тасдиқ кард ва хабар дод, ки бар асари таркидани минаи миномёт яке аз онҳо ҷароҳати рӯякӣ бардошта, дуюмӣ контузия гирифтааст.

Ҳарду тараф якдигарро дар тирпарронии субҳи чоршанбе гунаҳкор карданд.

Бо гузашти беш аз 30 сол аз суқути СССР, аз 970 км марзи Тоҷикистону Қирғизистон то кунун беш аз 300 километраш ҳамчунон таъйин ва аломатгузорӣ нашудааст. Дар қитъаҳои баҳсӣ, ки асосан дар марзи ноҳияҳои Бодканду Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон бо ҷамоатҳои шаҳри Исфара ва  ноҳияи Ғафурови вилояти Суғди Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, ҳар сари чанд вақт бар сари обу замину чарогоҳу роҳ муноқишаҳо рух медиҳанд. Ин муноқишаҳо баъзан ба тирпаррониҳо мепечанд ва боиси ҳалокати мардум аз ду тараф мешаванд.

Дар солҳои 2021 ва 2022 дар натиҷаи задухӯрдҳои мусаллаҳона дар марзи ду кишвар дастикам 59 нафар  (36 нафар аз ҷониби Қирғизистон ва 23 нафар аз тарафи Тоҷикистон) кушта шуда, ҳудуди 270 нафар  аз ҳарду ҷониб захмӣ шуданд.

Марзи Исфараву Ворух бо ноҳияи Бодканд як нуқтаи аз ҳама доғ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба шумор меравад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button