ВидеоМуҳоҷирон

ЗАНОЗАНИИ БАЙНИ МУҲОҶИРОНИ ТОҶИК ДАР КАНОРИ ШАҲРИ МАСКАВ

Дар ҷараёни муноқишаи гуруҳӣ байни муҳоҷирон дар шаҳраки Измайлово  дар канори шаҳри Маскав ду нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар хадамоти матбуоти пулиси вилояти Маскав рӯзи 24 августи соли 2022 ба хабаргузории русии ТАСС  гуфтанд, ки ин муноқиша рӯзи 22 август рух дода, дар он беш аз 10 тан аз зодагони Тоҷикистон иштирок кардаанд.

“То ин соат муайян карда шудааст, ки дар яке аз қаҳвахонаҳои воқеъ дар шаҳраки Измайлово байни гуруҳи шаҳрвандон муноқишаи забонӣ сар шудааст ва сипас онҳо ба кӯча баромада, занозанӣ кардаанд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, ду марди солҳои таваллудашон 1993 ва 11989 ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардошта, ба бемористон интиқол дода шудаанд”,  – хабар додааст ҳамсуҳбати ТАСС.

Дар пулиси вилояти Маскав гуфтаанд, ки ба шуъбаи пулис як ҷавони 19-солаи зодаи Осиёи Миёнаро, ки қаблан ҳам суд шуда буд, оварда, нисбат ба вай бар асоси моддаи 18.8 Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия бо иттиҳоми вайрон кардани қоидаҳои будубош дар Русия протоколи маъмурӣ тартиб додаанд.

“Дар ҳоли ҳозир, барои муайян ва боздошт кардани иштирокчиёни дигари муноқиша маҷмӯи чорабиниҳо ба роҳ андохта шудаанд”, –  афзудаанд дар пулиси вилояти Маскав.

Шаҳраки Измайлово(собиқ Губтсово, Троитское) дар канораҳои ҷанубии шаҳри Маскав, тақрибан 700 метр дуртар аз МКАД, дар соҳили кӯли Булатниково ҷойгир шудааст ва ба ҷамоати Булатниковскоеи ноҳияи Ленин (собиқ совхози ба номи Ленина) дохил мешавад. Дар Измайлово тақрибан 1400 нафар ба сар мебаранд.

Мавридҳои афзояндаи занозаниҳо байни муҳоҷирон мояи нигаронии ҷиддии мақомоти Русия шудааст. Моҳи августи соли 2021 дар пайи як силсила занозаниҳои байни муҳоҷирон дар минтақаҳои гуногуни Русия, ВКД ин кишвар ҳушдор дод, ки аз ин ба баъд муҳоҷиронро барои дағалона вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ, аз ҷумла барои иштирок дар занозаниҳо бераҳмона ба кишварҳои зодгоҳашон ихроҷ карда, аз ҳаққи убури марзи Русия маҳрум мекунанд.

Моҳи декабри соли 2021 ВКД Русия хабар дод, ки алакай беш аз 400 муҳоҷирро маҳз барои иштирок дар занозаниҳои оммавӣ ихроҷ кардаанд. Аксари онҳоро ба муҳлати то 40 сол аз ҳаққи убури марзҳои Русия маҳрум карданд.

Ҳамчунин, моҳи марти соли ҷорӣ дар пайи як занозании гуруҳӣ дар сохтмони корхонаи коркарди гази Амур дар шаҳри Амурск 82 коргари қирғиз ва 54 коргари тоҷикро аз кор ронданд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button