ВидеоМинтақа ва ҷаҳон

99 КУШТА АЗ ДУ ТАРАФ ДАР ЯК ШАБИ ҶАНГИ БАЙНИ АРМАНИСТОНУ ОЗАРБОЙҶОН

Шаби 13 сентябри соли 2022 вазъ дар марзи байни Арманистону Озарбойҷон дигарбора муташанниҷ шуд. Дар ҷараёни задухӯрдҳои мусаллаҳона аз ҷониби Арманистон, бино ба тасдиқи расмии вазорати дифои ин кишвар, 49 аскару афсари арманӣ кушта шуданд. Вазорати мудофиаи Озарбойҷон ба навбати худ аз ҳалокати 50 сарбозу афсари озарӣ хабар дод.

Вазорати мудофиаи Арманистон гуфт, шаҳрҳои наздимарзии Сотк, Варденис, Горис, Капан, Артаниш ва Ишханасар аз ҷониби нирӯҳои Озарбойҷон бомбаборон шудааст.  Гуфта мешавад, агртиши Озарбойҷон аз ҳавопаймоҳои бесарнишин ва миномётҳо истифода бурда, иншооти мулкиро низ ҳадафи ҳамла қарор додааст.

 Вазорати мудофиаи Озарбойҷон ба навбати худ иддао кард, ки нирӯҳои Арманистон дар тӯли марзи давлатии ду кишвар даст ба “диверсияи бузургмиқёс” зада, гуруҳҳои диверсантҳои арманӣ бо истифода аз торикии шаб роҳҳои таъмини артиши Озарбойҷонро минакорӣ кардаанд. Дар натиҷа ин ҳама мунҷар ба задухӯрди мусаллаҳона шуд. Озарбойҷон хабарҳо дар бораи ба қаламрави Арманистон ворид шудани нирӯҳояшро рад кард.

Баҳси қаламрав байни Арманистону Озарбойҷон аз поёни солҳои 1980 ба ин тараф идома дорад. Сокини вилояти Қаробоғи кӯҳӣ, ки аксаран арманианд,  он вақт бо пуштибонии Арманистон худро аз ҳайъати Озарбойҷон ҷудо эълон карда, моҳи сентябри соли 1991 аз таъсиси “Ҷумҳурии Қаробоғи кӯҳӣ” хабар доданд.

Дар ҷараёни ҷангҳои солҳои 1988-1994 дар ин минтақа ҷудоиталаб аз ду тараф тақрибан 30 ҳазор нафар кушта шуданд ва дар натиҷа қаламрави Қаробоғи кӯҳӣ ва ҳамин тавр чандин ноҳияи атрофи он таҳти назорати нирӯҳои Арманистон гузашт. Ин ба он овард, ки садҳо ҳазор нафар, асосан озариҳои сокини Қаробоғи кӯҳӣ, маҷбур ба тарки хонаҳои худ шуданд. Ба навбати худ, дар пайи мавҷи ҳамлаҳо ба сокинони арманитабор, ин мардум маҷбур шуданд, аз шаҳрҳои дигари Озарбойҷон, аз ҷумла аз пойтахташ, шаҳри Боку рӯ ба фирор биоранд.

Соли 2020 дар пайи мавҷи нави муноқишаҳои мусаллаҳона, Озарбойҷон ноҳияҳои атрофи Қаробоғи кӯҳиро дубора зери назорати худ оварда, шаҳри қадимаи Шушаро забт кард. Рӯзе баъди ишғоли Шуша президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев, сарвазири Арманистон Никол Пашкинян ва президенти Русия Владимир Путин созишнома дар бораи қатъи ҷанг дар ин минтақаро имзо карданд.  Ин созишнома минтақаҳоеро, ки Озарбойҷон дар ҷараёни муноқишаи ахир пас гирифт, дар ихтиёри Боку боқӣ гузошт. Бар асоси ин созишнома, дар хатти ҷабҳаи байни ду тараф нирӯҳои ҳомии сулҳи Русия мустақар карда шуданд.

Озарбойҷону Арманистон ду кишвари  собиқ Шӯравӣ буда, дар Қафқози ҷанубӣ ҷойгир шудаанд.  Озарбойҷон 10 миллион ва Арманистон ҳамагӣ 3 миллион аҳолӣ доранд. Озарбойҷон, ки соҳиби захираҳои саршору нафту газ аст, дар солҳои охир бо истифода аз фоидаҳои ҳангуфте, ки аз ҳисоби фурӯши нафт ба даст меорад, тавонист артишашро хеле қавитар кунад.

Арманистон бештар ба дасти кумаки Русия ва ҳамчунин лоббиҳои бақуввати арманӣ дар кишварҳои Ғарб умед мебандад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button