ВидеоҶомеа

РӮЗИ СИЁҲИ МАҚСУДА: ПИСАРИ ДУСОЛААШРО 40 ҲАЗОР СОМОНӢ НАРХ КАРДА, ФУРӮХТАНӢ БУД… (ВИДЕО)

Маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон дар нашри навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД” аз ошкор шудани боз як ҳолати кӯдакфурӯшӣ хабар дод. Мақсуда Юсупова, як зани 27-сола аз ҷамоати Зарҳалол дар канори шаҳри Истаравшан ба он гумонбар мешавад, ки мехостааст писари дусолаашро бо нархи 40 ҳазор сомонӣ ба як сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов бифурӯшад. Вале кормандони милитсияи ин ноҳия, ки ҷараёни ин савдои кӯдакро аз аввал таҳти назорат доштанд, ҷавонзанро баъди аз “харидор” гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пешпардохт дар бозори “Ашроф” дар маркази ноҳияи Ҷаббор Расулов дастгир кардаанд.

Гуфта мешавад, Мақсуда Юсупова бо як сокини ноҳияи Ҷ.Расулов шартномаи шифоҳӣ баста, гуфтааст, ки тайёр аст, писарчаи дусолаашро дар ивази 40 ҳазор сомонӣ ба вай бифурӯшад.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузоришаш гуфт, кормандони милитсияи ноҳияи Расулов аз пеш дар бораи тайёрӣ ба як ҳолати фурӯши кӯдак маълумоти фаврӣ гирифта, барои пешгирӣ аз он як силсила чорабиниҳоро ба роҳ андохта, дар натиҷа, рӯзи 15 августи соли 2022, бо ташкили “шароити идорашавандаи оперативӣ” Мақсуда Юсуповаро дар бозори “Ашроф” баъди аз “харидор” гирифтани 10 ҳазор сомонӣ пешпардохт дастгир карданд.

Мақсуда Юсупова дар ин гузориш гуфт, ки аз ночорӣ даст ба фурӯши фарзандаш задааст:

  • Барои чӣ ба хона-интернат насупоридеду фурӯхтед шумо?
  • Интернатро як бор дода будам. Боз дилам нашуд, гирифта будам…

Акбар Шарифӣ мегӯяд, агар дар гузашта дар Тоҷикистон аксаран занҳои сабукпо фарзандони аз алоқаҳои беникоҳ таваллудкардаашонро ба фурӯш мегузоштанд, то ки аз шармандагӣ ва бадномӣ халос шаванд, намунаи Мақсуда Юсупова комилан фарқ мекунад.  Зеро ӯ фарзанди ҳалоли худро ба фурӯш заданӣ шудааст.

Ин кӯдак фарзанди сеюми Мақсуда Юсупова будааст. Шавҳараш ӯро бо се фарзанд талоқ дода, дар як шароити сахт партофтааст ва Мақсуда Юсупова, бино ба эътирофи худаш, бо фурӯши як кӯдакаш мехостааст каме маблағ ба даст биорад.

Ба зидди Мақсуда Юсупова бар асоси моддаи 167 парвандаи ҷиноятӣ кушода, ӯро ба ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Моддаи 167-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон барои савдои кӯдакон ҳамчун ҷазо аз 5 то 8 соли зиндонро пешбинӣ мекунад. Дар сурати мавҷуд будани бархе ҳолатҳои вазнин ҷазо барои фурӯши одамон метавонад то ба  15 соли зиндонро ташкил бидиҳад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button