АфғонистонВидеоҲуқуқи инсон

ДАЪВАТИ СОЗМОНИ МИЛАЛ: ТОҶИКИСТОН БОЯД ИХРОҶИ ГУРЕЗАҲОИ АФҒОНРО БАС КУНАД!

Идораи паноҳандагони Созмони Милали Муттаҳид (UNCHR), рӯзи 25 августи соли 2022 дар як изҳорот аз идомаи боздоштҳо ва депортатсияи паноҳҷӯёни афғон дар Тоҷикистон изҳори нигаронии ҷиддӣ кард ва бори дигар ҳушдор дод, ки бар хилофи иродаои онҳо ба бозгашт ба кишварашон маҷбур кардани афроде, ки аз тарси таъқиб фирор кардаанд, ғайриқонунист ва ҳаёти онҳоро зери хатар мегузорад.

Бино ба иттилои Идораи паноҳандагони Созмони Милал, бар хилофи даъвати ин идора ба қатъи ихроҷҳо мақомоти Тоҷикистон дар мавриди охирин рӯзи сешанбе, 23 августи соли 2022 боз ҳудудан 5 шаҳрванди Афғонистон, аз ҷумла се кӯдакро ҳамроҳи модарашон таассути гузаргоҳи Панҷи поён дар ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистон баргардондаанд.

Элизабет Тан, мудири Идораи паноҳандагони Созмони Милал дар умури ҳимояти байналмилалӣ дар шарҳи ин ихроҷҳо гуфт: “Тоҷикистон бояд боздошту ихроҷи паноҳҷӯёнро қатъ кунад, чунки ин ҳаёти онҳоро зери хатар мегузорад. Маҷбуран баргардондани гурезаҳо хилофи қонун ва хилофи асли ихроҷ накардан аст, ки нуқтаи меҳварии ҳуқуқи байналмилалӣ дар бобати гурезаҳо дониста мешавад”.

Дар изҳорот гуфта мешавад, ки  Идораи паноҳандагони Созмони Милал  аз соли 2021 мавридҳои фаровони боздошти паноҳҷӯён, маҷбуран баргардондан ё ба қаламрави Тоҷикистон роҳ надодани афродеро, ки ба ҳимояти байналмилалӣ эҳтиёҷ доранд, сабт кардааст. Ин дар ҳолест, ки Идораи паноҳандагони Созмони Милал моҳи августи соли 2021 билофосила баъди қудратро дар Афғонистон ба даст овардани ҷангҷӯёни ҳаракати тундрави Толибон тавсияи умумиҷаҳониеро нашр кард, ки ба манъи маҷбуран ба Ватанашон баргардондани паноҳҷӯёни афғон даъват мекунад. Ин тавсияи саросарӣ моҳи феврали соли 2022 дигарбора тамдид карда шуд.

Ба ақидаи Идораи паноҳандагони Созмони Милал, паноҳҷӯёни афғон, ки дар ҷустуҷӯи макони амн мебошанд, бояд ба ҳимоят ва раванди одилона ва муассири дарёфти паноҳгоҳ дар Тоҷикистон дастрасӣ дошта бошанд. Маҷбуран баргардондани паноҳҷӯён онҳоро дар Афғонистон ба хатари таъқиб рӯбарӯ мекунад ва ин ба сари худ нақзи ҷиддии ҳуқуқи байналмилалист, гуфта мешавад дар изҳорот.

Элизабет Тан мегӯяд: “Мо доим аз мақомоти Тоҷикистон даъват мекунем, ки ба онҳое, ки аз ҷангу таъқиб дар Афғонистон фирор мекунанд, иҷозати вуруд ба қаламрави худро бидиҳанд ва ҳар навъ ихроҷи онҳоро дар оянда бас кунанд”.

Идораи паноҳандагони Созмони Милал  гуфт, ҳамчунон нигарони хатари поймол кардани ҳуқуқи инсон нисбат ба мардуми мулкӣ дар Афғонистон, аз ҷумла нисбат ба занону духтарон боқӣ мемонад.

Паноҳҷӯёни афғон маъмулан аз қаламрави Тоҷикистон барои расидан ба кишварҳои ободтари дунё ҳамчун аз як нуқтаи транзитӣ истифода мебаранд. Дар як соли охир ҳудуди 4 ҳазор паноҳҷӯи афғон аз Тоҷикистон ба кишварҳои дигари дунё интиқол дода шудаанд. Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 10 ҳазор паноҳҷӯ аз Афғонистон ба сар мебаранд.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button