ВидеоТаърихТоҷикистон

ТАЪРИХЧАИ ҒАСБИ ҲАВОПАЙМОИ ДУШАНБЕ – МАСКАВ АЗ СӮИ ХӮҶА – КОМАНДИР

Фармондеҳони саҳроии Фронти халқӣ, яке аз тарафҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон, баъди пирӯзиашон дар соли аввали ҷанг  шаҳди пирӯзӣ ба ком он қадар аз ин ғалабаи бо кумаки артиши Русия ва спетснази полковник Квачков ба даст омада мағрур шуда буданд, ки дунё дар назарашон мисли як танга метофт. Суханони машҳури раҳбари Фронти халқӣ Сангак Сафаров аз ёдҳо нарафтааст, ки дар иҷлосияи 16уми Шӯрои олии Тоҷикистон дар Хуҷанд гуфт, ки то ба Маскав рафта, “марази демократияро дар Русия ҳам аз байн хоҳад бурд”.

Сангак Сафаров баъди чанд моҳи пирӯзии Фронти халқӣ ба таври мармуз ҳамроҳ бо Файзалӣ Саидов, як фармондеҳи дигари аршади ин тарафи ҷанг кушта шуданд ва ин орзуи то ба Маскав рафтанро бо худ ба гӯр бурданд.

Вале журналисти тоҷик Раҷаби Мирзо, ки дар Фейбсук ҳодисаҳои муҳими таърихиро ёдоварӣ мекунад, бо иқтибос аз китоби  “Республика Таджикистан: История независимости. Год 1993. Том 3″ аз як чунин кӯшиши ба Маскав рафтану бо оппозитсия ҳисобу китоб кардани Хӯҷа Каримов, яке дигар аз фармондеҳони Фронти залқӣ ёдоварӣ кардааст:

ХӮҶА – КОМАНДИР МУСОФИРОНИ САМОЛЁТРО ПЕШ КАРДУ БА РОССИЯ БАРОИ ҚАСДГИРӢ АЗ МУХОЛИФИН РАФТАНӢ ШУД

“Независимая газета” навишт, ки 26 августи соли 1993 дар фурӯдгоҳи Душанбе Хӯҷа командир бо гурӯҳи худ пайдо шуда, аз дохили самолёт, ки бояд ба пойтахти Россия сафар мекард, мусофиронро пеш намуду аз пилотҳо талаб кард, то ӯву ҳамроҳонашро ба шаҳри Москва бибарад ва ӯ қасди худро аз мухолифин бигирад.

Ваъзият он қадар бӯҳронӣ шуд, ки роҳбарияти фурӯдгоҳ ҳамроҳи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Рашид Олимов ба назди Хӯҷа омаданду хоҳишу тавалло карданд, ки аз самолёт фарояд, то он рейсашро анҷом диҳад. Гапи онҳо нагузашт. Мушкил танҳо пас омадани муовини якуми Раиси Шӯрои Олӣ Абдумаҷид Достиев ба фурӯдгоҳ ҳалли худро пайдо кард. Командир гапи ӯро ба замин намонд. Аммо аз байн се соат гузашта буд. Танҳо пас аз рафтани Хӯҷа ва ҳамроҳонаш мусофирон дубора ба самолёт ворид шуда, сафари худро анҷом доданд.

Аз китоби “Республика Таджикистан: История независимости. Год 1993. Том 3”

https://www.facebook.com/groups/1850530778525172/posts/3362202640691304/

Каримов Хӯҷа Раҳимович, маъруф бо лақаби “Хӯҷа Командир” 1 октябри соли 1960 дар ҷамоати Қизил-Қалъа (ҳозира Дарбанд)-и ноҳияи Хуросон (Ғозималик) ба дунё омада, оиладор, соҳиби 7 духтар аст. Хӯҷа Каримов, ки як муддат дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон таҳсил карда, то шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ дар зодгоҳаш – ноҳияи Ғозималик фелдшер буд, соли 1992 ба Фронти халқӣ пайваст ва ҳамроҳи Тағай Шукуров дар минтақаи Қизил-қалъаи ноҳияи Ғозималик хатти дуюми ҷабҳаи Фронти халқиро таъсис дод.

