ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

2 САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ҶАЙҲУНУ ДУШАНБЕ ВА ҚАЛЛОБӢ БО 700 ХАЛТА ОРДИ “БАРАКАТ”

Субҳи 6 сентябри соли 2022, дар байни як соат дар ду садама дар ноҳияи Ҷайҳун ва шаҳри Душанбе ду нафар ба ҳалокат расиданд. Соати чори субҳ як сокини 35-солаи шаҳри Ваҳдат дар кӯчаи Айнии пойтахт зери чархи мошини “Тойота Королла” монда, дар роҳ ба бемористон ҷон дод. Соати 05:00, бар асари чаппа шудани мошини “Опел-Астра”, дар шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун ронандаи ин мошин, сокини 38-солаи ноҳияи Панҷ  дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид.
хххххххххххххххххх

Сокини 38-солаи пойтахт  ба он гумонбар мешавад, ки моҳи май бо роҳи фиребаз сокини 28-солаи Душанбе ҳамагӣ барои 3 рӯз 300 ҳазор сомонӣ гирифта, инак 4 моҳ боз надодааст.

хххххххххххххххххх

Сокини 32-солаи пойтахт ба он гумонбар мешавад, ки аз сокини 44-солаи Душанбе 700 халта орди навъи «Баракат»-ро  гирифта, то ҳол пулашро надодааст.

Аз навори хабарҳои рӯзи 7 сентябри маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани ду ҳодисаи нақлиётии марговар

ad71b03ec315a20e6e17b91ea8867c4a

6-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 05:00, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Артиков Сайвалӣ Имомович, соли таваллудаш 1984, сокини ноҳияи Панҷ, ҳангоми ҳаракат аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Панҷ, дар ҳудуди ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори чапи самти ҳаракат чаппа шудааст.
Дар натиҷа, ронанда Артиков С. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
6-уми сентябри соли 2022, тахминан соати 04:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Королла», Умаров Саидҷон Сатторович, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Айнии пойтахт, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Бердиев Абдуқаҳор Манонович, соли таваллудаш 1987, сокини шаҳри Ваҳдатро пахш намудааст.
Дар натиҷа, Бердиев А.М. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми аз ҷониби ронанда ба беморхонаи «Ёрии таъҷилӣ» дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

БАРОИ МАЪЛУМОТ

Ҳар сол бар асари садамаҳо дар роҳҳои Тоҷикистон то 400 нафар ба ҳалокат расида, беш аз 1200 тани дигар маъюб мешаванд. Бино ба охирин маълумоти ВКД, ки рӯзи 19 июл нашр шуд, дар 6 моҳи аввали соли 2022 дар Тоҷикистон 482 садама рӯй дода, дар ин садамаҳо 180 нафар ба ҳалокат расида ва 509 нафар ҷароҳат бардоштаанд. 

Ошкор шудани ҳолатҳои қаллобӣ

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 28-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки 12-уми майи соли 2022, марди 38-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 300 ҳазор сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати 3-шабонарӯз маблағашро ба пуррагӣ бармегардонад, аммо номбурда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино бо ариза марди 44-солаи сокини шаҳри Душанбе муроҷиат намудааст, ки марди 32-солаи сокини пойтахт бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 700 халта орди навъи «Баракат»-ро ба маблағи 168 ҳазору 700 сомонӣ гирифта, ваъда додааст, ки дар муддати як моҳ маблағашро бармегардонад, аммо номбурда то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button