АфғонистонВидеоМинтақа ва ҷаҳон

РАСОНАҲОИ РУСИЯ: ТОЛИБОН ТЕХНИКАИ ҶАНГИАШРО БА МАРЗИ ТОҶИКИСТОН ИНТИҚОЛ МЕДИҲАД

Расонаҳои русии Авиа.Про ва Военное дело  рӯзи 25 августи соли 2022 хабар доданд, ки ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон, ки як сол пеш ҳукуматро дар Афғонистон ба даст оварданд, нирӯҳои худро ба марзи Тоҷикистон интиқол дода истодаанд. Ин хабар билофосила баъди изҳороти вазири мудофиаи русия Сергей Шойгу аст, ки дар нишасти вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай дар Тошканд гуфт, Русия бо дарназардошти вазъи Афғонистон омодагии ҷангии пойгоҳҳои ҳарбиашро дар Тоҷикистону Қирғизистон тақвият медиҳад.

Сомонаи Авиа.Про хабар додааст, ки тонкҳо ва дигар техникаи ҷангии Толибонро дар ҳоли ҳаракат ба сӯи марзи Тоҷикистон мушоҳида кардаанд.

 “Сухан дар бораи ҷобаҷокунии гуруҳи бузурги террористон дар фосила нисбатан наздик аз хатти марз бо ин кишвар меравад, ки метавонад аломати омодагии террористҳо барои ҳамла ба Тоҷикистон бошад” – таъкид шудааст дар мақолаи ин нашрия.

Авиа.Про ёдовар шуудааст, ки ахиран фармондеҳони Толибон дигарбора ба Тоҷикистон таҳдиди ҳамла карда буданд. Ин дар ҳоле буд, ки Тоҷикистон ба Толибон баргардондани чархболу ҳавопаймоҳоеро, ки як сол пеш халабонҳои афғон қабл аз сари қудрат омадани Толибон аз Афғонистон ба кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла ба Тоҷикистон гурезонда буданд, рад кард.

“Таҳдид, тавре ба назар мерасад, таҳдиди хеле воқеист, чунки агар қаблан дар марз бо Тоҷикистон таҷаммӯи танҳо нирӯҳои сершумори ҷангҷӯён мушоҳида мешуд, интиқоли кунунии техникаи ҷангӣ дигарбора баёнгари он аст, ки толибҳо ба ҳамла таёрӣ дида истодаанд”, – менависад Авиа.Про.

Сомонаи Военное дело инро ба рад шудани талаби Толибон дар мавриди баргардондани чархболу ҳавопаймоҳои ба Тоҷикистон гурезондашуда рабт додааст, навиштааст, “интиқоли нирӯҳои заминӣ ва техникаи зиреҳпӯши Толибон ба марзи Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки фармондеҳони Толибон ахиран ба ин кишвари ҳамсоя таҳдиди ҳамла карда буданд”.

 Намояндагони Тоҷикистон ва Толибон ҳанӯз ин хабарро расман шарҳ надодаанд. Вале чанде пеш як фармондеҳи аршади Толибон дар вилояти бо Тоҷикистон ҳамсояи Тахор ба мақомоти Тоҷикистон ҳушдор додааст, ки агар даст аз мудохила дар умури Афғонистон набардорад, нирӯҳои ин ҳаракати тундрав қодиранд, дар байни як ҳафта Тоҷикистонро тасарруф кунанд. Аз он пеш як намояндаи дигари Толибон таҳдид карда буд, ки “агар ҷомиаи ҷаҳонӣ иҷозат бидиҳад, барояшон барои ишғоли Тоҷикистон ҳамагӣ 24 соат кофист”.

Тоҷикистон аз байни кишварҳои ҳамсояи Афғонистон ягона кишварест, ки режими нави Толибонро қатъиян қабул накард ва бо пуштибонии ошкор аз Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба раҳбарии Аҳмади Масъуд, фарзанди Аҳмадшоҳи Масъуди шуҳратёр аз Толибон талаб кард, ки дар ҳукумати худ ба тоҷикони Афғонистон ҷойгоҳи шоиста бидиҳанд.

Ахиран вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу гуфт,  бо дарназардошти вазъ дар Афғонистон, аз ҷумла дар марзҳои он кишвар бо Осиёи Марказӣ, пойгоҳҳои Русия дар Тоҷикистону Қирғизистонро аз лиҳози сатҳи омодагии ҷангӣ тақвият медиҳанд.

Тоҷикистон, ки бо Афғонистон 1425 километр марзи мустақим дорад, узви ОДКБ аст. Тибқи ойинномаи ин эътилофи амниятии зери нуфузи Маскав, дар сурати ҳамла ба яке аз кишварҳои узв дигар аъзои ОДКБ бояд ба кумакаш расида, ба душман якҷоя муқовимат нишон диҳанд.

Шойгу дар нишасти вазирони дифои Созмони Шанхай дар Тошканд фаъол шудани созмонҳои байналмилалии террористӣ, аз ҷумла ДОИШ ва Ал-Қоида дар Афғонистонро чолиши ҷиддӣ ба амнияти Осиёи Марказӣ номид ва гуфт, дар ҳоли ҳозир дар Афғонистон дар пасманзари бад шудани вазъи иҷтимоию иқтисодӣ идеологияи тундгароии мазҳабӣ қувват мегирад.

Шойгу гуфт, Русия аз ҳар навъ талошҳо барои ҳалли вазъи Афғонистон истиқбол мекунад, вале дар айни замон, барои таъмини амният дар Осиёи Марказӣ низ чораҳо меандешад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button