ВидеоНуқтаи назарРӯйдодҳои Бадахшон

ДОДГОҲИ СИНО БА БАРРАСИИ ПАРВАНДАИ МУНТАҚИДИ ТУНДИ ЯТИМОВ ОҒОЗ МЕКУНАД

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар иттилоияи расмиаш хабар дод, ки рӯзи7 сентябри соли 2022, соати 14:00 дар бинои ҳамин додгоҳ баррасии парвандаи журналист ва полковники мустаъфии амният Мавлоназаров Мамадсултон, мутахаллис ба Муҳаммади Султон,  шурӯъ мешавад. Бино ба иттилои расмии додгоҳи ноҳияи Сино, ба зидди Мамадсултон Мавлоназаров бар асоси ду моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон: моддаи 307, иловаи 3 (ташкили фаъолияти иттиҳоди ифротӣ ё иштирок дар фаъолияти чунин созмонҳо) ва моддаи 330,  қисми 2 (таҳқири намояндаи давлат аз тариқи Интернет) расман айб эълон шудааст.

Бар асоси моддаи 307, иловаи 3 ба ин зодаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳамчун ҷазо аз 5 то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Қисми дуюми моддаи 330 ҳамчун ҷазо барои таҳқири намояндаи ҳокимият дар баромадҳои оммавӣ, асарҳои ба таври оммавӣ намоишдодашуда, воситаҳои ахбори омма ё дар шабакаи интернет ҷарима ба андозаи аз 1000  то 1500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда баробари 64 сомонӣ, ё тақрибан 6 доллари амрикоист) ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то 2 солро пешбинӣ мекунад.

Мамадсултон Мавлоназарови 72-сола, ки солҳои охир дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз раиси кунунии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов бо як лаҳни тунд интиқод мекард ва ҳамин тавр ба тундӣ шеваи шадиди саркӯби эътирозҳои Бадахшонро ба боди интиқод мекашид, рӯзи 16 июни соли 2022 дар манзилаш дар маҳаллаи 101-уми Душанбе боздошт шуд. Ба гуфтаи яке аз хешовандонаш, мақомот ӯро пои  бараҳна гирифта бурданд ва  “ҳатто имкон надоданд, ки пойафзолашро бипӯшад.”

Муҳаммади Султон  дар солҳои 70 чанд сол дар нашрияи “Комсомоли Тоҷикистон” ва сипас, ҳанӯз аз ҳамон замони Шӯравӣ дар Кумитаи амният кор мекард. Дар хотираҳояш ӯ менавишт, ки дар Кумита низ бештар бо мушкилоте, ки мақомоти амниятӣ ба сари намояндагони фарҳангу ҳунар ва аҳли қалам меоварданд, сару кор дошт ва ҳаддалимкон кӯшиш мекард, ки аҳли фарҳангро аз таъқиби КГБ наҷот диҳад.

Солҳои охир Муҳаммади Султон дар шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус дар Фейсбук хеле фаъол буд ва аз раҳбари қаблии амнияти Тоҷикистон генерал Саидамир Зуҳуров ситоиш, вале аз раҳбари кунунии ин соҳа генерал Саймумин Ятимов баракс хеле тунд интиқод мекард. Ӯ аз ҷумла сиёсати Кумитаи давлатии амнияти миллиро дар аҳди Ятимов ба соли сиёҳи 1937 монанд карда буд.

Муҳаммади Султон ҳамин тавр, баъди моҳи ноябри соли 2021 аз эътирозгарони Бадахшон ошкоро пуштибонӣ кард ва талаб дошт, ки омилони куштори Гулбиддин Зиёбеков ва дигар сокинони Бадахшонро пайдо карда, ба ҷавобгарӣ бикашонанд. Муҳаммади Султон ҳамин тавр, саркӯби эътирозҳои моҳи май дар Бадахшонро низ бо лаҳни тунд маҳкум кард.

Ҳанӯз маълум нест, ки оё боздошти Муҳаммади Султон ба танқидҳояш аз Ятимов рабт дорад ва ё ба мавқеъгириҳояш дар мавриди ҳаводиси ахири Бадахшон?

Моҳи майи соли 2022 мақомоти Тоҷикистон мавҷи нави эътирозҳо дар Бадахшонро бо истифода аз нирӯҳои вижаи мусаллаҳ саркӯб карданд. Ба ҳисоби Созмони Милал, ҳудуди 40 нафар кушгта шуд. То имрӯз дар борам боздошти ҳудуди 200 нафар аз зодагони Бадахшон дар робита ба эътирозҳо хабарҳо ба даст расидаанд. Дар робита ба ҳаводиси ахир дастикам 6 журналист ва блогери зодаи Бадахшон низ ба ҳабс гирифта шудаанд. Инҳо  Улфатхоним Мамадшоева, Муҳаммади Султон, Хушом Гулям, Рамзесс Шогунов, Мақсуд Ғаёсов ва инак, Комчек Мирзоев мебошанд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button