ВидеоХабарҳои кӯтоҳ

БОЗДОШТИ ДУ ҶАВОНЗАН ДАР ДУШАНБЕ БАРОИ БА ДИГАРОН ФУРӮХТАНИ ХОНАҲОИ МАРДУМ

ВКД Тоҷикистон рӯзи 25 августи соли 2022 аз боздошти ду ҷавонзан дар Душанбе бо иттиҳоми қаллобӣ бо хонаҳои мардум хабар дод. Гуфта мешавад, ин ду зани яке 32 ва дуюмӣ 28сола дастикам дар ду мавриди хонаҳои ба иҷора гирифтаашонро ба таври қалбакӣ ба номи худ ҳуҷҷат карда, ба дигарон фурӯхтаанд. Як хонаро дар кӯчаи Зарафшон ин ду ҷавонзан ба нархи 220 ҳазор сомонӣ ва як хонаи дигарро дар кӯчаи Соҳилӣ 140 ҳазор сомонӣ фурӯхтаанд.

Аз ҷумла ба ШВКД-1 дар ноӽияи Фирдавсӣ бо ариза марди 35-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки шахсони номаълум бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, хонаи истиқоматиаш, воқеъ дар кӯчаи Зарафшони шаҳри Душанберо ба иҷора гирифта, ғайриқонунӣ ҳуҷҷатҳои қалбакӣ намуда, ба маблағи 220 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда фурӯхтаанд.
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 72-сола ва ду зани 32 ва 28-солаи сокинони шаҳри Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Ҳамзамон ба ШВКД-и мазкур бо ариза марди 28-солаи сокини пойтахт муроҷиат намудааст, ки “Муҳайё” ном шахс бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанберо ба маблағи 170 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда, хонаро ба дигар нафар ба маблағи 140 ҳазор сомонӣ ғайриқонунӣ фурӯхтааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниӽои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ занони 32 ва 28-солаи дар боло зикргардида ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷиноятӣ қаллобӣ дастгир карда шуданд.
Оид ба ин ҳолатҳо тафтишот идома дорад.

Агар Шумо шоҳиди ҳодисаи ҷолибе шудед, видео ва акс бигиред ва бо ин шумора ба “Бомдод” фиристед. Шумораи мо (WhatsApp, Viber, IMO, Telegram): +420 777 404 854

Назари Шумо чист?

Шарҳҳое, ки дар он таҳқиру дашном ва ё иттилооти дурӯғ бошад, нашр карда намешаванд!

Back to top button