ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

СЕ САДАМАИ МАРГОВАР ДАР ДУШАНБЕ, ВАРЗОБ ВА СЕБИСТОНИ ДАНҒАРА

Шоми 22-юми август, соати 20:30 бар асари бархӯрди ду мошини “Мерседес” ва “Опел Астра” дар кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе ронандаи “Опел” ҷон бохта, ронандаи “Мерседес” захмӣ шудааст.

Шаби 22-юми август, соати 22:00,  як сокини 50солаи ноҳияи Варзоб дар зери мошини тамғаи “Варио” монда, бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш, дар беморхона ҷон додааст.

Рӯзи 23-юми август, соати 13:30, бар асари бархӯрди ду мошини “Опел Зефира” ва “Опел Астра” дар ҳудуди ҷамоати Себистони ноҳияи Данғара ронандаи “Опел Астра” дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони “Опел” ҷароҳат бардоштаанд.

Аз навори хабарҳои рӯзи 25 августи маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон

Рух додани се садамаи нақлиётии марговар

eee5b88dd7edd7cd96c5c5dfce2cef74

22-юми августи соли 2022, тахминан соати 20:35-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс», Аюбов Дилшод Баҳруллоевич, соли тавалудаш 2000, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи Рӯдакии пойтахт ба автомашинаи тамғаи «Опел Астра», таҳти идораи Пиров Мустафо Тешаевич, соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи «Мерседес Бенс» Аюбов Д.Б., ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Астра» Пиров М.Т. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
22-юми августи соли 2022, тахминан соати 22:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Варио», Розиқзода Тӯйхони Розиқ, соли таваллудаш 1990, сокини ноҳияи Мастчоҳ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти вилояти Суғд дар роҳи мошингарди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Шарифов Зоир, соли таваллудаш 1972, сокини ноҳияи Варзобро пахш намудааст.
Дар натиҷа, пиёдагард Шарифов З. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.
23-юми августи соли 2022, тахминан соати 13:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира”, Сафаров Сироҷиддин Одинахонович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Кӯлоб”, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Себистон, бехатарии ҳаракати роҳро риоя накарда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” таҳти идораи Раҳматуллоев Тағаймурод Умарович, соли таваллудаш 1971, сокини ноҳияи Балҷувон, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Раҳматуллоев Т.У. дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони дохили автомашинаи мазкур Қурбонов Файзиддин Сафаралиевич, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Балҷувон ва Набиева Сабоҳат Маҳмадалиевна, соли таваллудаш 1989, сокини ноҳияи Данғара, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
Аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button