ВидеоМарзи Тоҷикистону ҚирғизистонМинтақа ва ҷаҳон

АЗИЯ ПЛЮС: АЗ ТАРАФИ ТОҶИКИСТОН 2 МАРЗБОН КУШТА ВА 11 КАС (6 МАРЗБОН ВА 5 СОКИНИ МАҲАЛЛӢ) ЗАХМӢ ШУДАНД

Дар натиҷаи тирпарониҳои рӯзи 14 сентябри соли 2022, дар се мавзеи сарҳадии Тоҷикистону Қирғизистон, аз тири марзбонони қирғиз 2 сарбози тоҷик кушта ва 11 тан, аз ҷумла 6 марзбон ва 5 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол ёфтаанд. Дар ин бора аз ҷамоати деҳоти Ворух ва беморхонаи марказии шаҳри Исфара ба Азия Плюс хабар доданд. Ҷониби Қирғизистон то ин соат захмӣ шудани танҳо 2 марзбонашро тасдиқ кардааст.

Манбаъи Азия Плюс аз ҷамоати Ворух гуфт, ки сарбози 26-солаи ҳалокшудаи тоҷик, ки субҳи имрӯз, 14-уми сентябр, аз тири марзбонони қирғиз ҷароҳат бардошта буд, баъди зӯҳри имрӯз, дар беморхона аз хунравии зиёд ба ҳалокат расид.

“Яке аз кушташудагон сарбози 29-сола буд. Ӯ аз тири “снайпер”-и қирғизҳо кушта шуд. Сарбози дигари кушташуда 26-сола буд, ки баъди хатми мактаби олӣ, як сол ба хизмат ҷалб шуд ва дар натиҷаи хунравии зиёд ба ҳалокат расид. Аз 6 нафаре, ки ҷароҳат бардоштанд, 4 нафарашонро ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара бурданд, 2 тани дигар дар беморхонаи ҷамоати Ворух қарор доранд”, – гуфт манбаъ.

Ин масъули ҷамоати Ворух гуфт, баъди зӯҳри имрӯз, 14-уми сентябр, дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфараи Тоҷикистон, ҳаммарз бо Қаробоғи Қирғизистон, байни сарҳадбонони ду кишвар дубора тирпаронӣ сар шуд, ки дар натиҷа, 2 сокини деҳаи Чорқишлоқ ҷароҳат бардошта ба беморхона бистарӣ шуданд.

Чанд сокини ҷамоати Чоркӯҳ ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки тирпарронии дуввум тақрибан соатҳои 13:30, дар мавзеи Чорқишлоқи Исфара сурат гирифт.

Гуфта мешавад, ки сарҳадбонони қирғиз дар пойгоҳи сарҳадии “Достук”  ба сӯи сарҳадбонони тоҷик, ки дар ҳудуди ҷамоати Зумради Исфара ҷойгиранд, тир кушоданд.

Дар ҳамин ҳол, тирпарронии сеюм дар ҳудуди ҷамоати Чоркӯҳ ҳаммарз бо “Самарқандак” – и Ботканд оғоз шудааст.

Манбаъи Азия Плюс аз беморхонаи марказии шаҳри Исфара хабар дод, ки дар натиҷаи ин тирпаронӣ 3 сокини маҳаллӣ ҷароҳат бардошта, ба беморхона интиқол дода шуданд.

Бино ба навиштаи расонаҳо дохилӣ, дар натиҷаи ин тирпарронии марзӣ як мошини мусофирбари масири Чоркӯҳ – Исфара низ дар роҳ зарар дидааст. 

Мақомоти расмии Тоҷикистон дар робита ба ҳодисаи дуввум  ва сеюм изҳорот надодаанд. Кӯшишҳои мо барои дарёфти иттилоъ аз шаҳрдории Исфара бенатиҷа буд.

Баҳоваддин Баҳодурзода, раиси шаҳри Исфара дар посух ба суоли “Азия-Плоюс” дар робита ба шарҳи вазъи сарҳад кӯтоҳ посух дод, ки “вақт надорад”.

Дар ҳамин ҳол, ҷониби Қирғизистон танҳо дар бораи захмӣ шудани ду сарбозаш дар минтақаи “Кех” хабар додааст.

Ёдовар мешавем, ки субҳи имрӯз, тақрибан соати 07:15, дар мавзеи наздисарҳадии “Кех”-и ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара аз ҷониби сарҳадбонони Қирғизистон ба сарҳадбонони тоҷик ҳамла сурат гирифт.

“Аз тарафи сарҳадбонони Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ оташи ҷавобӣ кушода шуда, айни замон бо мақсади ба эътидол овардани вазъият ва муайян намудани сабабҳои иқдоми моҷароҷӯёнаи неруҳои сарҳадии кишвари ҳамсоя гуфтушунид байни намояндагони сарҳадии ду ҷониб ба роҳ монда шудааст”, – омадааст дар иттилоияи Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон.

Манбаъ: Азия Плюс

ИЛОВА АЗ “БОМДОД”: Дар натиҷаи музокироти намояндагони марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон, ки дар мавзеи Торт-Кочо (Чоркӯча, як мавзеи воқеъ дар канори деҳаи Хоҷаи Аъло) доир шуд, чунин тавофуқот ба даст омадаст:

– Намояндаи Хадамоти марзбонии Қирғизистон дар қитъаи Бодканд ва намояндаи Қӯшунҳои марзбонии Тоҷикистон дар қитъаи Исфара  ба хотири назорати вазъи марз дар Чоркӯча меистанд;
– Кормандони милитсияи ду ҷониб дар Чоркӯча дидбониро ба роҳ мемонанд;
– Соати 19:30 дар Чоркӯча мулоқоти навбатӣ сурат мегирад, ки дар он сардорони заставаҳои сарҳаддии масъули нигоҳубини ин қитъаи марз иштирок мекунанд;
– мулоқоти навбатии роҳбарони Бодканд бо роҳбарони вилояти Суғд дар мавзеи Кӯксой доир мешавад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button