Хӯҷа Каримов бо бераҳмии фавқулоддааш дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ном бароварда буд. Мегуфтанд, ки Хӯҷа барои як кори ночиз, ҳатто барои бад будани табъаш метавонист ягон касро парронад. Аз ҷумла Саидаҳмад ном нафареро ӯ ба пойҳояш тир зада, баромада меравад ва баъди чанд соат вақте бармегардаду мебинад, ки ӯ зинда аст, таҷрибаи духтуриашро ба ёд оварда, Саидаҳмади маҷруҳро бор карда, ба беморхона мебарад ва худаш теғи ҷарроҳиро гирифта, ҳарду пои ӯро мебурад. Ин мард 29 сол боз аз пои равон маҳрум буда, ҳоло бо гитара дар бораи даҳшатҳои даврони ҷанги шаҳрвандӣ таронаҳои ҳузнангез мехонад.

Хӯҷа Каримов баъди пирӯзии Фронти халқӣ дар соли аввали ҷанги шаҳрвандӣ ва ба қудрат расондани ҳукумати Эмомалӣ Раҳмонов амалан ба “шоҳ”-и Ғозималик табдил ёфта, ҳамчунин муовини фармондеҳи бригадаи махсуси вазорати мудофиаи Тоҷикистон таъйин шуд.

Ӯ дар интихоботи парлумонии соли 1995 аз ҳавзаи Уялӣ вакили Шӯрои олӣ интихоб шуд. Он ҳайъати парлумони Тоҷикистон дар таърих ҳамчун парлумони боевикҳо ёд мешавад.

Моҳи марти соли 1998 Хӯҷа Каримовро дар ҷаласаи парлумон бо иттиҳоми даст доштани дар чандин куштор, аз ҷумла қатли вакилони парлумон Саидшо Шоев (собиқ мудири корхонаи пахтаи Ғозималик), ки соли 1993 бо бародараш аз назди бинои Шӯрои Олӣ рабуда ва сипас кушта шуданд, дастгир карданд. Хӯҷа-Командирро ҳамчунин ба қатли ҳамсангари давраи ҷангаш генерал Тағай Шукуров айбдор мекарданд. Вале ӯ баъди чанде аз боздошт озод шуд.

Хӯҷа Каримов дар поёни солҳои 90 ба футбол рӯ оварда, мақоми президенти Федератсияи футболи Тоҷикистонро ба даст овард ва дастаи футболеро бо номи “Умед” таъсис дод, ки дар он футболбозони ҷавону умедбахшро  бо умеди баъдан ба дастаҳои хориҷӣ фурӯхтани онҳо гирд оварда буд.

Аммо сояи парвандаи ҷиноятӣ дигарбора болои сари Хӯҷа-Командир соя афканд ва ӯ соли 2001 аз Тоҷикистон фирор кард. Мегуфтанд, ки ӯ ба Малайзия ва сипас ба Иморот паноҳ бурдааст. Генерал Сӯҳроб Қосимов, ки ба ҷои Хӯҷа Каримов президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон шуда дуд, боре қисса кард, ки зимни як сафараш ба Малайзия барои ширкат дар ҷаласоти Конфедератсияи футболи Осиё, дар меҳмонхонае дар Куала-Лумпур бо Хӯҷа рӯбарӯ зад, вале Хӯҷа, ба гуфтаи Сӯҳроб Қосимов, аз суҳбат бо вай канора ҷуста, зуд меҳмонхонаро тарк кард.

Хӯҷа Каримовро баъди тақрибан 20 соли фирораш аз Тоҷикистон  рӯзи 30 июли соли 2019  дар Дубай дастгир карда, моҳи феврали соли 2020 аз Иморот ба Душанбе оварданд.  9 феврали соли 2021 Додгоҳи олӣ ӯро ба 14 соли зиндон ва Рустам Ҷабборов, мулаққаб ба Рустам Командир, яке аз ёрони наздикашро ба 13 солу 6 моҳи зиндон маҳкум кард. Моҳи феврали соли 2022 Додгоҳи олӣ ҳукми Хӯҷаро ба 21 сол  расонд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button