ВидеоҶомеа

МУХЛИСА ҲАМСАРИ НАВИ ШАВҲАРИ СОБИҚАШ ВА ФАРЗАНДИ ХУРДСОЛИ ӮРО ОТАШ ЗАДААСТ (ВИДЕО)

 Мухлисаи Акрам, сокини 32-солаи ҷамоати Ёрӣ дар канори шаҳри Панҷакент бо ҷурми сӯиқасд ба куштани ҳамсари нави шавҳари собиқаш ва фарзанди ноболиғи ӯ ва дидаю дониста дар зери хатар мондани ҷабрдидаҳо ба 16 солу 8 моҳи зиндон маҳкум шуд.

Акбар Шарифӣ, сухангӯи РВКД вилояти Суғд дар гузорише, ки дар шумораи навбатии барномаи телевизионии “Ахбори ВКД”  нашр шуд, гуфт, Мухлисаи Акрам моҳи марти соли 2022 аз сари девор ба ҳавлии шавҳари собиқаш даромада, ҳамсари нави шавҳараш ва фарзанди ӯро аввал латтукӯб карда, сипас дар даруни оғилхона маҳкам кардааст ва оғилхонаро оташ задааст.

ВКД мегӯяд ҷабрдидаҳо “бо сабабҳои аз иродаи айбдоршаванда вобаста набуда”  аз марги ногузир наҷот ёфтаанд.

Муаллифи гузориш гуфт, шавҳараш аз Мухлисаи Акрам баъди 10 соли зиндагии муштарак моҳи августи соли 2020 ҷудо  шуда, аз нав издивоҷ кард ва соҳиби фарзанд шуд, вале Мухлисаи Акрам  ба ҳаёти шавҳари собиқаш ва оилаи нави ӯ ҳамчунон дахолат мекард ва дар ниҳоят даст ба ҷинояти вазнин зад.

Худи ин ҷавонзан дар гузориш ба таври муфассал ҳаракатҳои дар он рӯз анҷомдодааш, ҳатто чӣ гуна аз сари девор парида, вориди ҳавлӣ шуданашро нишон медод.

“Ҳамту ба даруни халта андохтаму ба даруни оғил мондаму бо лагат задаму партофтам”,  – нақл кард ӯ дар гузориш лаҳзаи асосии он ҷинояти гӯшношунидро.

Нисбат ба Мухлисаи Акрам бар асоси қисми якуми моддаи 127 бо иттиҳоми дар хатар монондан ва моддаҳои 32, қисми 3 –  104, қисми 2 бо иттиҳоми сӯиқасд ба куштори ду нафар, аз ҷумла кӯдаки ноболиғ парвандаи ҷиноятӣ кушода буданд. Додгоҳи вилояти Суғд дар як мурофиаи сайёр, ки дар шуъбаи милитсияи шаҳри Панҷакент доир шуд, Мухлисаи Акрамро дар ин ҷиноятҳо гунаҳкор шинохт ва ба 16 солу 8 моҳи зиндони низомаш умумӣ маҳкум кард.

Ҳукми худро Мухлисаи Акрам дар маҳбаси шаҳри Норак, ягона маҳбаси занона дар Тоҷикистон адо хоҳад кард.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button